logo

иқтисод

СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН БЕҲТАРИНАНД

Таҳия ва қабули стандартҳои байналмилалӣ, аз қабили стандартҳои кишоварзӣ ва амалисозии онҳо дар рафти парвариш, истеҳсолот ва ба  истеъмолкунанда расондани маҳсулоти кишоварзии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ ҳам барои истеҳсолгарон ва ҳам барои истеъмолкунандагон аҳамияти муҳим дорад.  Минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан  Тоҷикистон, барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаву безарар хеле мусоид мебошад. 
Чунонки Ситора Шерзода Ҷалол, муовини директори Агентии  “Тоҷикстандарт”, иброз дошт, дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» бо мақсади мусоидат ба рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ таҳияи стандартҳои кишоварзӣ идома дорад. Бо ташаббуси гурӯҳи кории техникӣ, ки дар назди агентӣ фаъолият дорад, айни замон аз рӯи стандартҳои байналмилалии Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (КАИ СММ) FFV- 25 стандарт барои пиёзи барвақтӣ, стандарти (КАИ СММ) FFV- 63 барои содирот ва назорати сифати  хурмо ва стандарти (КАИ СММ) FFV-63 барои содироти лимӯ таҳия гардида, дар сатҳи минтақавӣ қабул шудаанд.
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тавзеҳоти  стандарти «Зардолуи тару тоза», «Гелос» ва “Ангур” таҳия шуда, лоиҳаи стандартҳои  мазкур дар баррасии аъзои гурӯҳи кории минтақавӣ қарор дорад. Моҳи июни соли равон аъзои гурӯҳ тавассути  видеоконференсия  масъалаи мазкурро баррасӣ намуданд. Пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба инобат гирифтани навъҳои гуногуни зардолуе, ки дар ҷумҳурӣ парвариш карда мешавад, аз тарафи гурӯҳи корӣ дастгирӣ гардид.  Барои таҳияи лоиҳаи стандарти «Ангури тару тоза» соли ҷорӣ дар водии  Ҳисор навъҳои ангури беҳтарин интихоб шуданд.
Аъзои гурӯҳи кории минтақавӣ, инчунин, стандарти “Олуи тару тоза ва хушк”, “Харбузаи хушк” ва “Чормағз” - ро таҳия ва қабул намуданд.
 Мутахассисони агентӣ ҷиҳати роҳ кушодан ба содироти асал ба Иттиҳоди Аврупо чанд маротиба дар семинарҳо оид ба меъёрҳои Созмони ҷаҳонии савдо - «Мусоидат ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ  барои маҳсулоти кишоварзӣ тавассути низоми беҳтаргардонии бехатарии хӯрокворӣ», талабот нисбат ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла асал, дар Иттиҳоди Аврупо ва  ҳамгироии низоми менеҷменти сифати ташкилоти «Hilfswerk Austria» иштирок намуданд. Инчунин, дар шаҳри Душанбе моҳи апрели соли ҷорӣ  семинар - машварати омӯзишӣ гузаронда шуд, ки дар он занбӯрпарварон аз шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ноҳияи Варзоб иштирок доштанд. Дар он мутахассисони агентӣ доир ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии байнидавлатӣ ва байналмилалӣ нисбат ба асали табиӣ тавсияҳо доданд.
- Мутахассисони агентӣ ҳамчун аъзои гурӯҳи кории байниидоравии назди Қумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар таҳияи «Нақшаи миллӣ оид ба мониторинги маводи хӯрока, махсусан асал ва диверсификатсияи маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ширкат варзида, барои лоиҳаи нақша пешниҳодҳо ирсол намуданд, - гуфт Ситора Шерзода.
Тадбирҳои мазкур яке аз дастовардҳои муҳими мақомоти “Тоҷикстандарт” дар ҳамкорӣ бо истеҳсолгарон  ва содиркунандагони меваҳои хушки Тоҷикистон мебошад. Қабули стандартҳои нав аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, на фақат соҳибкорони мамлакат, балки соҳибкорони ҳамаи давлатҳои Осиёи Миёна аз он баҳраманд мегарданд. Ҳамчунин, қабули ин стандартҳо барои болоравии сатҳи зиндагии аҳолии минтақа мусоидат хоҳад кард. Ин тадбирҳо имкон фароҳам меоранд, ки маҳсулоти кишоварзии минтақа бе монеа ба Аврупою Амрико ва давлатҳои дигар содирот шавад.
Талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ дар замони муосир ин аст, ки ба  бозор маҳсулоти тозаву зебо ва хуштаъм ворид гардад.
Табиат ва  хоки ҳосилхез барои дар Тоҷикистон   меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза парвариш кардан имкон фароҳам овардааст. Ворид шудани  Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо барои баланд бардоштани сифати маҳсулот имкониятҳои навро боз кард. Тибқи  талаботи муқарраркардаи ин созмон, маҳсулоте, ки аз Тоҷикистон ба хориҷ  содирот мегардад, бояд сифатан ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Аз ин рӯ, бояд кишоварзон барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза, инчунин, содироти  он ба хориҷи кишвар  саъю талош варзанд ва ба намуди зоҳирии маҳсулот, хусусан бастабандӣ,  диққати махсус диҳанд. 

 Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2020    №: 225    Мутолиа карданд: 637
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед