logo

паёмҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, шаҳри Душанбе, 24 ноябри соли 2020

Ҳамватанони азиз!
Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.
Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад.
Яъне Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.
Парчами давлати соҳибихтиёри мо  нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.
Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Парчам рисолат ва неруи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст.
Мо баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлати худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд.
Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи неруву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад.
Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.
Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда  истодаем.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир бунёди майдони Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.
Парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.
Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони  миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ Парчами Тоҷикистонро дар дуртарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд.
Ҷойи сарфарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавфишонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад.
Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ - ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем.
Дар ин самт зарур аст, ки илова ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, парчам ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад.
Бигзор, Парчами давлатии кишвари мо, ки далели  пойдор будани сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон аст,  бар фарози Тоҷикистон ва мардуми шарифи он то абад парафшон бошад!
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2020    №: 226    Мутолиа карданд: 8312
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед