ҳуқуқ
БАҲСИ МАНЗИЛ. ХОНАЕ, КИ ДАҲ СОЛ ПЕШ ХАРИДАМ, СОҲИБИ НАВ ПАЙДО КАРД
Пас аз заҳмати зиёд соли 2007 манзили истиқоматии дуҳуҷрагиро, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, бинои 80/1, ҳуҷраи 5, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз шаҳрванд Тоҳир Гулов бо маблағи 24 800 доллари ИМА харидам. Шартномаи харидуфурӯши манзил мувофиқи талаботи қонунгузории кишвар дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ба расмият дароварда шуд. Аз ҳамон сол то ҳол дар ин хона бо аҳли оила ва бародарам зиндагӣ карда, дар ин муддат хонаро таъмир ва хизматрасониҳои коммуналиро сари вақт пардохт намудам.
Бо гузашти даҳ сол, яъне соли 2017 шаҳрванд Елена Валаматова ба ҷавобгарии Алихон Иброҳимов, ҳамҷавобгарии Тоҳир Гулов, Диловаршои Раҳматхон, шахси сеюм идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, дар бораи барқарор намудани муҳлати даъво, беэътибор донистани шартномаҳои харидуфурӯши манзили истиқоматии ман ба суди ноҳияи Фирдавсӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуд. Ман бошам бо аризаи муқобили даъво бо ҷавобгарии тарафҳои номбаршуда, дар бораи бадастоварандаи бовиҷдон эътироф намудан пешниҳод намудам.
Дар натиҷа, 15 майи соли 2019 суди ноҳия Фирдавсӣ ҳалнома баровард, ки тибқи он даъвои Елена Валаматова қонеъ ва аризаи даъвогии ман рад шудааст. Ин дар ҳолест, ки даъвогар Елена Валаматова соли 2004 манзили худро тибқи шартномаи хариду фурӯш таҳти № 6ш-2083 ба Алихон Иброҳимов фурӯхтааст. Алихон Иброҳимов бошад, пас аз як сол хонаро ба Тоҳир Гулов фурӯхтааст (шартномаи харидуфурӯши таҳти № 1ш-877). Ва соли 2007 манзили истиқоматиро тибқи шартномаи харидуфурӯши таҳти № 1ш-77 аз Тоҳир Гулов ман харидам.
Ба ҳалномаи баровардаи суди марҳилаи якум розӣ нашуда, ман ва Т. Гулов ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ пешниҳод намудем. Вале коллегияи суди оид ба парвандаҳои гражданӣ низ шикояти кассатсионии моро беқаноат мононд.
Дар робита ба ин, мувофиқи ҳуқуқҳои граждании худ бо шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ ба суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардам. Инчунин, тибқи аризаи ман Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирози назоратии худро ба раёсати Суди Олӣ пешниҳод кард.
Ҳоло ман дар дуроҳаи номуайянӣ қарор дорам. Аз ин рӯ, хостам аз минбари Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» таваҷҷуҳи мақомоти болоии судӣ ва дигар сохторҳои марбутаи давлатиро ба масъала ҷалб созам. Умедворам, ки масъулон ба ин масъала баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода, баҳси моро бо роҳи қонунӣ ҳал менамоянд.
Диловаршои РАҲМАТХОН,
сокини кӯчаи Неъмат Қарабоев,
бинои 80/1, ҳуҷраи 5, ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.11.2020 №: 229 Мутолиа карданд: 710