logo

суханрониҳо

 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, шаҳри Душанбе, 2 декабри соли 2020


Ҳамтоёни гиромӣ!
Қабл аз ҳама, мехоҳам барои танзими ҷаласаи имрӯзаамон сипоси инҷонибро ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин изҳор намоям. Инчунин, мехоҳам саъю талошҳои ҷониби Россияро ҷиҳати таъмини устуворнокии фаъолияти созмони мо дар шароити мураккаби имрӯза таъкид намоям. 
Соли равон ҷаҳон бо бархӯрди афзоиши бесобиқаи хатару таҳдидҳо рӯ ба рӯ гашт. Ҳамагирии COVID-19  боиси таназзул ва мушкилоти дорои хусусияти иҷтимоиву иқтисодӣ гардид. Он ба зиндагии муқаррарӣ ба таври муассир таъсир расонда, тамоми кишварҳоро водор кард, ки нақшаҳову ниятҳои қаблан муайяннамудаашонро ҷиддан бознигарӣ намоянд.
Буҳрони иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодие, ки бар асари ҳамагирӣ ба вуқӯъ пайваст, ба нишондодҳои пешбинигардидаи афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонда, болоравии сатҳи бекорӣ ва таҳдиди амнияти ғизоиро ба миён овард. 
Дар баробари ин, таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм, ифротгароӣ, инчунин, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо шумули гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоюли болоравиро доранд.
Неруҳои мухталифи террористиву ифротгаро аз ниятҳои харобиовари худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бевосита дар наздикии мавзеи масъулияти СААД, фаъолона амалҳои худро идома медиҳанд.
Дар ин зимн, мо бо нигаронӣ рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоливу шарқии он, пайгирӣ менамоем. Чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд. 
Ҳамтоёни гиромӣ!
Дар пасманзари вазъияти муташанниҷи имрӯза дар ҷаҳон аҳамияти тақвият бахшидан ба иқтидори СААД ҷиҳати муқовимати самарабахш ба хатару таҳдидҳои амниятӣ дучанд меафзояд.
Пас аз ҷаласаи имрӯза вазифаҳои раёсат дар созмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд.
Мо равандеро, ки ба таҳкими ҳамкорӣ дар арсаи таъмини амният ва оромии ҳаёти мардумонамон нигаронда шудааст, идома хоҳем дод.
Ба ин манзур, мо татбиқи силсилаи тадбирҳоеро муайян кардаем, ки тавсеаи доираи ҳадаф ва вазифаҳои имрӯз дар назди созмон истодаро дар назар доранд.
Дар роҳи татбиқи онҳо Тоҷикистон ба дастгирии шарикони худ умед мебандад. Бо дарназардошти воқеиятҳои кунунӣ, мехоҳам аҳамияти қарорҳои дар ҳошияи ҷаласаи имрӯза қабулшавандаро низ таъкид намоям. Онҳо фарогири масъалаҳои ниҳоят муҳим буда, амнияти дастаҷамъиро дар минтақаи масъулияти созмон таъмин менамоянд.
Мо итминон дорем, ки фаъолияти ҳамоҳангшудаи муштараки мо ҷиҳати пешбурди амалии тамоми маҷмӯи вазифаҳое, ки дар наздамон истодаанд, омили такони тоза бахшидан ба ҷараёни фаъолияти созмон хоҳад гардид. 
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.12.2020    №: 233    Мутолиа карданд: 2951
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед