logo

сиёсат

САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Дар доираи сафари расмӣ ба Москва мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко баргузор шуд.
Тибқи иттилои сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, дар оғоз Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко миннатдорӣ карда, муҳимияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Россия имрӯзҳо дар ҳама самтҳо муттасил рушд ёфта, робитаҳои байнипарламентӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нав мегузаранд.
Зимни музокирот як қатор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла ҷанбаи иқтисодии ҳамкориҳои дуҷониба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи доимии тарафайнро тақозо менамояд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин ҷода зарурати нуфузи бештари механизми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пешрафтаи Россия ба бахшҳои гуногуни саноати кишвар ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр, таъкид шуд.
Инчунин, масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ матраҳ гаштанд. Зимнан, зарурати аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи бахши мазкур, аз ҷумла содагардонии тартиби ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасӣ намудани имконияти «афви муҳоҷиратӣ»-и такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам миёни ду давлат, ишора гардид.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои ҳамкориҳои самаранокро дар бахши амният ва амалисозии созишномаҳоро оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ афзалиятнок шумурданд.
Ҳамзамон, ба ҳамкориҳои фарҳангию башардӯстӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, таваҷҷуҳи хосса дода шуд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, аз ҷумла Созишнома оид ба бунёди панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии забони таҳсилоташ русӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон, таъкид доштанд.
Изҳори бовар шуд, ки ин мулоқотҳо ба тавсеаи муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои калидии ҳамкорӣ такон мебахшанд. Тамоили мусбати ҳамкории мутақобила дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, башардӯстӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ - техникӣ ва дигарҳо ба назар расида,  ба ин, пеш аз ҳама, муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи сарварони давлатҳо мусоидат менамояд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо, ҷонибҳо назари некбинонаи хешро аз дурнамои ҳамкории стратегии ду кишвар таъкид карда, изҳори умед намуданд, ки боздиди Раиси Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия ба муносибатҳои бисёрсоҳаи Тоҷикистону Россия такон мебахшад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенкоро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуд.

Ш. ШОКИРОВ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2020    №: 227    Мутолиа карданд: 597
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед