ҳуқуқ
ҲУҚУҚИ КӮДАК.
НАТИҶАИ ЯК МОНИТОРИНГ
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи мониторинги муассисаҳои кӯдакона, қабули шаҳрвандон ва вохӯрӣ дар маҳалҳо мизи мудаввар доир кард. Дар ҷамъомад намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, котибони комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ иштирок ва мубодилаи афкор намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Раҷабмо Ҳабибуллозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар кишвар ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, аз ҷумла кӯдакони маъюбидошта, тадбирҳои дахлдор андешида шуда, амалисозии як қатор консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи Стратегияи фаъолияти худ барои солҳои 2018 – 2020 мусоидат ба таъмини ҳуқуқи кӯдакони маъюбиятдошта, таҳсилоти босифат дар муҳити фарогирро самти афзалиятноки фаъолияти худ арзёбӣ намуда, соли ҷорӣ дар ин самт як қатор тадбирҳоро андешид. Аз ҷумла, дар доираи амалисозии стратегияи зикршуда ба 5 минтақаи ҷумҳурӣ - ноҳияи Сангвор, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Бӯстон ва Конибодом сафарҳои корӣ анҷом дода шуд.
Сафарҳо бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, муайян кардани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар маҳалҳо, қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо, инчунин, таҳкими ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак анҷом ёфт.
- Соли 2020 аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати муайян намудани вазъи дастрасии кӯдакон ба саломатӣ дар 3 маркази саломатӣ, ҷиҳати муайян намудани дастрасии кӯдакон ба таҳсил дар 2 муассисаи томактабӣ, 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 мактаб - интернати ҷумҳурӣ мониторинг гузаронда шуд, - гуфт Раҷабмо Ҳабибуллозода.
Азиз Солеҳзода, сармутахассиси раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари пешрафти кор аз баъзе камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла надоштани утоқҳои алоҳидаи кории котибони комиссия дар баъзе мақомоти маҳаллӣ, зуд - зуд иваз шудани котибони комиссия, хуб ба роҳ намондани қабули шаҳрвандон ва ба талабот ҷавобгӯ набудани китоби бақайдгирии қабули шаҳрвандон, ибрози назар кард. Ба гуфтаи ӯ дар бисёр ҳолат котибони комиссия бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар як утоқи корӣ фаъолият мекунанд, ки хилофи низомнома аст.
- Дар ихтиёри котибони комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак баъзе маводҳо ва парвандаҳое ҳастанд, ки бояд махфияти онҳо таъмин карда шавад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки котибони комиссия бо дастгирии намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сейфҳои махсус, ки барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо пешбинӣ шудааст, таъмин гарданд. Инчунин, барои котибони комиссия бояд курсҳои такмили ихтисос ташкилу гузарона шавад, - таъкид дошт А. Солеҳзода.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.12.2020 №: 233 Мутолиа карданд: 777