logo

фарҳанг

 ВАНҶ. КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОН ТАҚДИМ ШУД


Дар ҳаёти   мардуми  ватандӯст, сарбаланд ва меҳнатқарини  ноҳияҳои Ванҷу Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои аввали фасли зимистон  фаромӯшношуданӣ боқӣ хоҳад монд, зеро онҳо аз ҳама аввал дар кишвар туҳфаи бебаҳо  ва пурарзише гирифтанд, ки бесаброна дар интизораш буданд.
Манзурамон ин аст, ки ба сокинони  ин  ду ноҳияи     дурдасту баландкӯҳ китоби  пурарзиши   Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» - ро, ки   аз ҳисоби Фонди захиравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Нашриёти муосир» - и шаҳри Душанбе бо ороиши зебо ва сифати баланд чоп шудааст,  аз номи Сарвари давлат тақдим  карданд. Гурӯҳи кории Ҳукумати кишвар бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  Нуралӣ Собирзода ва муовини аввали директори  Агентии омори  назди Президенти ҷумҳурӣ Шодмон Шокирзода корвони пур аз китоби «Тоҷикон»-ро ҳамроҳӣ карданд. Дар майдони Исмоили Сомонӣ  сокинони шаҳраки Рохарв  аҳли корвони китоб-ро гарму ҷӯшон  истиқбол гирифтанд. Баъди ҷамъомади тантанавӣ дастаҳои  китоби «Тоҷикон» ба 54 деҳаи шаш ҷамоати деҳоти ноҳияи Ванҷ дастрас шуданд.
Дар  ин хусус узви комиссия, муҳаррири рӯзномаи «Ватан», шоир ва рӯзноманигор Пайшанбе Шоев иттилоъ дод. Мавсуф  афзуд, ки дар  маросими  ба Ванҷ  расидани корвони китоб  омӯзгори шинохтаи Тоҷикистон  Хушвақт  Искандаров,  ки зиёда аз шаст сол ба насли наврас таълиму тарбият додааст, нахустин шуда «Тоҷикон» - туҳфаи гаронбаҳои Пешвои муаззамро ба даст гирифт. 
Собиқадори маориф Муҳаббатшо Пирумшоев иброз дошт, ки китоби аллома Бобоҷон Ғафуров туҳфаест беназир аз ҷониби Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ба аҳолии шарафманди ноҳияи Ванҷ. Солҳои пеш китоби «Тоҷикон» рӯи чоп омада буд, аммо на ҳама ба он дастрасӣ дошт. Имрӯз Пешвои миллат барои шинохти гузаштагонамон китоби «Тоҷикон» - ро ба чоп расонда, ба ҳар хонадон пешкаш намуданд, ки боиси ифтихор аст.  
Баъди  ба сокинони Ванҷ дастрас намудани ин асари пурарзиш мутмаинем, ки хурду калон онро бо шавқ мутолиа менамоянд. Мардуми ин диёр   аз таърихи бой ва рангини даврони пешдодиёну шоҳони каёнӣ, шукӯҳи  сулолаи сомониён, аз  таърих,  адабиёти ғанӣ, фарҳанг ва ахлоқи   шоистаи   тоҷикони бостонӣ хубтар   воқиф мегарданд ва, албатта,  ҳисси ватанпарастиашон боз ҳам боло мегирад.
Бештар аз 4400 хонаводаи  ноҳияи  Ванҷ барои  дастрас гаштанашон ба китоби «Тоҷикон», туҳфаи пурарзиш ва бебаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан изҳори миннатдорӣ ва сипоси бепоён  менамоянд.
Дар фурсати наздиктарин, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аҳолии  шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон, Шуғнону Роштқалъа ва Ишкошим низ ин асари   бебаҳои  академик Бобоҷон Ғафуровро дастрас менамоянд.
 Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.12.2020    №: 232    Мутолиа карданд: 552
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед