logo

иқтисод

ДАНҒАРА. СЕМИНАРИ МУҲИМ БАРОИ ҒАЛЛАКОРОН

Дар ноҳияи Данғара бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, намояндагони бахши кишоварзӣ ва идораҳои дахлдор дар мавзӯи «Агротехникаи кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ дар заминҳои лалмии мавзеи Олимтой» семинари илмӣ - амалии минтақавӣ доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Кароматулло Саидов, сардори шуъбаи матбуоти Вазорати кишоварзӣ, иттилоъ дод.

Тавре дар ҳамоиш зикр шуд, кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодӣ буда, дар таъмини маҳсулоти истеъмолии аҳолӣ, беҳдошти муҳити зист, мелиоратсияи замин, бехатарии биологӣ ва истеҳсоли ашёи хом нақши муҳим мебозад.
Имрӯз пандемияи коронавирус  инсониятро ба тарсу ваҳм дучор намуда, ба иқтисодиёти ҷаҳон зарари ҷиддӣ мерасонад. Сарфи назар аз душвориҳои вазъи имрӯза, барои пешгирии таназзул ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани суръати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ, ҳифзи солимии аҳолии кишвар ва иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат оид ба таъмин намудани ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд кардани майдони кишти картошка, босамар истифода бурдану рӯёндани се - чор ҳосил аз замин, таъминот бо тухмии хушсифат ва сафарбар намудани кишоварзон барои дар муҳлати муносиб анҷом додани кишти тирамоҳӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бинобар ин, таъмини амнияти озуқаворӣ айни замон барои кишвар масъалаи муҳиму ҳалталаб мебошад.
Ҳадафи семинар ёрӣ ба кишоварзон дар амалисозии таъмини дастархони мардум бо маводи мавриди ниёз арзёбӣ гардид. Замон тақозо менамояд, ки аз ҳамаи имкониятҳо истифода ва кори мавсимӣ дар се баст ташкил карда шавад. Хоҷагиҳое, ки дар мавзеи Олимтой замини кишт доранд, бояд аз ҳар дақиқаю соати ҳавои мусоид истифода баранд.
Ҳамасола дар заминҳои лалмии бо намӣ таъмини мавзеи Олимтой кишти тирамоҳии ғалладона гузаронда мешавад. Майдони мавзеъ 7081 гектар буда, ба панҷ ноҳия тақсим шудааст. Дар ин мавзеъ ноҳияҳои Данғара 2164, Восеъ 386, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 144, Фархор 3813 ва Муъминобод 574 гектар замин доранд.
Ҳоло дар Олимтой беш аз 150 трактор ва 80 мошинолоти кишоварзӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Шудгор ва кишт зери назорати мутахассисони муассисаи Бозрасии давлатии назорати техникаи кишоварзӣ гузаронда, кор дар се баст ҷараён мегирад.
Дар семинар  олимони соҳа оид ба омода намудани тухмиҳои ғалладона, заҳролудкунии тухмиҳо пеш аз кишт ва талаботи стандартии сифатии тухмиҳои киштшаванда сухан гуфта, ба хоҷагидорон тавсияҳои ҷолиб доданд.

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2020    №: 225    Мутолиа карданд: 746
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед