logo

иқтисод

ДАРВОЗ. ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ БА ОХИР РАСИД, ШУДГОРИ ТИРАМОҲӢ ҶАРАЁН ДОРАД

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои  Ҳукумат масъулони вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро вазифадор менамоянд, ки   аз  ҳар ваҷаб замин самаранок истифода баранд. Ҳосили  рӯёндаро сари вақт ҷамъ оваранд, ҳамчунин, маъракаи кишт ва шудгори  тирамоҳиро  хушсифат ба анҷом расонанд. Барои дар оянда бардоштани ҳосили фаровон аз ҳоло заминаҳои устувор гузоранд.
Ба гуфти мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Нурмуҳаммад Додов, ин вазифаро кишоварзон хуб ба ҷо оварда истодаанд. Онҳо   баҳри  иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат  саъю талош варзида, аз боду  ҳавои мусоиди тирамоҳ  самаранок истифода мебаранд. Ҳоло дар хоҷагиҳои  деҳқонӣ ва хусусии деҳоти Нулванд, Қалъаихумб  ва Вишхарв  ҷамъоварии анору анҷир ба анҷом расида,   ғундоштани  ҳосили  лимӯ ҷараён дорад.
Сардори идораи кишоварзии  ноҳия фикру андешаҳои худро тақвият дода,  иброз дошт, ки дар минтақаҳои  қисми поёнии  Дарвоз, аз Яхчисору Зиғару Хостав, Ёгеду Дуробак  сар карда, то Кеврону Ҷорфу Курговад ва Пошхарв   макони  парвариши меваҳои субтропикӣ   ба шумор мераванд. Дар ин мавзеъҳо дар ҷойҳои санглоху солҳои тӯлонӣ бекорхобида анору анҷир, хурмо ва ток хеле хуб нашъунамо ёфта, ҳосили фаровон медиҳанд.  Аз ҷумла,  дар хоҷагиҳои деҳқонии «Роғак», «Наврӯз»,  «Сарҳадчӣ», «Дарвоз», ба номи Зиёратшо Воҳидов ва «Заротеғ»  ҳосили боғот дучанд шуд. Ҳар буттаи лимӯ 350 - 400 дона бор овардааст. Як нуктаро бояд зикр кард, ки меваҳои ситрусии деҳқонони ноҳияи Дарвоз дар бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳраки Қалъаихумбу шаҳри Хоруғ ва нуқтаҳои сарироҳии фурӯши маҳсулот харидорони зиёде дорад. Чунки лимӯи Дарвоз аз ҷиҳати экологӣ хеле  тоза мебошад ва ба чандин дардҳо шифо мебахшад.
Дар  хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусии деҳоти Сағирдашт тибқи иттилои раиси деҳот Саидисҳоқ Музаффаров  хоҷагиҳои деҳқонии «Сағирдашт», «Саидон», «Камчак», «Қалъаи Ҳусайн» ва «Пастироғ» ва даҳҳо хоҷагиҳои хусусӣ  ҳамасола дар майдони зиёда аз 220 гектар кишти картошка  мегузаронанд. Аҳли  деҳоти баландкӯҳ  аз таъминкунандагони  асосии  ин намуди маҳсулот дар бозори  шаҳраки Қалъаихумб ва марказҳои савдои он мебошанд. Як қисми ҳосил ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат низ  ворид мегардад. Макони  кишти  гандум, зироатҳои лӯбиёгӣ  ва  картошка даштҳои Мурғобӣ, Мазор ва  мавзеъҳои Сафедорон, Гурбадара, Пастироғу Пуштароғ, Камчак ва Лухч ба шумор мераванд. Аз рӯи гуфти мутахассисон  боду  ҳавои водии Вахё  барои  нашъунамои картошка хеле мусоид аст. Аз ин хотир,  ҳамасола  майдони кишти ин зироат  зиёд мешавад. Агар солҳои навадуми асри гузашта деҳнишинон дар  ҳудуди деҳоти Сағирдашт 120 гектар картошка  мекоштанд, ҳоло майдони ин зироат  ду баробар зиёд  гаштааст.
Соли ҷорӣ майдонҳои картошкаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусӣ серҳосиланд ва деҳқонон аз ҳар гектар 300-350 - сентнерӣ маҳсулоти хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза ба даст оварданд. Аҳли деҳот ҳосили  майдонҳои ғалла  ва  картошкаро тариқи техника пурра ҷамъ оварда,   барои  фасли баҳор омодагӣ дида, киштзоронашонро хушсифат шудгор карданд.                                                  
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР,  рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2020    №: 225    Мутолиа карданд: 508
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед