logo

сиёсат

 ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД

 
2  декабри  соли  2020  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки тариқи видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа, инчунин,  Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, раиси Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, иҷрокунандаи вазифаи Президент, раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас ширкат доштанд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти раёсати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гашт.
Барои баррасӣ ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои амнияти байналмилалӣ, минбаъд ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти созмон, рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшудаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ҳамчунин, самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмон ворид шуданд.
Дар ҷаласа роҳҳои рушд ва таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо  назардошти истифодаи торафт фаъолонаи технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ барои ҳадафҳои таблиғ ва ҷалбсозӣ, аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи амалҳои хадамоти махсус дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо ва иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи ташаккули Рӯйхати ягонаи ташкилотҳо, ки дар сиғаи СААД террористӣ эътироф шудаанд, таъкид гардид. Дар баробари ин, масъалаҳои ҳолат дар марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СААД, вазъ дар Афғонистон ва таҳдиди маводи мухаддир матраҳ гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои кори ҷаласа Изҳорот ва Эъломияи СААД қабул шуда, як қатор қарорҳои муҳими Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳои аъзоро дар назар доранд, ба имзо расиданд.
Зимни ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварони давлатҳои аъзои созмонро ба Душанбе барои иштирок дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки соли оянда дар кишвари мо баргузор мешавад, даъват карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.12.2020    №: 233    Мутолиа карданд: 634
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед