logo

фарҳанг

 ЭҲЁИ САРАЗМИ БОСТОН - ЭҲДОИ ХИРАДИ ПЕШВО


Ба шарафи Истиқлолияти давлатӣ бисту нуҳ сол қабл аз ин Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуд, ҳамчун ҷумҳурии демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ муаррифӣ гардид.Тоҷикистони озодаманишу бостонгуҳару тамаддунпарвар истиқлолро ҳамчун омили барҷастаи ҳувияту озодӣ, ифтихор, нангу номус ва боэътимодтарин бақои ҷовидонаи миллату давлат пазируфт ва арҷгузорӣ намуд.
Истиқлол барои сарҷамъию ваҳдат ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб шароити созгор фароҳам овард ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҳамагонро таҳким бахшид.Имрӯз зимни гуфтору навишторҳо иддае пайваста таъкид мекунанд, ки истиқлол барои тоҷикон бо лутфи таърих муфт ба даст омадааст, гӯё ҳадия шудааст. Ба ин ақидаву даъво ҳаргиз наметавон розӣ шуд, зеро чун ба таҳқиқ ва бо назари амиқбину моҳиятҷӯ ба паҳнои таърихи пурҳаводиси халқамон бингарем, ба натиҷаи мантиқбунёду асосманде хоҳем расид, ки истиқлоли мо аслан бо муборизаву талошҳо, муборизаҳои озодихоҳӣ ва хилқати тамаддунпарварии халқи баору номусамон иртиботи қавию ногусастании мантиқӣ дорад. Шоҳбайти машҳури «Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ таҷассумгари саҳеҳу муассири рӯҳияи истиқлолхоҳии тоҷикон ва ғуруру ифтихори миллии онҳо мебошад.
Истиқлол халқи тоҷикро ба масъулиятшиносӣ ва ба бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намуд, роҳи фардояшро мунаввар сохт. Ҷои баҳс нест, ки ҳар халқу миллату давлатро, ба вижа, дар марҳилаҳои қисматсози таърих раҳбару раҳнамову дастгиру ҳидоятгаре иродатманду бошараф ва хирадоину дурбину хушниҳоде мебояд. Бидуни чунин сарвар чун корвони бесорбон ба манзил расидан, гавҳари мақсуд ба даст овардан имконнопазир аст.
Донишманде барҳақ гуфтааст: «Мардони бузурги таърих сарнавишти миллатҳоро таъйин мекунанд». Ончунон ки  беш аз ҳазору сад сол пеш аз ин дар як марҳилаи ҳассос таърих барои тоҷикон сарвари ватанхоҳу ободгар Исмоили Сомониро сари тахт оварда буд, дар айёми тақдирсозу масъулиятбори истиқлол чунин як ҷавонмарди шуҷоъ ва хайрхоҳу поктинат Эмомалӣ Раҳмон ҷилави тақдири миллатро ба даст гирифт. Ин абармарди олами сиёсат бо хиради волою матонату иродати беназири хеш тавонист аркони истиқлоли тоҷиконро чунон устувору пойбарҷой намояд, ки дигар ҳаргиз «аз боду борон наёбад газанд».  
Имондорона ва холисона бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маънои томи сухан, пеш аз ҳама, инсони комил, наҷибу покизаниҳоду хайрандешанд ва ҳамчун Сарвари кишвар сиёсати фарогиру хирадбунёд доранд, сиёсате, ки ҷавҳараш шукуфоии мамлакат ва некуаҳволии мардум аст. Ва ин сиёсат басо фарогиру воқеъбинона буда, як самти муҳиму самарабахш ба бузургдошти муқаддасоти миллат ва илму фарҳанг нигаронда шудааст.
Президенти муҳтарами мо табиатан ҷавонмарди фарҳангианд ва, аз ҷумла ба таърихи миллат таваҷҷуҳи махсусу ҳамешагӣ доранд. Аз ин лиҳоз, метавон аз суханрониҳои Пешвои миллат иқтибосоти фаровон оварду аз китобҳову асарҳояшон оид ба таърихи тоҷикон ва бузургмардони миллат ёдовар шуд. Сарвари кишвар бар он назаранд, ки таърих оинаи миллат аст ва омӯзиши ҳарчи бештари он боиси нерумандии ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ ва ифтихори миллии ҳамагон хоҳад шуд. Аз ин рӯ, Пешвои муаззам зарур донистанд, ки ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон дорои китоби «Тоҷикон» бошад, онро биомӯзаду ҳифз намояд. Акнун ин гуфтаҳои ҳакимонаи шоири миллат воқеияти худро  меёбанд:
Тоқдони хонаи мо ҷои дастархони мост,
Тоқдони чашми мо ҷои китоби «Тоҷикон».
Ин ҷо бамаврид аст, ки боз як гуфтаи дигари хирадбори Пешвои миллатро ёдовар шавем: «Таърих оинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин оинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум, махсусан наврасону ҷавонон, роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд». Дар иртибот ба ин маънӣ аз ҷониби Сарвари кишвар дар мамлакат тадбирҳои зиёде андешида шуданд, ки таҷлили 2500 - солагии шаҳри Истаравшан, 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 - солагии Ҳисори Шодмон, 1100 - солагии Давлати Сомониён  аз ин ҷумлаанд.
Ибтикору ташаббуси таҷлили 5500 - солагии Саразми бостонӣ бори дигар эҳтирому муносибати хоси Пешвои миллатро нисбат ба таърихи диёр ва омӯзишу арҷгузории он собит сохт. Пӯшида нест, ки кашфи Саразм ва оғози ҳафриёти он ба давраи то истиқлол (аниқтараш ба соли 1976) рост омадааст, вале ҳамагон гувоҳем ва воқеияти бебаҳс он аст, ки ҳафриёти бовусъат ва ҳадафмандонаву натиҷабори ин мавзеи бостонӣ ба даврони Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ пайванд мебошад ва ташаббускори асосии эҳёи Саразм ва фарогир гаштани ҳафриёти он маҳз Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Лозим ба тазаккур аст, ки Сардори давлатамон солҳои 2003 - 2005 ду маротиба ба Саразм омада, ҳафриёти онро бодиққат аз назар гузаронданд, бо таърихи ин шаҳри бостонӣ бештар ошноӣ пайдо карданд ва Саразмро «хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик» номиданд. Президенти ҷумҳурӣ ҳатто дар вазъе, ки имконоти молиявии мамлакат бисёр маҳдуд буд, дастур доданд, ки барои ҳифзи ин ёдгории беназири таърих маблағи зарурӣ ҷудо гардад. Ин имкон фароҳам овард, ки то соли 2008 панҷ ҳафриётгоҳ болопӯш ва атрофи мавзеъ пурра бо панҷара иҳота карда шавад.
Ҳафриёти Саразми бостонӣ минбаъд низ ҳамеша дар мадди назари Пешвои муаззами миллат қарор дошт ва дар ҳар мавриди мувофиқ аз ҷараёни корҳо дар Саразм аз масъулин пурсон мешуданду барои тақвиятбахшии амалиёт дар ин куҳанмарз дастуру супоришҳои мушаххас медоданд. Ва ниҳоят, зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат (19 марти соли 2018) Сарвари кишвар дастур доданд, ки соли 2020 - ум 5500 -  солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.
Ин ибтикори навбатии Президенти ҷумҳурӣ дар таърихи Саразми бостонӣ ва ёдгории таърихӣ, ки 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси  фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шуда буд, марҳилаи тозаеро ифтитоҳ намуд.Ҷиҳати дар сатҳи баланди илмиву фарҳангиву сиёсӣ таҷлил намудани Ҷашни 5500 - солагии Саразми бостонӣ бо дастури Пешвои муаззами миллат Кумитаи тадорукоти ҷашн бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки муддати се сол пайваста рафти омодагиҳо ба ҷашнро роҳбарӣ ва назорат менамуд. Тамоми сокинони мамлакат, вазоратҳо ва идораву ташкилоту созмонҳо барои ҳиссагузорӣ ба ин ҷашнвораи ифтихорӣ ҷидду ҷаҳд ба харҷ доданд. Дар ин миён кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъулияти бештаре ба дӯш доштанд. Бо ҳадафи омодагии шоиста ба ин ҷашнвораи фархунда нақшаи чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ҷашн гирифтани 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ  таҳия ва қабул гардида, дар ҳайати 14 нафар кумитаи тадорукот таъсис дода шуд. То таҷлили ҷашн аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои зерин ба анҷом расонда шуданд:
- барои рамзи шаҳри бостонии Саразм дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ озмун эълон гардид ва дар ин замина рамзи ҷашнии мазкур таҳия карда шуд, ки онро Президенти кишвар  мақбул донистанд ва тасдиқ карданд;
- ба ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм бо иштироки се гурӯҳи экспедитсионӣ ва панҷ зергурӯҳ вусъат бахшида шуд. Ба ин кор бостоншиносони хориҷӣ (аз Россия, Фаронса, Олмон, Италия, Чин, Португалия) ва чанд даста аз факултаҳои таърихи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат низ ҷалб гардиданд;
- се мавзеи дигари ҳафриёт рӯйпӯш карда шуд ва ин имкон фароҳам овард, ки дар сурати пайвастшавии ин се мавзеъ бо панҷ мавзеи қаблан рӯйпӯшшуда симои воқеии шаҳри бостонии Саразм падид оварда шавад;
- дар заминаи ҳамкории бостоншиносони мо бо идораи замин ва геодезии вилояти Суғд нақшаи топографии Саразм ва дар ҳамдастагӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Муассисаи давлатии «Шаҳрофар» нақшаи генералии ҳудуди ёдгории Саразми бостонӣ таҳия гардиданд;
- дар асоси консепсияи иншонамудаи бостоншиносони Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон бинои осорхона ва хобгоҳи бостоншиносон дар шаҳри Саразм бунёд карда шуд;
- мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш барои албоми идонаи «Саразми бостонӣ» маводи хеле ҷолиб, хушсифат ва фаровон гирдоварию пешниҳод карданд;
- китоби пурмуҳтавою пурдалели «Пешвои миллат-эҳёгари таърихи бостонии халқи тоҷик» бо сифати баланд ба нашр расид;
- мутахассисон ва олимони варзидаи АМИТ дар таҳияву омодасозии филмҳои мустанади «Саразм», «Дар ин замона», «Саразми бостон» ва «Саразми бостонӣ» бо шабакаҳои телевизиону радиои кишвар ва Муассисаи давлатии киностудияи «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ намуданд;
- олимони бостоншиноси АМИТ доир ба таърих, ҳафриёт, бозёфтҳо ва мақому манзалати Саразми бостонӣ тавассути радиову телевизионҳои ҷумҳурӣ суҳбатҳо оростанд ва дар барномаи махсуси радиои «Овози тоҷик» барои шунавандагони кишварҳои хориҷӣ доир ба Саразм ва ҷашни он ширкат варзиданд;
- бо ибтикору кӯшиши олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 5500 - солагии Саразм беш аз 20 китоби олимони АМИТ ва бостоншиносони маъруфи хориҷӣ ба нашр расонда, пешкаши хонандагон гардид. Ҳамзамон, ба ин муносибат буклету тақвимҳои гуногун таҳияву чоп шуданд;
- аз тарафи олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон албоми рангаи «Ҳунарҳои мардумии Панҷакент» омода ва чоп гардид, ки яке аз беҳтарин ҳадияҳо ба иштирокдорони ҷашн ва меҳмонони он буд;
- ба ифтихори фархундаҷашн дар давоми беш аз як сол мизи мудаввари байналмилалӣ бо иштироки олимони бостоншиноси Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо номи «Мероси фарҳангӣ - дар робита ба таҳқиқоти анъанавӣ ва байнисоҳавӣ» (27-31 марти соли 2020), конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Саразм - оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон» (20 декабри соли 2019) ва ниҳоят, Симпозиуми байналмилалии «Саразм - тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон» (11-12 сентябри соли 2020) баргузор карда шуд;
- дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва адибону санъатшиносон консепсияи баргузории Ҷашни 5500 - солагии Саразм таҳия ва дар заминаи он сенария ва барномаи фарҳангии ҷашн рӯи кор оварда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент дар мавзеи Саразми бостонӣ роҳҳо бунёд ва азнавсозӣ, осорхонаи муосир  ва бо пешниҳоди бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хонаҳои Саразмиёни бостон сохта ба истифода дода шуданд, ки ин ҳама дар мавриди муаррифии Саразми бостонӣ муфид аст ва барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон мусоидат хоҳад намуд.
Ин ҳама тадорукоту корсозиҳову омодагиҳои бовусъату гуногунҷабҳа ва арзишманд, ки ҳамбаста бо дастуру супоришҳои  Пешвои муаззами миллат сурат гирифтанд, барои таҷлили шоистаи ҷашн шароити созгор фароҳам оварданд. Сарвари кишвар аз ашхоси масъул мунтазам доир ба  раванду сатҳи омодагиҳо ба ҷашн пурсон мешуданд ва маслиҳатҳо медоданд. Метавон гуфт, ки Президенти ҷумҳурӣ дар татбиқи тадбирҳо ба муносибати Ҷашни 5500 - солагии Саразми бостонӣ аз кулли масъулон бештар фаъол буданд.
Иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷашни Саразм, ки  рӯзи 12 сентябри соли равон дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд, онро басо шукӯҳманду мутантан сохт, ҳодисаи бузурги таърихӣ гашт. Панҷакентиён Пешвои миллатро ҳамчун Сарвари маҳбубу ғамхори хеш, меъмори соҳибхиради кохи истиқлоли кишвар,  абармарди арсаи сиёсат ва  эҳёгари Саразми бостонӣ хеле самимона, бо меҳру эътиқоди саршор пешвоз гирифтанд. Зимни ин сафари корӣ Сарвари кишвар ба фаъолияти якчанд корхонаю муассиса, ки ба ифтихори 5500 - солагии Саразм ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта буданд, ифтитоҳ бахшиданд.
Ҳангоми боздид аз шаҳри Саразм, ки идона оро ёфта буд, хуб эҳсос мешуд, ки Пешвои миллатро саропо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва шарафи ватандорӣ фаро гирифтаасту аз эҳёи ин порамарзи бостонии диёр басо мамнуну сарафрозанд. Вақте ки Сарвари давлат бо таваҷҷуҳи махсус аз осорхонаи тозабунёди Саразм дидан намуданд, дар бораи таърихи диёр, олимони маъруфи таърихшинос ва аҳамияту моҳияти омӯзиши гузаштаи кишвар суханҳои самимию пурдалеле гуфтанд, ки гумон мекардед, дар ҳузури як олими бузурги таърихшинос қарор доред. 
Президенти ҷумҳурӣ бори дигар таъкид карданд: «Саразм хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик аст» ва таҳқиқи ҳарчи бештари он  дорои аҳамияти бағоят бузург мебошад.
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 5500 - солагии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент боз ҳам ифодагари таваҷҷуҳи вижаи Сарвари кишвар ба ин куҳандиёр, ба таърихи пурҳаводису ибратомӯзу ифтихорбарангези халқи тоҷик буд. Дар оғози суханрониашон Пешвои муаззами миллат бо камоли ифтихору меҳру муҳаббат иброз доштанд, ки Панҷакенти бостонӣ на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс - Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад. Ва дар идома афзуданд: «Таъкид месозам, ки муҳаббат ба Ватани маҳбуб аз донистани таърихи пурифтихор ва гузаштаи ибратомӯзи миллат сарчашма мегирад».
Роҳбари давлат оид ба таърихи Саразм, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба омӯзиши бовусъати он, заҳмати бостоншиносон, аҳамияту моҳияти омӯзиши таърихи диёр ва нақши мардуми Панҷакент дар рушди ҷумҳурӣ ба таври муфассал ва бо эҳтирому эътиқод сухан ронданд. Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки маънии вожаи (этноними) Саразм «сари замин» ё «сарзамин»-ро ифода мекунад, ки ин худ далели қотеи таърихи пурифтихору деринаи халқи тоҷик мебошад. «Бояд гуфт, ки Саразм на фақат яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ ва ҳунармандиву шаҳрсозии Варорӯди Осиёи Марказӣ, балки тамоми минтақаҳои Шарқи Наздик: Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҷомеаи илмӣ маданияти Саразмиёнро барҳақ ибтидо ва асоси  тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии ҳавзаи байни дарёҳои Сиру Ому мешуморад», - иброз доштанд Роҳбари давлат.
Президенти муҳтарами ҷумҳурӣ ба ҳамаи донишмандону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ, ки таърихи куҳану пурифтихори халқи тоҷикро холисона омӯхта, онро ба шакли мақолаву рисолаҳои арзишманди илмӣ нашр намуда, шуҳратафзои диёри тоҷикон гаштанд, ва, умуман, ба кулли онҳое, ки ба ифтихори Ҷашни Саразм дар омодагиҳову бунёдкориҳои вусъатманд фаъолона ширкат варзиданд, самимона арзи сипос карданд ва зимнан, баён доштанд: «Ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм боз нашудаанд ва мо умед дорем, ки донишмандони ватанию хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард».
Яъне, бо эҳтимому тадбирандешонаи меҳанпарваронаи Пешвои муаззами миллат таҳқиқу омӯзиши шаҳри Саразми бостонӣ ҳаргиз аз суръат намемонад, балки боз ҳам идома хоҳад ёфт, мукаммалтар хоҳад гашт ва минбаъд саҳифаҳои навини шоҳкитоби пурасрори Саразм боз хоҳанд шуд ва ин, пеш аз ҳама, ба бештар комилу фарогиру муҳтавоманд гардидани таърихномаи миллат мусоидат хоҳад намуд. Таъкиди зерини Сарвари мамлакат хеле ифтихорбарангезу дурандешона садо дод ва аз тарафи ҳамагон гарм истиқбол ёфт: «Хотирнишон менамоям, ки дар сурати дурусту ҳадафнок ба роҳ мондани корҳо дар ин самт шаҳри Панҷакент ва ёдгориҳои нодири онро ба шиносномаи сайёҳии Тоҷикистон табдил додан мумкин аст».
Тантанаҳои идона дар Панҷакенти бостонӣ ба ифтихори 5500 - солагии Саразми соҳибтамаддун бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намои шукӯҳманди таърихи дерини халқи тоҷик, ба ифодагари муҳаббати самимии тоҷикон ба Ватан ва гузаштаи рангину ифтихорию ибратангези он ба таҷассумсозии неруи дӯстию ваҳдати аҳли кишвар табдил ёфт ва ҳодисаи пурфурӯғу муҳаббатрезе гардид, ки солиёни зиёде чароғи ёдҳоро фурӯзон хоҳад дошт. Ва ин ҳама, пайванди қавию ногусастанӣ дорад бо хиради барҷастаи Пешвои миллат, бо азму ирода ва тафаккури баланди ватанпарварона ва бо дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаву бунёдкоронаи ин абармарди олами сиёсат ва машъалафрӯзи ҷодаи илму маърифат.
Бори дигар таъкид менамоем, ки эҳёи Саразми бостонӣ, муаррифии шоиставу пурдалели он ба ҷаҳониён, таҷлили 5500 - солагии ин марзи куҳантаърих маҳз бо ному кӯшишу азму иродаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд аст. Сарвари кишвари мо эҳёгар, ривоҷбахш, ғамхор ва посдори садоқатманду устувори Саразми бостонианд ва ба ин як пора марзи нодиру ифтихорангези Тоҷикистони азиз муҳаббату эҳтироми самимӣ доранд. Месазад, ки дар бораи корномаи Пешвои миллат ҳамбаста ба эҳёву омӯзишу таҳқиқу арҷгузории Саразми бостонӣ китобе таҳия ва ба чоп расонда шавад ва ин корро олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳатман ба сомон хоҳанд расонд.
Мақолаи мазкурро, ки  дар ҳошияи Ҷашни Саразм рӯйи коғаз омад,  бо гуфтаҳои зерини Пешвои муаззами миллат, ки аз суханрониашон ба ифтихори 5500 - солагии куҳаншаҳри Саразм иқтибос мешавад, ҳусни анҷом мебахшем: «Бигзор, ин санаи бузурги таърихӣ дар хотири ҳамватанони мо ҳамчун василаи муҳими ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ то абад боқӣ монда, дар роҳи рушди минбаъдаи фарҳангу маънавиёти халқамон ва тарбияи наслҳои ояндасози миллат қадами нави устувор гардад».
 
Фарҳод РАҲИМӢ – академик,
президенти Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.12.2020    №: 232    Мутолиа карданд: 556
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед