logo

фарҳанг

 АЗ ҲАФРИЁТ БА ОСОРХОНА


Ба муносибати таҷлили 5500-солагии Саразм ҳам дар ҳудуди он ва ҳам шаҳри Панҷакент бисёр иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд, ки дар ин миён Осорхонаи нави таърихӣ-бостоншиносӣ мақоми хосса дорад. Суҳбати мо бо директори он Норинисо ХУДОЁРОВА аз тавзеҳи ҳамин нукта оғоз ёфт.
 
БЕҲТАРИН ШАРОИТ ФАРОҲАМ ОМАД
- Яке аз олитарин туҳфа ба Ҷашни Саразми бостонӣ осорхонаи нав аст, ки тарҳи ҷолиб бо омезиши меъмории қадима ва муосир дорад. Ва, агар онро бо осорхонаи саҳроии назарногири пешина муқоиса кунем, фарқ, ба қавле, аз замин то осмон аст.
- Воқеан дуруст гуфтед. Осорхонаи нав боз як далели барҷастаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мероси мондагори бостонии миллати тоҷик, ҳифзу тарғиби он, рушди илми бостоншиносии ватанӣ, тарғиби мавзеъҳои таърихии кишвар, аз ҷумла Саразм мебошад. Иншооти мазкур бо супоришашон дар муддати кӯтоҳ басо муҳташам бино гашт. Дар паҳлуяш меҳмонхона низ сохта шуд, ки барои бостоншиносони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овард. Осорхонаи саҳроии қаблӣ як ҳуҷраи на он қадар калон буд, ки имконияти ҷо кардани ҳамаи бозёфтҳоро надошт ва ба талаботи замони муосир мутобиқ набуд. Инчунин, барои ҷалби сайёҳон ва намоиши экспонатҳо созгор набуд. Хушбахтона, акнун шароит комилан тағйир ёфт.
Боиси ифтихори ҳамаи мост, ки Ҷаноби Олӣ ба осорхона қадами муборак гузоштанд. Барояшон толорҳои оростаи замонавии ошёнаи якум, экспонатҳои сершумор ва тарзи ҷойгиронии онҳо писанд омаданд ва дар китоби меҳмонони фахрӣ таманниёти хешро баён доштанд. Ва мо кӯшиш мекунем, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳояшон ба василаи намоиши бозёфтҳои нодир таърихи пурғановати халқи куҳанбунёди тоҷикро ба таври шоиста тарғиб намоем. 
- Ҳафриёт дар Саразм 44 сол инҷониб бефосила идома дорад ва дар ин муддат аз ин махзани таърихӣ бисёр бозёфтҳои шигифтангез ба даст омаданд. Ин мавзеи нодири бостоншиносӣ махсусан дар давраи истиқлолият ба маркази байналмилалии ковиши олимони барҷастаи ватанӣ ва хориҷӣ табдил ёфт. Вақтҳои охир онҳо чӣ бозёфтҳои муҳим аз шаҳрак карданд?
- Тавре маълум аст, Саразм баъди кашфи оламшумул аз ҷониби олими тоҷик, доктори илмҳои таърих зиндаёд Абдуллоҷон Исҳоқов дар маркази таваҷҷуҳи бостоншиносони маъруфи ҷаҳон қарор гирифт. Ҳамкории коршиносони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷӣ аз Россия, Франсия, ИМА, Чин, Италия ва давлатҳои дигар махсусан аз соли 2003, баъди нахустин ташрифи Сарвари давлат ба ин ҷо равнақи тоза гирифт ва то имрӯз омӯзиши густурдаи таърихи 5500-солаи тамаддуни ориёӣ ба таври судманд идома дорад.
Танҳо соли 2019 дар тадқиқот бостоншиносони  Португалия, Италия, Франсия, Олмон, Чин ва Федератсияи Россия ширкат варзиданд. Аз охирин дастовардҳо махсусан муайянсозии Саразм ҳамчун шаҳр-давлат басо муҳим аст. Зеро он ҳамчун як давлати мустақил бо кишварҳои дигар робитаҳои дуҷониба дошт. Ғайр аз ин, дар шафати роҳи Панҷакент – Самарқанд дар қисми чап 7 қӯрғонро пайдо кардем. Дар ҳар қӯрғон ашрофзодаҳо бо ороишоти зиёд дафн карда шудаанд. Ин далели дигари шаҳр-давлат будани Саразм мебошад. Яъне идораи шаҳр аз ҷониби чанд нафари баргузида сурат мегирифт. Ин хусусияти умдаи Саразм боз як бозёфти муҳим аст, ки дар арафаи ҷашн муяссар гашт.
 
ОСОРХОНА СОҲИБИ ОЗМОИШГОҲИ МУОСИР МЕШАВАД
- Вақте осорхонаро тамошо кардем, экспонатҳо танҳо дар ошёнаи якум ба намоиш гузошта шуда буданд. Қисми боқимондаи бозёфтҳо аз Саразм кай манзури сайёҳони дохилию хориҷӣ карда мешаванд?
- Пеш аз ҷавоб ба саволатон як масъалаи муҳимро зикр кардан мехоҳам. Пештар ташхиси гуногуну мураккаби ашёҳое, ки аз ҳафриёт пайдо мешуданд, дар ташхисгоҳҳои замонавии кишварҳои хориҷӣ сурат мегирифт. Осорхонаи нав худ озмоишгоҳ дорад, ки бо замонавитарин васоити техникию кимиёӣ муҷаҳҳаз мегардад. Дар натиҷа, бостоншиносони тоҷик бори аввал имкон пайдо мекунанд, ки ҳар бозёфти худро дар ин пойгоҳи илмӣ тадқиқ кунанд. Баъд бозёфт ба осорхона меравад. Яъне, пайванди бевоситаи ҳафриёт – осорхона ба амал меояд.
Дар осорхона корҳои зиёди ороишу таҷҳизондани толорҳои нав, ҷойгиронию намоиши экспонатҳои сершумор дар пешанд. Ва мо мекӯшем, ки ин корҳо ҳар чи тезтар анҷом дода шаванд.  
 
АМСИЛАИ ШАҲРИ САРАЗМРО МЕСОЗАНД
- Айни замон дар осорхона бо офаридани амсилаи шаҳри Саразм машғуланд, ки дар арафаи анҷомёбист. Тавассути он тамошобинон метавонанд доир ба чӣ гуна будани ин шаҳри куҳанбунёд тасаввуроти воқеӣ пайдо кунанд, ки хеле ҷолиб хоҳад шуд. Хонаҳое, ки дар назди осорхона сохта шудаанд, намунае аз манзили саразмиёнанд?
- Не. Ин хонаҳо ба таърихи Саразм иртиботе надоранд.  Азбаски он як мавзеи бисёр зебо буд, пешниҳод кардем, ки бигзор давоми таърихи Саразм бошад. Хонаҳое, ки дидед, аз тарзи рӯзгордории мардуми тоҷик дар охирҳои асри XIII, XIX ва ибтидои қарни XX ҳикоят мекунанд. Ба ин васила мехоҳем ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ тарзи зисти гузаштагонамонро нишон диҳем.
- Нақшаҳои ояндаи осорхона чӣ гунаанд?
- Пеш аз ҳама, ҳар чи тезтар пурра ба намоиш омода сохтани экспонатҳои он. Сониян, ният дорем, ки бозёфтҳои худро аз дигар осорхонаҳо баргардонем. Чун соли равон бинобар пандемияи коронавирус имкони ба дараҷаи даркорӣ гузарондани ҳафриёт дар ёдгорӣ нашуд, бесаброна интизори бартараф шудани он мебошем, то ки қусури қафо мондани ковишҳоро барорем. Ғайр аз ин, бо чоп кардани буклету раҳнамоҳо барои сайёҳон машғул мешавем. Дар растаҳои савдои назди дарвозаи Саразм бояд армуғонҳои ҷолиб барои сайёҳон бошанд. Аз хусуси ин ганҷинаи таърихӣ филмҳои мустанаду барномаҳои рангини таърихӣ аз тарафи студияҳои синамоӣ ва шабакаҳои телевизион ба навор гирифта шуданд, ки дар осорхона намоиши онҳоро роҳандозӣ кардан низ муҳим аст.
Комрон САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.12.2020    №: 232    Мутолиа карданд: 569
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед