номаҳо
САТРҲОИ СИПОС
Барои мо – маъюбон ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат беҳисоб аст. Чандест, ки ман аз бемории дил азият мекашидам. Ахиран дар маркази тиббии шаҳрии № 2 (маъруф ба шаҳраки табибон) бистарӣ шудам. Сардухтури беморхона Масъуд Абдуллоев маро хуш қабул карда, барои ташхису табобатам тамоми шароитро фароҳам овард. 15 рӯз зери назорати сардухтур ва сардори шуъбаи бемориҳои дил Сомон Боев қарор доштам. Дар ин радиф наметавонам номи Меҳрӣ Сафарова, духтурон Хосият Холова ва Манзура Неъматоваро зикр нанамоям. Агар гӯям, ки ҳам ҷисману ҳам рӯҳан табобат гирифтам, хато намешавад.
Баҳри пешгирии бемории коронавирус, ки имрӯз олам дар панҷаи он ҳайрон аст, дар беморхона тамоми чораҳоро андешидаанд. Ҳар рӯз се маротиба ҳуҷраҳоро безарар мекарданд. Ҷиҳози бистарии тоза низ дар ихтиёрамон буд. Аз ин рӯ, мехоҳам тариқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори сипоси хешро ба роҳбарияти беморхона иброз намоям.
Гулмаҳмад СОБИРОВ,
маъюби гурӯҳи 2,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.2020 №: 228 Мутолиа карданд: 3730