logo

иқтисод

ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРОН.ИҚДОМИ ТАКОНБАХШ ДАР ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Соҳибкорӣ чун муҳаррики иқтисод барои пешрафту шукуфоии кишвари тозаистиқлоли мо нақши муҳим мебозад. Он пешбарандаи  ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, истеҳсолоти дохилӣ мебошад.

Ба ин хотир, Ҳукумати кишвар дастгирии давлатии соҳибкоронро дар меҳвари сиёсати иқтисодӣ қарор додааст. Танҳо дар доираи Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012 – 2020 ба ин самт аз ҷониби давлат ба андозаи 40 миллиард сомонӣ имтиёзҳо равона шудаанд.
Ба гуфтаи Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 49 дарсади соли 2012 соли равон ба 70 дарсад расидааст, ки аз рушди соҳибкорӣ дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Ҳоло таъминоти шуғли аҳолӣ 70 дарсад ва даромади буҷети давлатӣ 80 дарсад ба бахши хусусӣ рост меояд.
- Баробари роҳандозӣ гардидани барномаи давлатӣ тайи ин муддат дар самти дастгирии соҳибкорон 4 маротиба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ доир шуда, мушкилоти мавҷуда баррасӣ ва доир ба ҳалли онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дидору гуфтугӯи бевосита бо соҳибкорони ватанӣ боиси ҳавасмандии бештари онҳо ба тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ шуда, ҳамзамон, рӯҳияи ватандӯстии онҳоро баланд бардошт. Ҳамчунин, 20 ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо иштироки якҷояи бахши хусусӣ ва сохторҳои давлатӣ баргузор шуд.
Дар маҷмӯъ, дар кишвари мо барои фаъолияти соҳибкорӣ 109 номгӯи имтиёзу сабукиҳо муайян гардидааст, ки 92 адади онҳо фискалӣ (молиявӣ)  ва 17 – тои дигар ғайрифискалист.  Ҳамчунин, соҳибкорон тариқи бонку ташкилотҳои қарзии кишвар ба андозаи 15 миллиард сомонӣ қарзҳои молиявӣ дастрас намуданд. Шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 то 26 адад кам карда шуд. Барои боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва ба ин васила рушду нумӯ бахшидани иқтисоди мамлакат ҳоло таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав идома дорад, - гуфт Фаррух Ҳамрализода.
Илова ба ин, Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми нави давлату Ҳукумати кишвар – то 100 миллиард сомонӣ равона намудани маблағ ҷиҳати тақвият бахшидани дастгирии молиявии соҳибкорон дар солҳои оянда  мужда доданд:
«Мо тасмим дорем, ки ислоҳотро дар самти таъмин намудани рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома бахшида, ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро минбаъд низ ҳаматарафа дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунем ва низоми маъмурикунонии андозро такмил диҳем.
Аз ҷониби низоми бонкии кишвар барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳафт соли оянда беш аз 100 миллиард сомонӣ қарз ҷудо карда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт соли гузашта яку ним баробар афзоиш дода мешавад».
Иқдомҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати муҳайё намудани шароити хуби фаъолият барои соҳибкорон имрӯзҳо мӯҷиби вусъат ёфтани  корҳои созандагию ободонӣ ва эҳсонкорӣ аз ҷониби онҳо гардидааст. Чунин ташаббусҳои ватандӯстона ҳоло дар самти бунёди иншооти таъйиноти гуногуни ҷашнӣ  ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида мешаванд. Бино ба иттилои Кумитаи рушди маҳали назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо аксари иншооти ҷашниро  соҳибкорон сохта  истодаанд.
Барои рӯшан фаҳмидани  саҳми ҳар соҳибкори ватанӣ дар ободонии кишвар ҳамин мисол кофист, ки онҳо на танҳо барои беҳтар кардани шароити зиндагии худ, балки барои ободии маҳали зисташон саҳми босазо мегузоранд ва боз нафарони зиёдеро соҳиби ҷойи кор менамоянд. Бархе соҳибкорони дигар аз ҳисоби худ дар зодгоҳашон муассисаҳои таълимию табобатӣ бунёд карда, бо равнақ ёфтани фаъолияташон иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ  сохта истодаанд. Дар саргаҳи чунин созандагию ободкориҳо ғамхориҳои ватанпарастонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри пешбарандаи иқтисодиёт меистад.  Ҳоло теъдоди соҳибкорон наздик ба 350 ҳазор  расидааст. Яъне, кунун Ватан 350 ҳазор муҳаррики иқтисодӣ дар ихтиёр дорад.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2020    №: 228    Мутолиа карданд: 962
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед