logo

фарҳанг

 ШОМИ ШАНБЕ


ИНТЕЛЛЕКТ +
МУАММОИ «ДИЛСӮЗ» (3 – юми декабр – Рӯзи байналмилалии маъюбон)
1. Сифати неки инсонӣ. 2. Бино, хона. 3. Ҷойе, ки намоишҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд. 4. Дӯстӣ, ҳамраъйӣ. 5. Коре, ки дар он намуна мешаванд. 6. Тандурустиро гӯянд. 7. Собит кардан. 8. Муродифи духтур. 9. Синоними касал. 10. Қурс (дору)  барои таскини ҳар гуна дард.
11. «… бимонад ҷовидон». 12. «Мева» - и ширини сисолаи Тоҷикистон. 13. Миллат.  14. Шаҳр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 15. Фанни хониш, ки оид ба организми одам маълумот медиҳад. 16. Авиаконструктори тайёраи «Як – 40». 17. «Мо барои …  кардан омадем». 18. Исми  маъмулии занона.  19. Бадани инсон. 20. Жанри адабӣ. 21. Ҳаммаънои сурат. 22.  Шахси ба дил наздик. 23. Синоними  шафқат. 24. Муқобили ҳаёт. 25. Пайвандаки шартӣ. 26. Ҳарфи алифбои ниёгон.
Мураттиб Ҳ. АНӮШЕРВОН,
сокини шаҳри Ҳисор
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
РАНЕВСКАЯ:
"ДАР ЗИНДАГӢ НАҚШИ ОДАМИ СОЛИМРО МЕБОЗАМ"

Вақте аз Раневская саломатияшро мепурсанд, чунин мегӯяд:
- Ооооҳ, беҳтараш напурсед! Зиндагиям хоби пурдаҳшатеро мемонад: сарам дард мекунад, дандонҳо кайҳо боз дар хидматам нестанд, дилам тез-тез танг мешавад, беист месулфам, меъдаву гурдаҳо гӯё як умр «меноланд», буғумҳоям, ки нокораанд, ҳатто, дар роҳгардӣ азоби ҷонсӯз дорам, вале, бо вуҷуди ин, ноумед  нестам. Ҳамеша кӯшиш мекунам, то дар зиндагӣ нақши одами солимро бибозам. Шояд барои ҳамин ҳанӯз ҳам зиндаам.
 
Аз русӣ тарҷумаи
Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ

Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Як чизи муҳими дигара, писарам, фикр накардем-ку:  кӣ нон мепазад? Бузро кӣ мекушад? О, тамоман бедасту по монда будаем-ку! – ба ин ҳолати ноҳинҷор ҳардуямон завқ карда хандидем. – Лекин як илоҷ ҳаст. Ордро гиру рафта сари роҳ янгаат ва ҷиянатро савор карда биёр. Агар акаат биояд, биёраш. Мешинанд бо одамҳо камтар, баъд мераванд, майлаш? Янгаат нон мепазаду ҷиянат буза мекушад. Таббохи бад нест, бачаи қобилай.
* * *
Зи ту тиҳӣ шудани ман зи худ тиҳӣ шудан аст,
Чӣ сон ҳавои туро ронам аз сару қадамам?
Ба чашми чашма бияфтод ашки раҳмати абр,
Биёву чашми наматро бинеҳ ба чашми намам.
.
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 27 ноябри соли 2020
Абдумалик Баҳорӣ,     Меҳринисо
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 

АҶОИБОТИ ОЛАМ

Порчаи куҳантарини замин
Синни кристалли хурдтарини сирконий (унсури кимиёӣ, zr) аз ҳама куҳантарин порчаи замин, ба 4,3 - 4,4 миллиард сол мерасад. Ин порчаи хурдакак назар ба ҳамаи бозёфтҳои дигар 100 миллион сол куҳнатар мебошад.
Калонтарин дарёи хушкшавандаи ҷаҳон
Шохобҳои поёноби Хуанхиэ, аз ҷиҳати дарозӣ дуюмин дарёи Чин, ҳар сол дар давоми 140 рӯз пурра хушк мешаванд ва ҳоло хоҷагидорон, хусусан кишоварзон, зери хавфу хатар мондаанд.
Таҳияи Сайёраи АВАЗ
 

НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АРАСТУ
Арасту дар шаҳри бегона ҷавони болобаланду хушсуратеро рӯ ба рӯяш вохӯрда, дар ҳалли муаммое маслиҳат мепурсад. Чун посухи ҷавон ноҷову бемағз мебарояд, файласуфи бузург бо таассуф мегӯяд:
- Писарам, суратат қасри боҳашаматеро мемонад, ки соҳиб надорад.
Аз русӣ тарҷумаи
Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ЧАШМИ БИНОТАР АЗ ДУ ЧАШМ
Жозе Гей-Люссак, физик ва химики бузург, ҳангоми яке аз таҷрибаҳо аз як чашмаш маҳрум мешавад. Дар суҳбате роҳиб Сиезсикий пажӯҳишгарро бад-ин маънӣ таъна заданӣ мешавад:
- Ҳайронам, ки шумо бо як чашм чӣ гуна таҳқиқот анҷом медиҳед, умуман, магар дидани ҳама чиз имкон дорад?
Жозе бо назокат посух медиҳад:
- Бале,  ҳатто аз шумо бештар мебинам. Масалан, худи ҳозир ман ду чашми шуморо мебинам, шумо бошед, танҳо як чашми маро.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
АФРСАРИ БЕДАСТ
Дар бораи Василий Петров, ки ҳамчун ҷанговари нобиға маъруф аст
Василий Степанович Петров, ки дар  Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ду дасташ маҳрум шуд, ҳамчун афсари нобиға дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Вақте ки ҷанг оғоз ёфт, Василий 19-сола буд. Ӯ ҷангро ҳамчун командири полк бо ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва рутбаи подполковник  дар синни 23-солагиаш ба анҷом расонд. Аввалин унвонро 24 декабри соли 1943 дар фатҳ намудани шаҳри Днепр гирифтааст. Маҳз дар ҳамин муҳориба Петров сахт ҷароҳат бардошта, аз ду дасташ маҳрум гардид, вале ин ӯро рӯҳафтода накард. Баъд аз якчанд моҳи муолиҷа, ба ӯ аз полк фармони рутбаи нав гирифтанашро фиристоданд. Дере нагузашта, аз ҳамполконаш мактуб гирифт, ки дар он навишта буданд: «Ҷаноби Петров мо бозгашти туро бесаброна интизорем». Петров ба худ мегуфт: «Яъне, рафиқони ҷанговарам маро маъюб намешуморидаанд?!». Дуюм нишони ситораи тиллоиро пас аз дубора бозгаштан ба майдони ҷанг соли 1945 ҳангоми нигоҳдории майдони ҳарб дар Одер, ки дар он ҷо аз ду пояш маҷрӯҳ шуда буд ба даст овард.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ШУКРИ НЕЪМАТ БАРАКАТ ДАР УМР ВА МОЛРО МЕАФЗОЯД
Зане назди табиби рӯҳшинос аз надоштани бисёр чиз шикоят мекард. Ӯ мегуфт, ки ман дӯстони ҳақиқӣ, маоши хуб, мошин, хонаи зебо… надорам ва, ҳатто, ҷавониро аз даст додаам. Умед надорам, ки замоне соҳиби ин чизҳо мешавам. Рӯҳшинос бо меҳрубонӣ гуфт: «Дуруст аст, ки шумо бисёр чиз надоред, вале бояд шукр кунед, ки бемории табобатнашаванда, қарзи ҳангуфт, қомати хам низ надоред ва маъюб нестед. Агар  ин чизҳои надоштаатонро номбар намоем, табъатон дарҳол хуш мешаваду дилатон ба зиндагӣ гарм».
Зан бо шунидани ин суханҳо каме андеша кард ва хурсанд шуда гуфт:
- Мо бисёр чиз надорем ва лозим нест. Аз ҳама муҳим- тани сиҳат ва ақли солим доштан  аст. Бояд шукронаи ин неъматҳоро ба ҷо овард, боқӣ ҳамааш хуб мешавад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 

МАРВОРИД 10 СОЛ ЗЕРИ КӮРПА «ХУФТ»
Дар шаҳри Пуэрто-Принсесаи Филиппин соли 2006 моҳигир марвориде ёфт, ки калонтарин дар дунё эътироф шуд. Филиппинӣ онро зери рахти хобаш пинҳон карду бо ҳамин ганҷи бебаҳоро аз ёд баровард. Танҳо соли 2016 ҳангоми ба манзили нав кӯч бастан ба хотираш расид. Онро ихтиёрӣ ба ҳукумат таслим намуд, зимомдорон бошанд, марвориди нодирро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ин санги қиматбаҳо «Марвориди Пуэрто» ном дорад, зеро дар ҳамин шаҳри лаби соҳил пайдо шуда буд. Он 67 сантиметр дарозӣ дошта, бараш 30 сантиметр аст. Вазнаш бошад, 34 килограмм! Барои қиёс рекордсмени қаблӣ – марвориди «Лао Сзи» ҳамагӣ 5,4 килограмм буд.
                        
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД

100 ФАКТИ ҶОЛИБ
Ҳуҷайраҳои майнаи сари одам аз энсиклопедия дида, панҷ маротиба бештар маълумот нигоҳ медоранд.
8 дарсади занони дунё чапдастанд. 
Делфинҳо қабати болоии пӯсташонро дар 2 соат 1 маротиба нав мекунанд.
Дар баъзе мавзеъҳои Антарктида ду миллион сол боз барфу борон наборидааст.
Ҳамасола дар тамоми дунё наздики 350 миллион тонна коғаз истеҳсол мешавад.
Кислотаи (туршӣ) дар меъдаи инсонҳо буда, метавонад, ҳатто теғи риштарошӣ (лезваро) ҳал намояд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ

БАНАНА
Президенте, ки барои ҳимояи насабаш қонуни ғайриодӣ қабул кард
Якумин президенти кишвари Зимбабве соли 1980 Канаан Банана интихоб гардид. Баъди ду соли сарварӣ, ӯ қонунеро ба тасвиб расонд, ки шаҳрвандонро аз масхараи насабаш манъ мекард.
Аз русӣ тарҷумаи
М. МИРЗОЁН

БАЛАНДТАРИН ҲАРОРАТИ ГАРМӢ
Дар боғи миллии «Водии марг»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳарорати баландтарини гармии ҳаво дар рӯи Замин ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Британияи Кабир Би-Би-Си хабар додааст. Гуфта мешавад, ки гармии ҳаво дар водӣ ба 54,4 дараҷа расид.
Ҳамчунин, манбаъ ёдовар мешавад, ки соли 1931 дар яке аз кишварҳои қитъаи Африқо ҳарорати гармии ҳаво 55 дараҷаро ташкил дода буд, вале ин хабарро таърихнигор Кристофер Берт рад кард, зеро ба гуфтаи ӯ, он солҳо технологияи ҳавосанҷӣ пешрафта набуд, аз ин рӯ  маълумоти мазкур шубҳаовар аст.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ПРОКУРОРРО ДАШНОМ НАДИҲЕД, ВАГАРНА…
Шаҳрванди иёлати Техаси ИМА Элвин Рид бо гуноҳи ночизе ба муҳлати 39 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Элвин дар ҳаёти худ бори аввал ҳангоми дуздидани телефони мобилӣ ба дасти кормандони тартибот меафтад. Тибқи қонуни кишвар Элвинро мебоист ҷарима намуда, озод мекарданд. Аммо ҳангоми сухани охирин нисбат ба қонун ва прокурор беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ҳатто дашном додааст. Ин кирдори ношоистаи ӯ, сабабгори аз нав дида баромадани парванда мегардад. Барои чунин муносибат 39 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Таҳияи Ҳотами ҲОМИД

ҚОЛАБШИКАНӢ
Ё КОРНОМАИ БОНУИ ФУТБОЛБОЗЕ ДАР ДАСТАИ МАРДОНА
Юки Нагасото, футболбозбонуи тими миллии Ҷопон, дар таърихи кишвараш аввалин бонуе гардид, ки дар дастаи мардона бозӣ мекунад.
Тибқи иттилои сомонаи «Yahoo Sports», варзишгарбонуи 33-сола се соли охир дар дастаи «Чикаго Ред Старз»-и ИМА ҳунарнамоӣ мекард, ҳоло ба ҳайси иҷора дар тими мардонаи «Хаябуса Элевен» бозӣ мекунад.
Ӯ бештари фаъолияташро дар чемпионати Олмон дар дастаҳои «Турбин», «Волфсбург» ва «Франкфурт» сипарӣ намудааст.
Боиси тазаккур аст, ки Юки бо тими мунтахабаш соли 2011 қаҳрамони ҷаҳон (Олмон) гардидааст. Инчунин, барандаи медалҳои нуқраи Бозиҳои олимпии Лондон ва Чемпионати ҷаҳон (2005, Канада) мебошад.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 
 
Ин навбат ба хонандагони закии «Шоми шанбе» доир ба намудҳои ғайриодии пул маълумот медиҳем:
1. Дандони делфин. Ҳарчанд боварнокарданист, аммо дар ҷазираҳои Саломон мавзее мавҷуд аст, ки дар замони авҷи тараққиёти техника ҳанӯз ҳам дандони делфин ба сифати пул истифода мешавад. Дар асоси тадқиқоти журнали Ройал Сошиейти Опен Сайнс, шумораи делфинҳое, ки танҳо барои дандонашон миёни солҳои 1976 – 2013 аз ҳаёт маҳрум монданд, қариб 16 ҳазорро ташкил медиҳад.
2. Итолиёиҳо панирро хеле дӯст медоранд, ба он ҳадде ки бонки Credito Emiliano панирро ба ҷои қарзи пулӣ қабул мекунад.
3. Садаф зеботарин намуди пул эътироф шудааст, ки дар давраи то милод дар Осиёву Амрико ва Африқою Австралия васеъ истифода мешуд. Ҳанӯз  ҳам дар қисме аз кишварҳо садаф дар муомилот аст.
4. Сарпӯши нӯшокии пиво дар баъзе минтақаҳои Камерун пулро иваз кардааст.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
 

ХАМЁЗА. ВАҚТРАСИДАРО ЯК СОЛ БА ЗИНДОН БУРД

Соли 2004 дар Шри-Ланка мардеро барои дар толори суд ҳангоми мурофиа хамёза кашидан, ҷазои сангин доданд. Ҳамин як амали одӣ «беадабӣ» унвон шуда, хашми судяро овард. Дар натиҷа, марди бечора бо ҷурми «беэҳтиромӣ ба суд» ба муддати як сол пушти панҷара рафт.
 
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ

СОАТИ ПАРРОН. ИХТИРОЕ, КИ ҶОДУГАРӢ ПИНДОШТАНД
Баъди он ки ҳанӯз дар асри XVII бисёр деҳқонони Швартсвалд барои худ соати чӯбин сохта буданд, Франс Кеттерери Шонвалдӣ дар соли 1730 соате сохт, ки бо садои куку бонг мезад. Аҷиб ин аст, ки ҳангоми нахустин муаррифии соати нав ҳамин ки кукуи чӯбин бонг задаю аз хоначааш берун баромад, меҳмонон сахт тарсида, аз толор гурехтанд. Ҳама гумон карданд, ки ин ҷодугарист. 
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
 

РӮЗНОМАИ DATEBOOK
Рок-гурӯҳи «Битлз» дар замони худ яке аз шуҳратмандтарин ба ҳисоб мерафт. Ин буд, ки моҳи сентябри соли 1966 дар рӯзномаи Datebook соядасти яке аз маъруфтарин овозхонони асри XX, сарояндаи ин гурӯҳ Ҷон Леннон нашр ва ба музояда гузошта шуд.
Барои ҳаводорон ва мухлисони ин навъи мусиқӣ музояда ғайриодӣ буд ва шояд бо ҳамин сабаб бошад, маблағи фурӯши рӯзномаи Datebook то ба 112 713  доллари ИМА расид.
Дар натиҷа, табибе аз мухлисони сарсупурдаи Ҷон Леннон ғолиби музояда гардид.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА
 

ИН ХЕЛ ҲАМ МЕШАВАД…
* Соли 2006 ҷавонеро дар Шанхай барои дар сомонаи интернетӣ ба музояда гузоштани дилаш ба суд кашиданд. Тақозо мешуд, ки қалби ӯ моли Худост ва барои ба музояда гузоштан, бояд иҷозатнома дошта бошад.
* Дар асоси шикояти арӯсшаванда, додгоҳ ҷавонеро 150 ҳазор доллар ҷарима баст. Ба он хотир, ки ӯ чанд рӯз пеш аз тӯй фирор намуда, ба номзадаш зарбаи равонӣ расондааст.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.12.2020    №: 233    Мутолиа карданд: 1111
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед