logo

порлумон

ТАҒЙИРИ НОМУ НАСАБ. ҚОНУНГУЗОРӢ ОНРО СОДАТАР КАРД

 

Бо мақсади кам намудани  муҳлати баррасии ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» таҳия шудааст. Тибқи тағйироти пешниҳодгардида ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар дар муддати на дертар аз  як моҳ аз рӯзи додани ариза баррасӣ мешавад. Ҳамзамон, дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок, муҳлати баррасии ариза  понздаҳ рӯз дароз мегардад.
Ин масъаларо Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор шуд, ба баррасии вакилон гузошт.
Дар ҷаласа, инчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд. Вобаста ба ин, Карим Гулмуродзода, муовини вазири молия, таъкид кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади тамдид намудани муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард таҳия гардидааст. Мутобиқи сархати сеюми моддаи 252 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз 31 декабри соли 2020 бекор мешавад.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» иброз намуд, ки мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур муҳайё намудани шароит ва содакунонии ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, истеҳсол ва додани имтиёзҳо ҳангоми истифодаи онҳо дар амалиётҳои ҳарбӣ, ҳолатҳои фавқулода, паҳншавии эпидемия, пешгирӣ ва табобати бемориҳо, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои номусоиди кимиёвӣ, биологӣ ва радиатсионӣ пешбинӣ мешаванд, иборат мебошад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» - ро сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Абдулмаҷид Муъминзод баррасӣ намуда, иброз дошт, ки тағйиру иловаҳои пешбинигардида ба бартараф намудани норасоиҳо ва бархӯрди манфиатҳо, рушду такомули муносибатҳои байни истеъмолкунандагон, истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагон мусоидат менамояд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.12.2020    №: 233    Мутолиа карданд: 8879
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед