logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ: ТОҶИКИСТОН ҲАМОНО ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА МАВҚЕЪ ДОРАД

 
Воқеаву ҳодисаҳои мухталифи ҷаҳони имрӯза собит месозанд, ки проблемаи терроризми байналмилалӣ ва экстремизм яке аз масъалаҳои доғи рӯз боқӣ мондааст ва ҳал намудани ин мушкилӣ танҳо дар ҳамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизм, дар симпозиюму конференсияҳои байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ карда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуданд. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд.
Боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор - ақли худро ба ҳилаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллат ва давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳони миллати тоҷик имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд.
Терроризм вабои аср маҳсуб гардида, дар манотиқи мухталифи ҷаҳон бо даҳшатафканию қатлу бераҳмиҳои гӯшношунид хисороти ҷонию молӣ ва харобкории мавзеъҳои таърихиро ба бор овардааст. Амалҳои табоҳкоронаи террористон ба мисли тори анкабут ба дини мубини ислом печида, аз номи он ҳазорон ашхоси бегуноҳ ва ҳатто занону кӯдаконро ба коми марг фиристодаанд. Дар мазҳари ом ҳодисаи ба қатл расондани модар аз дасти фарзанди нохалаф намунаи ошкори он аст, ки ягон созмону гурӯҳи террористӣ на танҳо ба дини ислом ва арзишҳои ахлоқию маънавии он, балки, умуман, ба дину мазҳабҳои маъмули ҷаҳонӣ ва инсоният рабт надошта, сатҳи ниҳоии ваҳшонияти онҳоро нишон медиҳад.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле огоҳона ва бамаврид дар баромадҳояшон зикр мекунанд, ки “Амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо баръакс мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва таҳаммулгарову инсондӯстонаи Ислом мебошанд”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оқибатҳои фоҷиабори терроризму ифротгароиро аз сар гузарондааст, тайи чанд соли охир дар самти муқовимат бо зуҳуроти мазкур ва манбаъҳои маблағгузории онҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда истодааст. Дар кишвар ҳама гуна маблағгузории терроризм ҷиноят эътироф гардидааст, ки ин далелҳо аз фаъолияти судманди Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор шаҳодат медиҳанд.
Тавре Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатиашон таъкид карданд: «Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90 - уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд».
Ин таъкиди Президенти кишвар бояд дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадории ҳар фарди ҷомеа бошад. Зеро иқдомҳои мантиқии якҷоя дар самти мубориза ва пешгирии ифротгароӣ кафили минбаъдаи ҷомеаи осудаи кишвари мо хоҳад буд.
Мо - тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихиро дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар аз сар гузарондем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардидем,  бояд ба қадри сулҳу ваҳдат бештару бештар бирасем. Зеро ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Итминони комил дорем, ки ҷавонони далеру шуҷои мо – пайравони асили Пешвои миллат бо иродаи матин дар самти пешгирии терроризм ва ифротгароӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.
Масрур УМАРЗОДА,
корманди дастгоҳи суди ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.12.2020    №: 233    Мутолиа карданд: 665
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед