logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

МУАММОИ  «ПАРЧАМ»
1. Яке аз намодҳои давлатдорӣ. 2. Муродифи вожаи давлат. 3. Намое, ки дар байрақи Тоҷикистон ҷой гирифтааст. 4. Ид, тантана. 5. Муқаддасоти  миллӣ. 6. Ҳаммаънои нанг. 7. Теъдоди он дар Парчами давлатӣ 7 - то мебошад. 8. Муродифи калимаи ситора. 9. Дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ. 10. Миллат. 11. Махзани дониш. 12. Факт, далел. 13. Ғизои асосии инсон. 14. Фатҳу кушоиш. 15. Як навъ либоси миллӣ.  16. Дастоварди миллати тоҷик.
17. Шаҳр дар Тоҷикистон. 18. Кабир, бузург.
19. Сурх, сафед, сабз. 20. Рустание, ки дар Нишони давлатӣ ҷойгир аст. 21. Шахси ба дил наздик. 22. Символ ба забони тоҷикӣ. 23. Таҳиягари Парчами давлатӣ. 24. Шакли танҳои калимаи  иртибот. 25. Яке аз давлатҳои ИДМ. 26. Иди миллӣ. 27. Яке аз нишонаҳои миллат. 28. Номи  амири Бухоро.
Мураттиб Ҳ. АНУШЕРВОН, сокини шаҳри Ҳисор

ҶАВОБ БА МУАММОИ «ПРЕЗИДЕНТ» АЗ 13 НОЯБРИ СОЛИ 2020
1. Набиев, 2. Ваҳдат, 3. Тоҷик, 4. Конститутсия,
5. Якдилӣ, 6. Истиқлолият, 7. «Тоҷикон», 8. Нишон, 9. Неъматов, 10. Ваҳдат, 11. Тоҷикистон, 12. Нур,
13. Радио, 14. Об, 15. Ботин, 16. Ниёгон, 17. Нусрат, 18. Ташкилот, 19. Табиат, 20. Тоҳир 21. Раҳмон
22. Норак, 23. Кова.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ТОҶИКИСТОН. ҶИЛОИ ПАРЧАМ ДАР БИНОҲОИ ОСМОНБӮСИ ЧИН
Дар шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин ду бинои осмонбӯсеро дидан мумкин аст, ки саропои онҳоро намоакси Парчами давлатии Тоҷикистон равшан мекунад.
Бо баробари фаро расидани шом, биноҳо бо намои дирафши мо равшан мешаванд ва сайёҳону меҳмонони бешуморро дар гирди худ ҷамъ меоваранд. Ин муаррифии аҷиб бо баробари бародаршаҳр гаштани Душанбеву Синдао аз соли 2018 оғоз ёфта, то ҳол идома дорад. Ин шаҳр неругоҳҳои барқи обӣ, шамолӣ ва офтобӣ дошта, аз энергияи электрикӣ хеле бой аст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ФИЛИППИН
ПРЕЗИДЕНТ РОЗӢ ШУД, КИ ПОРАХӮРОНРО ПАРОНАНД…
Родриго Дутерте, Президенти Филиппин, ба шаҳрвандони кишвараш иҷозат додааст, ки мансабдорони ришваситонро лату кӯб кунанд, ё онҳоро парронанд, - навиштааст нашрияи Manila Bulletin.
- Агар шумо андоз, боҷ, боҷи гумрукӣ ва амсоли инҳоро супоред ва мансабдорони аблаҳ боз ришва талаб кунанд, занед онҳоро. Агар силоҳ дошта бошед, парронед, аммо накушед, зеро дар акси ҳол афв нахоҳед шуд, - гуфтааст Дутерте.
Бино ба шарҳи расонаҳо мизони баланди ҳолатҳои коррупсионӣ дар Филиппин Президентро ба чунин изҳороти тунд водор кардааст.
Аз руси тарҷумаи М. МИРЗОЁН


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Дар он бегоҳие, ки мо гуфтем, пас аз намози аср, аз тарафи растаи таги дарвоза ба ин паскӯча  кампире дар даст асо, бо қади хамида ва пайкари ларзон, оҳиста-оҳиста қадам гузошта, ворид шуд. Мӯйҳои сафеди ӯро сарбанде аз шоли куҳнаи сиёҳе пинҳон мекард, фаранҷии рангпарида ва садямоқи ӯ, ки аз сараш партофта шуда буд, фақат расмиятро нигоҳ медошт, дигар рӯи калон ва пажмурдаи  ӯ, манаҳи хамгашта, чашмони камнур ва абрувони сафеди овезоншудаи ӯро пинҳон намекард.
* * *
Сурудам – ҳофизи рози дили ман,
Аниси булбуловози дили ман.
Уқоби тезпарвози дили ман,
Адиби нуктапардози дили ман.

ҶАВОБ БА РУБРИКА «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 13 НОЯБРИ СОЛИ 2020
Ҷумъа Одина, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ҚИМАТИ ДАНДОНИ  ҶОН ЛЕННОН
Мусиқанавози рок, ҳофиз, шоир, рассому нависанда ва ниҳоят яке аз фаъолони асри XX Ҷон Леннон буд. Ӯ боре назди духтур рафта, дандон  меканад. Аҷибаш он аст, ки духтур аз шавқи зиёд ба ин фаъоли даврони худ дошта, ин дандони чеҳраи шинохтаро ҳифз мекунад. Тааҷҷубовар аст, ки баъд аз як аср онро дар Omega Auctions ба фурӯш бароварданд. Дандони Ҷон Леннонро бо арзиши 31 200 доллари ИМА дандонпизишк - таҷрибаомӯз, бошандаи Канада Майкл Зук барои намоиши кориаш харид.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ЧИН
Чин дар қатори кишварҳое, ки дарозтарин шабакаи роҳ доранд, шартан дар ҷои сеюм қарор дорад, зеро суръати сохтмони роҳҳо дар ин кишвар хеле баланд аст. Аз ин лиҳоз, эҳтимол дорад, ки, алъон, аз рӯи дарозии роҳҳо аз Ҳиндустон пеш гузаштааст.
Ҳоло, тибқи маълумоти расмӣ, дарозии роҳҳои Чин 4 миллиону 859 ҳазор километрро ташкил медиҳад.
Соли 1949 дар Чин роҳҳои барои нақлиёти автомобилӣ мувофиқ ҳамагӣ 80 ҳазор километр буданд. Аммо пас аз се сол дарозии роҳҳо ду баробар афзуда, 126 ҳазор километрро ташкил дод. Аз ҳамон вақт то соли 1978 хитоиҳо дар як сол ба ҳисоби миёна 30 ҳазор километр роҳи мошингард месохтанд.
Таҳияи Комрон САФАР


СУВОРОВ
Ҳангоми амалиёти ҷангӣ бар зидди Швейтсария иттифоқчиёни Русия – қӯшунҳои австрягӣ бо ҳар баҳона аз иҷрои уҳдадориҳои худ саркашӣ карда, тамоми вазниниро бар дӯши аскарони рус вомегузоштанд. Вале ҳамин ки  ғалаба ба даст омад, аввалин шуда пешниҳод намуданд, ки бояд медали махсус таъсис дода, ба ҷанговарони фидоияшон ҳамчун хотира тақдим кунанд. Сарфармондеҳи амалиёт генерал - фелдмаршал Александр Василйевич Суворов аз ташаббуси иттифоқчиён огоҳ шуда, чунин амр медиҳад:
- Майлаш, медал созанд. Вале бигзор дар як тарафаш герби Русия бо навиштаҷоти «Худо бо мост!» ва дар тарафи дигараш герби Австрия бо навиштаҷоти «Худо бо русҳост!» ҳатман ҳаккокӣ шавад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


Аблаҳ касест, ки ҳеҷ гоҳ андешаашро дигар намекунад. 
Уинстон Черчилл
* * *
Инсонҳои тавонову тануманд ҳамеша хоксоранд.
Лев Толстой
* * *
Агар дӯстӣ ба охир расад, пас он вуҷуд надоштааст.
Марк Твен
* * *
Вақти қимати хешро бо касоне, ки ба қадратон намерасанд, сарф макунед.
Габриэл Гарсиа Маркес
* * *
На аз хароҷоти зиёд, балки аз даромади кам бояд тарсид.
Ҳенри Форд
Таҳияи  Руқия ҚУРБОНОВА


ЧИПТАИ ТИЛЛОӢ
10 ҲАЗОР САФАРИ РОЙГОН ВА 3 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҶУБРОН
Соли 1987 шаҳрванди ИМА Стив Вортштейн аз ширкати ҳавопаймоии «American Airlines» ба маблағи 250 000 доллар чиптаи тиллоӣ харид. Он ба Стив имкон медод, ки то лаҳзаи фавт ба таври ройгон танҳо ва ё бо дӯстонаш аз хизматрасонии ҳавопаймоҳои «American Airlines» ва Аврупо истифода намояд.
То соли 2008, тақрибан 21 сол,  Стив тани танҳо ва гоҳе бо ёронаш ба кишварҳои гуногуни олам 10 000 маротиба сафар кардааст. Дар натиҷа, аз ҳисоби сафарҳои ӯ ширкати «American Airlines» 21 миллион доллар зарар дид. Ба ин хотир, ширкат аввалҳои соли 2008 ғайриқонунӣ чиптаи тиллоии ӯро аз эътибор соқит кард.
Пас аз огоҳӣ ёфтан аз ин қарор, Стив ширкати «American Airlines»-ро барои поймол кардани ҳуқуқҳояш  ба суд дод. Зимни мурофиа суд бо ҳалнома ширкати «American Airlines»-ро барои бе огоҳӣ ва якҷониба аз эътибор соқит кардани чиптаи тиллоӣ, инчунин, расондани зарари маънавӣ уҳдадор намуд, ки ба Стив Вортштейн 3 миллион доллар ҷубронпулӣ дода, ҳамзамон, чиптаи тиллоии ӯро барқарор созад.
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА


ИНТИЗОРӢ
Ман интизорам... Ҳар рӯз интизорӣ мекашам. Ҳангоме ки инсон  интизорӣ мекашад, вақт оҳиста мегузарад. Вале зиндагӣ хеле зуд. Бо вуҷуди ин, ман интизор мешавам, интизор!
Ман шастсолаам. Аз ин ду соли умрам бо истодан дар толорҳои қабул сипарӣ гашт. Дую ним солро дар ошхонаҳо дар интизори хӯрок гузарондам. Ду соли дигар барои ҳуҷҷатгузорӣ ва коғазбозӣ. Ду сол дар ҷустуҷӯи такси. Се соли дигар бо ҷомандонҳо дар даст дар  меҳмонхонаҳо барои қабул нишастам. Ҳама ба вақти ман ниёз доранд. Вале ман вақти зиёд надорам. Аммо агар лозим шавад...
Ман шастсолаам. Понздаҳ соли умр интизор шудам. Бист сол хоб рафтам. Бисту панҷ сол монд. Ҳабдаҳ солаш давраи кӯдакӣ буд. Ва танҳо ҳашт солро барои худ сарф кардам. Кам. Метавонистам аз ин бештар кор кунам. Вале, муҳимтар аз ҳама, интизор шуданро омӯхтам. Босабр буданро фаҳмидам, ки чист. Аз ин рӯ, мегӯям, ки сабур бошед ва интизор шавед. Умедро аз даст надода, интизор шавед. Ҳангоми дар курсӣ нишастану онро такон додан, интизор шавед. Ба девор такя карда, интизор шавед. Интизор шавед ва дар бораи чизе фикр макунед. Ва танҳо акнун, вақте ман шаст сол дорам, ҳайронам, ки шояд ман зиёд интизор шудам? Аммо ин фикрҳоро низ тарк кунед. Ва биёед, автобусро интизор шавем...
Михаил ЖВАНЕСКИЙ,
Аз русӣ тарҷумаи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


МИЛЛИАРДДОРИ ҚАШШОҚ
Хонаи зодмандонашро рӯбучину аз ҳар гуна лашу луш тоза мекард, ки ногоҳ аз  зери тахтаи фарсудаи остона чор санги аҷибранг ёфт. Ӯ дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон омӯзгор буд, сангҳои қиматбаҳоро мешинохт. Вақте ки сангчаҳоро бо оби гарм шуст, онҳо бо рангҳои арғувонӣ ва лоҷварди осмонӣ ба дурахш омаданд. Маълум гашт, ки онҳо лаъли ҳанӯз носуфтаи Бадахшон будаанд. Муаллим шод гашт, ки аз дасти муфлисӣ наҷот ёфт. Ба гавҳаршиносе бурд. Ӯ нархи ёқути аз ҳама калони 3600 - қиротаро 1,4 миллиард доллар муайян кард. Омӯзгори хушбахт ёқутҳоро ба музояда пешниҳод намуд. Вале ҳукумати Ҳиндустон сангҳои нодирро аз фурӯш боздошт.  Ба муаллим  фаҳмонданд, ки ёқутҳо бозёфти нодир буда, ба тамоми халқи диёр мансубанду боигарии фарҳангии кишваранд, аз ин рӯ, вай метавонад онҳоро нигоҳ дорад, вале фурӯхтан манъ аст. Омӯзгор бо дили хоҳам – нахоҳам сангҳои гаронбаҳоро ба сандуқи бонке барои нигоҳ доштан гузошт. Барои онҳо як дирам ҳам нагирифт. Ӯ алҳол дар кулбаи фақиронааш ба сар мебарад. Барои пардохти хонапулӣ ва хариди ғизо фарзандонаш, ки дар Амрико муҳоҷири меҳнатианд, маблағ мефиристанд. Дар сандуқи бонк бошад 1,4 миллиард доллар ба сурати санг хоб аст.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


ҶУДИ  ГАРЛЕНД
Номи аслии  ин ҳунарманди синамо ва овозхони маъруф, зодаи иёлати   Миннесотаи ИМА, Фрэнсис Этел Гамм  мебошад.
Тӯли ҳаёти кӯтоҳ, вале пурбаракати хеш бо маҳорати волояш дили миллионҳо нафарро тасхир намудааст. Бахусус, иҷрои нақшҳои асосии занона дар филмҳои  «Сеҳргари мамлакати Оз» (1939), «Ситорае ба дунё  омад» (1954) ва «Мурофиаи Нюрнберг» (1961) шуҳрати ҷаҳонии ӯро беш аз пеш афзудаанд.
Барои фаъолияти пурмаҳсул Ҷуди  Гарленд солҳои гуногун бо ҷоизаҳои «Глобуси тиллоӣ» (соҳаи синамо), «Грэмми» (соҳаи мусиқӣ), «Тони» (соҳаи театр) мушарраф гардидааст. Соли 1999 бошад, Пажӯҳишгоҳи санъати синамои Амрико ӯро ба рӯйхати бузургтарин ҳунармандони синамои ИМА дохил намуд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


ФОТИМА – МИСС ФМР
Бо ибтикори Федератсияи муҳоҷирони Россия бори аввал дар шаҳри Москав Озмуни байналмилалии «Мисс ФМР» баргузор шуд. Дар он намояндагони кишварҳои ИДМ ширкат намуданд.
Мақсад аз озмун тавсеаи муносибатҳои фарҳангии байни халқҳо, таҳкими дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамҷаворӣ ба ҳисоб меравад. Барои дарёфти  унвони Мисс ФМР беш аз 200 бону аз Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон,  Украина, Молдова Ӯзбекистон, Туркманистон ва, ҳатто, Афғонистон ҳунарнамоӣ карданд.
Даврҳои аввал  тариқи онлайн-раъйдиҳӣ сурат гирифт ва ба марҳалаи ниҳоӣ 12 иштирокчӣ роҳ ёфт. Дар натиҷа, мувофиқи хулосаи ҳакамон зеботарин бону намояндаи Тоҷикистон Фотима Қаландарова эътироф гардид.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
КАМБАҒАЛӢ СИФАТИ АСАРРО БЕҲТАР МЕКУНАД
Аз ёддоштҳои Ҳемингуэй аст, ки нақл мекунад:
- Замоне ки шуҳратам салтанат мекард, сарвати зиёд ғун доштам. Аз ин рӯ, бе саросемагӣ романи «Он сӯи дарё дар сояи дарахт»-ро оҳиста - оҳиста навишта, тамом кардам. Вале, ғайриинтизор, баъд аз чопи асар мунаққидон онро чунон зери тозиёнаи танқид гирифтанд, ки аз шарм ба кӯча баромада наметавонистам. Ин лаҳза ба бечорагии худ нигариста, қавл додам, ки то зиндаам, дигар як сатр ҳам наменависам.  Аз байн солҳо гузаштанд. Чун дар ҷайбам як тангаи пучак ҳам намонд, ноилоҷ хома ба даст гирифта, повест навиштам. Бовар намекунед, вақте повест бо номи «Мӯйсафед ва баҳр» аз чоп баромад, ба ман Ҷоизаи Нобел доданд. Аз ҳамон вақт ба худ мегӯям: «Камбағалӣ сифати асарро беҳтар мекунад».
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


БАЛАНДТАРИН НЕРУГОҲИ ОФТОБИИ ҶАҲОН
Баробари ба итмом расидани сохтмони  неругоҳи  нави офтобӣ бо иқтидори  220 киловатт дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон он дар рӯйхати неругоҳҳои офтобии дар нуқтаи аз ҳама баландтарини ҷаҳон ҷойгиршуда қарор гирифт.
Неругоҳи нави офтобӣ натиҷаи ҳамкории муваффақи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, USAID ва ширкати «Помир энерҷи» буда, нигаҳдории гибридии энергияро бо иқтидори 180 киловатт-соат дар бар мегирад.
Боиси тазаккур аст, ки ноҳияи Мурғоб яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини дунё ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 6000 нафар, бо сабаби дар баландии 3600 метр  зистан, аз неруи барқ маҳрум буд. Неругоҳи мазкур дастрасӣ ба неруи барқро давоми рӯз то 50 дарсад зиёд мекунад. Ин на танҳо сатҳи зиндагии сокинонро баланд мебардорад, балки барои рушди иқтисоди минтақа мусоидат мекунад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Зиг Зиглар, нависандаи амрикоӣ:
- Вақте дар роҳатон монеаҳо пеш меоянд, масири худро тағйир диҳед, на қасди ба ҳадаф расиданатонро. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН


КОНСУЛ БА НАҶОТ ШИТОФТ
14 ноябри соли равон  донишҷӯдухтари 24-сола аз шаҳри Ухан ҳангоми сайругашт дар соҳили дарё, ногаҳон, пояш лағжида, ба рӯд меафтад. Ҳарчанд нафарони зиёде дар он ҷо  буданд,  касе аз онҳо ҷуръате надошт, ки ӯро халос кунад, зеро ҷараёни дарё тез буд. Ва танҳо Стивен Эллисони 61-сола, консули нави британӣ  дар Чунсини Чин, ки роҳаш аз мавзеи ҳодиса мегузашт, ин ҳолатро дида, баҳри наҷоти духтар худро зуд ба дарё партофт. Рӯди тезҷараён ва соҳилҳои пурпечу хам ба Стивен Эллисон имкон намедоданд, ки духтарро аз об барорад. Ниҳоят, гурӯҳе бо воситаҳои наҷотдиҳӣ расида, бо ёрии консули шуҷоъ духтарро аз ин варта раҳо карданд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


100 ФАКТИ ҶОЛИБ
Олимон собит намудаанд, ки майнаи инсонҳо шабона фаъолтар аст.
* * *
Баъди аз миллиард сол равшании офтоб 11 дарсад зиёд хоҳад шуд.
* * *
Нонхӯракҳо то 14 рӯз метавонанд бе сар зиндагӣ кунанд.
* * *
Россия ягона кишваре ба шумор меравад, ки дар ҳудудаш 12 баҳр ҷойгир аст.
* * *
31 дарсади қитъаи Африқоро биёбони саҳрои Кабир ташкил мекунад. 
* * *
Дар шаҳри Санкт-Петербург 2000 китобхона, 221 осорхона, 100 толори консертӣ, беш аз 80 театр, 80 клубу хонаҳои фарҳангӣ, 62 кинотеатр ва 45 галереяи расмҳо мавҷуд аст.
* * *
Инсон бе 75 дарсади ҷигар, 80 дарсади рӯда, як гурда ва, ҳатто, як шуш метавонад зиндагӣ кунад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


МУҲАММАД САЛОҲ
ОБОДОНИИ ДЕҲААШРО АЗ ТУҲФА ГИРИФТАНИ БУСТОНСАРО АВЛОТАР ДОНИСТ
 Моҳи ноябри соли 2017 тими миллии Миср оид ба футбол ба шарофати ду тӯби ба дарвозаи Конго (2:1) задаи Муҳаммад Салоҳ пирӯз шуда, роҳхати Ҷоми ҷаҳон – 2018 (Россия)-ро ба даст овард. Аз ин комёбӣ соҳибкори мисрӣ Мамдӯҳ Аббос шод шуда, ба қароре омад, ки ба Муҳаммад Салоҳ бустонсарои боҳашамат тақдим намояд. Аммо Муҳаммад  ин таклифи Аббосро рад карда, гуфт, ки агар вай мехоҳад барояш кори мақбул кунад, пас бигзор барои ободонии деҳаи Нагриг (зодгоҳи Муҳаммад Салоҳ) камари ҳиммат бандад.
Таҳияи М. БАҲРОМ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2020    №: 224    Мутолиа карданд: 752
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед