logo

сиёсат

СОҲИБЭЪТИБОРӢ. САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНА

Тоҷикистон  давлати демократию ҳуқуқбунёд ва соҳибихтиёр буда,  шакли идории ҷумҳуриявӣ дорад,  ки поягузори усулҳои демократия  мебошад. Суботи кори давлатро фаъолияти босамари  ҳокимияти иҷроия таҳким мебахшад.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сарвари давлат ва кафили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти давлатиро дар тамоми сатҳҳо таъмин мекунад.
Яке аз воситаҳои чунин фаъолият паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон  мебошанд, ки аз як тараф, хеле муҳиманд (гарчанде паём ягона ҳуҷҷате нест, ки Сарвари давлат дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян мекунад) ва аз ҷониби дигар, онҳо ҷанбаи дастурию тавсиявӣ доранд ва барои амалӣ шудан дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мундариҷаи паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, маъмулан, ҳам ба мақомоти қонунгузорӣ ва ҳам ба афкори ҷамъиятӣ дар кишвар таъсири бузург дорад. Гузашта аз ин, табиати ғоявию идеологии  паём ба мо имкон медиҳад, ки амалҳои мақомотро бо  муносибатҳое, ки дар ҷаҳонбинию дарку фаҳми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  арзишҳои асосии ҷомеа ва давлату Ҳукумат мебошанд, ба ҳам пайваст кунем. Ҳарчанд андозагирӣ  кардани сатҳи ғояҳои Сарвари давлат осон нест, паёмҳо мавқеъ ва асоси нуқтаи назари Президентро дар бораи ояндаи кишвар ифода мекунанд.
Баррасӣ, омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи паёмҳо аҳамияти калон доранд. Таҳлилу омӯзиши илмии на танҳо мазмуну моҳият, балки механизми татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои стратегӣ дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, ки дар паёмҳои Президент матраҳ шудааст, заруру арзишманд аст.
Дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба шарофати  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар радифи  давлатҳои мутамаддин мақом ва нақши шоиста дорад. Самти  рушд  ва муайян шудани сиёсату нуфуз ва эътибори  давлат дар фаъолияти байналхалқӣ зуҳур ёфта, муносибат бо давлатҳо вобаста ба усулҳо  ва манфиатҳои давлат  бо шаклҳо ва шеваҳои  гуногун амалӣ мешаванд. Самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ муайян мегарданд. Дар паёмҳо Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки  асоси сиёсати хориҷии имрӯзаи кишварро сиёсати “дарҳои боз”, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳама субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтироми байниҳамӣ ва усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳад.
Воқеан, Тоҷикистон дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатӣ тавонист, ки мавқеи сиёсии худро бо барқарор  намудани муносибатҳои дуҷониба  ва чандҷониба бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мустаҳкам  намояд. Тоҷикон бо ҳифзи вижагиҳои миллӣ ва андӯхтаҳои маънавии худ ҳампо, ҳамнаво ва ҳамрадифи мардуми сайёра шуданд, набзи сиёсати хориҷии кишвар  ба набзи сиёсати имрӯзаи ҷаҳонӣ ҳамсадо гардид. Корсозиҳои хирадмандона ва дурандешонаи  сиёсии Пешвои миллат дар ҷодаи дифоъ аз манфиатҳои кишвар ва эҷоди таносубу тавозуни оқилона миёни арзишу ормонҳои миллӣ ва ниёзҳои дунёи муосир мӯҷиби афзудани эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гардид. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари соҳибэҳтирому соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта ва пазируфта шудааст. Ин дастоварди таърихиест, ки ормонҳои миллии тоҷиконро ба воқеият табдил дод.
Сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва фаъ-олияти роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба таърихи бисту нуҳ  соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ назар карда, мебинем, ки дар ин самти муҳим корҳои арзанда ба анҷом расонда, ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кишвар ва  шинохти он дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои зиёд рӯи кор омадаанд.  Дипломатияи тоҷик дар даврони истиқлолият дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ,  бартараф кардани низои дохилӣ тавассути гуфтушунид бо мухолифин, бартараф сохтани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар нақши корагар ва  муассир дошт. Тайи солҳои охир дар кишвар  ба шарофати сиёсати «дарҳои боз», муайян кардани ҳадафу вазифаҳои минбаъда дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, хусусан дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия, лоиҳаҳои зиёде амалӣ шуда, барои рушди устувори давлати мо заминаҳои мустаҳкам гузоштаанд.

Ҷумъахон АЛИМӢ,
профессори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2020    №: 228    Мутолиа карданд: 704
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед