logo

фарҳанг

 ШОҲ МЕОЯД! РУҶӮИ ТАЪРИХӢ, КИ ЯК БОЗЁФТИ НОДИР АНГЕХТ

Шоҳ аз қаъри асрҳо савори аспи бодпо ҷониби шаҳри Саразм меояд: дар сар тоҷ бо мурғи Ҳумо ва дар даст гурзи салтанат. Бо ҷалолу шукӯҳ меояд. Сайри Панҷакенти Қадим мекунад, акси даст ба девору тоҷи сараш дар деворнигораҳо мебинаду аз ин манзараи ошно қаноатманд мегардад, ки гузаштаи пуршараф ба боди фано нарафта. Баъдан, чун аз он баландӣ ба Панҷакенти муосир менигарад, ба шигифт меояд: шаҳри кӯчакеро, ки ӯ асос гузошта буд, ворисони имрӯзааш ба шаҳри азими шукуфо табдил додаанд, ки тамошои ҳар борааш роҳати дидаву дилҳост.  
Бо хотири болида озими Сари Замин мешавад, ки тантанаи 5500 – солагӣ дорад. Дарвозаи муҳташаму мунаққаше қомат афрохта, ки шаҳри ошною ба дил азизро пешорӯяш мекушояд. Маликаи Саразм, ки пироҳани рахшо аз ақиқу лоҷувард, фирӯзаю яшм ба бар карда, кокулон бо шаддаҳои тиллоӣ баста, ба истиқболаш мебарояд ва бо таъзими хоса эҳтиромаш баҷо оварда, ба тамошои Саразм мебарад. Шоҳ ба чеҳраи зебо, қомати расо ва хироми волои малика чанде дида дӯхта, бори дигар мутмаин мегардад, ки бонувони ин сарзамини ориёиро ҳусну назокати нотакрор арзонӣ насиб гашта. Пасон, ҳар ду пасу пеш аз кӯчаю раста, қасру кӯшкҳои замоне ободу хуррам, ки алъон   макони ҳафриёти ҷаҳонӣ гаштаанд, дидан мекунанд.
Шоҳ аз шаҳомати қадимтарин шаҳри ориёӣ ба ваҷд меояду катибаи Зардуштро замзама мекунад: “Мешавад аз хок ҳам Хуршед ёфт”. Бозёфтҳои пурарзиши Сари Замин як – як пеши назараш меоянд, ки саҳифаҳои тори таърихи миллати тоҷикро рӯшан кардаанд. Деворнигораҳо, сафолпораҳо, кӯраҳо, маъбадҳо, олоти гуногуни филизӣ қисса аз бурду бохти гузашта мекунандаш...
Чанде ба ҳикоёти аз умқи таърих расида гӯш фаро дода, аз эҳёи дубораи ин куҳанмарз шод мешаваду ба ҳамтои худ - эҳёгари Саразм Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои феълии тоҷикон, дуруд мефиристад. Вуҷудашро ҳисси ифтихор фаро мегирад. Ифтихор аз ин Вориси асили миллати куҳанрешаи тоҷик, ки на танҳо давлатро эъмору халқро сарҷамъ кард, балки таърихи онро бо бозёфтҳои беназири шаҳрсозию тамаддунофарӣ аз нав зиндаву ба оламиён муаррифӣ намуд.
Шоҳи Суғд ва Маликаи Саразм, ки баъди сайри шаҳри куҳан дар ғояти болидахотирӣ буданд, чолок савори аспҳои бодпо мешаванд ва роҳ мераванд. Чун аз дарвоза бадар меоянд, то нопадид шудан, пайваста ба қафо менигаранд. Ба шаҳраке, ки замоне гаҳвораи умеди орзуҳояшон буд, бо меҳр менигаристанд. Шаҳраке, ки имрӯз нигини пурҷилои шаҳри бостону ҷавони Панҷакент ва Тоҷикистони соҳибистиқлол шуда...        
Меҳрангез ҚОДИРӢ, “Ҷумҳурият”
 
P.S: Ин ҳайкалчаи биринҷиеро, ки мебинед, қариб 35 сол муқаддам сокини деҳаи Сарводаи ноҳияи Айнӣ Қӯшабой Ғолибов аз мавзеи Чӯбистони кӯли Аловиддин пайдо карда буд. Соли 2016 бостоншиносони тоҷик, дар натиҷаи тадқиқоти илмӣ, собит намуданд, ки бозёфти нодир, яъне марди бовиқору салобат дар асп нишаста ҳокими Суғд аст. Тоҷи сари шоҳро мурғи Ҳумо афзуда, ки дар минқор ҳалқа дорад ва он рамзи фарри подшоҳист.
Ҳоло муҷассамаи шоҳи Суғд дар Осорхонаи миллии бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷолибтарин бозёфтҳои таърихист.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.12.2020    №: 232    Мутолиа карданд: 666
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед