logo

маориф

РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢДАР МАДДИ АВВАЛ

Маорифчиёни ноҳияи Шаҳринав дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва таъмини шароити мусоиди таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳанд.
Ин аст, ки дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мушаррафа Шарифова иттилоъ дод, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва ҳалли масъалаи норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагон бо дастгирии соҳибкорону тоҷирон сохтмону барқарорсозии биноҳои куҳнаву фарсуда, бунёди муассисаҳои наву замонавӣ амалӣ шуда истодааст. Бо  дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон бунёди 180  синфхона ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 86 синфхонаи иловагӣ бо лавозимоти хониш муҷаҳҳаз, сохта ба истифода дода шуд. Дар  арафаи оғози соли нави таҳсил дар ҳудуди ҷамоатҳои  деҳоти Сабо ва ба номи А. Ҳасанов 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ (№№ 55, 56, 57)  баъди  таъмиру  тармим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инчунин, дар арафаи Ҷашни Рӯзи Президент  муассисаҳои таълимии №№ 7 ва 34 ба истифода дода шуданд. Айни ҳол корҳои сохтмонии муассисаҳои таълимии №№ 53, 35 ва 47 дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Бо мақсади таъмини фаъолияти босифати муассисаҳои таҳсилоти томактабии  кӯдакон, васеъ намудани доираи фарогирии онҳо ва ҳалли масъалаи дар ин самт ҷойдошта 3 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 168 кӯдак қомат афрохт. Ҳамзамон, бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ Мавҷуда Ҳакимова дар Ҷамоати деҳоти Шаҳринав ва Ҷамолиддин Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов чунин муассисаҳо барои 400 нафар сохта ба истифода дода шуданд.
Дар назди 37 муассисаи  таълимии ноҳия 1215 кӯдаки 4 - 6 - сола дар 49 гурӯҳи марказҳои  инкишофи кӯдакон фаъолият дорад.
- Яке аз масъалаҳои  аввалиндараҷа дар назди соҳаи маориф  баланд бардоштани  сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои  таҳсилот ва дар ҳар як муассисаи таълимӣ мебошад. Бо ин  мақсад, мониторинги сифати  таҳсилот гузаронда шуд. Мониторинг нишон дод, ки  сифати  таълим дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба 41,6 дарсад баробар  буда, азхудкунӣ 73,9 дарсадро ташкил медиҳад. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар байни  хонандагон озмунҳои фаннии ихтироъкорони наврас,  чорабиниҳои  беруназсинфӣ ба роҳ монда  шуда, ғолибон  муайян ва  ҳавасманд гардонда мешаванд, - гуфт М. Шарифова.
Ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон 153 омӯзгор ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф сафарбар шуд.
Дар ин давра хонандагон дар олимпиадаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ фаъолона ширкат варзида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар даври минтақавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гашт, 7 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Маорифчиёни ноҳия талош доранд, ки дар оянда баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити муосири таълим, афзун намудани  шумораи муассисаҳои замонавии мактабию томактабӣ,  тавсеаи ҷаҳонбинии кӯдакон ва наврасон, фароҳамсозии шароити мусоиди тарбияи атфол саҳми худро гузоранд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2020    №: 228    Мутолиа карданд: 1058
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед