logo

туризм

САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР

Туризми экологӣ дар замони муосир яке аз соҳаҳои зуд рушдёбандаи саноати сайёҳии ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, новобаста аз пандемияи COVID-19 дар соли 2020 байни дигар навъҳои соҳа серталаботу афзалиятнок боқӣ монд. Вобаста ба пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, сайёҳии экологӣ ба 5 стратегияи асосии пешрафти сайёҳӣ то соли 2020 дохил мешавад. Гарчанд дар соли 2020 бинобар вазъи баамаломада пешрафти соҳа боздошта шуд, вале сарфи назар аз маҳдудиятҳо сайёҳии экологӣ бо назардошти бехатарии худ самти асосӣ гардид.
Шарти аввалиндараҷаи сайёҳии экологӣ, ин ташкилу гузарондани истироҳат дар табиат дар реҷаи харобнакунанда буда, ҳамзамон, ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва рушди иқтисодиёти маҳал равона шудааст. Дар шароити паҳншавии вируси нав ҳифзи саломатӣ низ дар  мадди аввал баромад. Аз ин рӯ, дар аксар кишварҳои ҷаҳон сайёҳон фаъолона барои истироҳат ба табиати кушод баромаданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки табиати зебову дилоро дорад, сайёҳии экологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа муайян шудааст. Рушди он имкон медиҳад, ки аз сайёҳии экологӣ даромади бештар ба буҷет ворид, инчунин, шуғлнокии аҳолӣ дар деҳот таъмин гардад. Барои ин дар бисёр минтақаҳои зебоманзар ва дорои табиати афсунгар,  аз қабили  баъзе аз минтақаҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои Варзобу Турсунзода, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар гӯшаю канори тамошобоби мамлакатамон меҳмонхонаҳои мувофиқ ба табиати маҳал ташкил намуда, тамоми шароитҳои будубош ва истироҳатро барои сайёҳон муҳайё созем.
Истироҳат дар табиат қувваи рӯҳӣ, ҳисси эстетикӣ, барқароршавии саломатии одамонро таъмин менамояд. Пайдоиш ва рушди сайёҳии экологӣ бо таърихи ҷудошавии ҳудудҳои табиӣ, боғҳои миллӣ, мавзеъҳои рекреатсионӣ бо коркарди  меъёрҳои истифодабарӣ ва ҳифзи онҳо алоқамандии зич дорад. Бинобар ин, ҳудудҳои табиии ҳифзшаванда бо суръати баланд таблиғ мешаванд, дар онҳо пайроҳаҳои пиёдагард, роҳ барои нақлиёти механикӣ, мавзеъҳои истироҳат, майдончаҳои назорат, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хӯрок ва алоқа, нуқтаи кирояи таҷҳизоти сайёҳӣ ташкил мешаванд. Ҳамаи ин чораҳо ба афзудани шавқ ба боғҳои милливу мамнӯъгоҳҳо ёрӣ расонда, сайёҳии экологиро ба тиҷорати даромаднок табдил дода истодааст. 
Дар ҳудуди мамлакат 5 минтақаи сайёҳӣ ҷудо шудааст. Вилоятҳои Хатлону Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва шаҳри Душанбе. Ҳар кадом минтақаи сайёҳӣ захираҳои табиӣ, таъриху фарҳанг ва иқтидори муайяни сайёҳии худро дорад, ки метавонад дар рушди соҳаҳои ҷудогона ва, умуман, дар иқтисодиёти мамлакат омили муҳим бошанд.
Ба минтақаҳои бештар омӯхташудаю азхудкардашуда метавон вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро дохил кард, зеро ин минтақаҳо барои истироҳат, муолиҷаи аҳолӣ шароитҳои хубу бештар доранд.
Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки сол ба сол инфрасохтори сайёҳӣ дар манотиқи мухталифи кишвар беҳбуд меёбад ва ин омили ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон мегардад. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти давлат маҳсуб меёбад ва дар ояндаи начандон дур Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои ҷаҳон ба яке аз давлатҳои рушдёфта аз лиҳози сайёҳӣ хоҳад гашт. Барои марҳила ба марҳила ба раванди ҷаҳонии сайёҳӣ шомил шудани кишварамон сохторҳои давлатию хусусӣ дар асоси қонунгузории амалкунанда ҳамкорӣ ва саъю кӯшиши якҷоя доранд.

Зиёдулло САЛИМОВ,
корманди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2020    №: 225    Мутолиа карданд: 5374
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед