logo

маориф

 МАОРИФ: ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКИСТ


«Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавононро, тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».
Эмомалӣ РАҲМОН

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи илм ва маориф яке аз самтҳои калидӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд. Сарвари давлат асоси рушди хоҷагии халқи мамлакатро ба густариши соҳаи илму маориф ва фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста менамоянд.
Бахусус, Пешвои миллат шурӯъ аз оғози солҳои 2000-ум тавсеа ва омӯзиши амиқи илмҳои техникию риёзӣ ва дар ин замина такомули шуури техникиро манбаи рушди иқтисодиёти миллӣ ҳисобида, дар марҳилаҳои ҷудонопазир дар ин самт амалишавии корҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд.
Ҷавҳари сиёсати давлатиро дар марҳилаи аввали ислоҳоти соҳаи илму маориф  қабули якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, беҳтар гардондани шароити зист ва фаъолияти  кормандони илмиву омӯзгорӣ, компютеркунӣ ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисоси фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, таҳияи китобҳои дарсии ба шароити истиқлолияти миллӣ ҷавобгӯ, омӯхтани техникаву технологияи муосир, тарбияи мутахассисони ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ, нигаронда шудани илмҳои табиатшиносиву техникӣ ба рушди истеҳсолот ташкил медиҳад. Ҳамзамон, бо мақсади амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф соли 2010 - Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардида буд, ки моҳиятан ҳадаф аз ин иқдоми шоиста фароҳам овардани замина ҷиҳати омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ ва тақвияти неруи зеҳнӣ маҳсуб меёбад.
Раванди истилоҳоти соҳаи маориф ба марҳилаи дигар – шинохти ҷавҳари аслии дирӯз, дарки мазмуни воқеии равандҳо ва таҳаввулоти иҷтимоӣ пайванд гардид. Таҳти сиёсати фарҳангофари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаҳои таърихи давраи соҳибистиқлолии кишварро арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, эҳёи суннатҳои миллӣ ва арзишҳои таърихии фарҳанги мардуми тоҷик ҷило бахшид. Меҳвари сиёсати давлатдории навин аз намунаи рӯзгори ибратангези миллати куҳанбунёди тоҷик маншаъ гирифт, ки бо ин васила тафаккури ҷомеа дар рӯҳияи худогоҳии миллӣ ташаккул меёбад.
Аз омӯзиши саҳифаҳои ҳаёт ва осори абармардони халқи тоҷик, ба амсоли Муҳаммади Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абунасри Форобӣ шахси худогоҳ дарёфт, ки ин шахсиятҳои барҷаста баробари аз худ кардани донишҳои замонӣ, илмҳои ҷудогонаи табиатшиносӣ, аз қабили риёзӣ ва табииётро сарфи назар накарда, дар рушду тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳм гирифтаанд. Ин нобиғагон аз воқифии асрори илмҳои дақиқ ба дарёфти асрори сухан имконият пайдо карда тавонистанд. Дар асари “Ал-қонун”- и Абуалӣ ибни Сино доир ба илми риёзӣ маводи бештар гирд оварда шудааст, ки дар баробари донандаи асрори илми тиб, аз риёзидон будани файласуфи бузург дарак медиҳад. Пас, дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чунин асроре ниҳон аст: аз худ кардани илмҳои дақиқ асоси рушди тафаккури мантиқии инсоният, устувор шудани ҳиссиёти ақлонию эҷодӣ, пайдо шудани қобилияти омӯзиш, зеҳни қавӣ, васеъ шудани ҷаҳонбинии илмӣ, қадами ҷиддӣ дар рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон маҳсуб мешавад. Таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ дар саросари кишвар маҳз бо мақсади инкишофи тафаккури эҷодӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии илмии қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор шуда истодааст.
Бо назардошти пешрафти рӯзафзуни илму техника дар ҷомеаи муосир раванди дуюми истилоҳоти соҳаи илму маорифро аз бар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, вусъат додани раванди ихтироъкориву навоварӣ дар ҷодаи илмҳои дақиқ, азхудкунии технологияи инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот, пайваста омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва рушди тафаккури техникии ҷомеа, бахусус насли ҷавон, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мутобиқ кардани нақшаву барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ мондани пажӯҳишҳои илмӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ фарогир аст.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид, бо мақсади тақвият бахшидани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шуд. Ин иқдоми шоиста ба такомули боз ҳам бештари тафаккури техникӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму техника такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки инқилоби техникии қарни XX дар шинохти тамаддун, адабиёт, маънавият ва фарҳанги дирӯзу имрӯзи ҷаҳонӣ роҳ кушод. Ҳамчунин, дар авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ҷавонон имконияти зиёди дастрас намудани маълумот, дониш ва ақоиди гуногунро аз воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои телевизионию интернетӣ доранд, ки ба ҷаҳонбинии онҳо бетаъсир намемонад. Дар раванди бархӯрди тамаддунҳо, ақоиди гуногуни мазҳабию динӣ, экстремистию террористӣ донистани асрори илмҳои дақиқ ва табиатшиносию риёзӣ дар фаҳмиши фикрии дуруст, тафаккуру андешаи солим ва самаранок истифода бурдани технологияи муосир омили муҳим ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки мундариҷаи таълими илмҳои табиатшиносию дақиқро инкишофи хаёли эҷодӣ, тафаккури мантиқию техникӣ ташкил медиҳад. Аз омӯзиши илмҳои муосир, бахусус илмҳои дақиқ, насли созанда, худшиносу худогоҳ, соҳиби тафаккури солим ва дар оянда ба рушди босуботи иқтисодии кишвар саҳмгузор ба воя мерасад.
Дар маҷмӯъ, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири тақвияти омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ба роҳ мондани пажӯҳишҳои бунёдӣ, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд, тафаккури техникию технологиро ба ниёзҳои даврони муосир баробар намуда, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи воқеӣ мегузоранд.
Башорат ҲАКИМОВА,
мудири шуъбаи таҳлил ва иттилооти
 ДДҲБСТ, номзади илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2020    №: 234    Мутолиа карданд: 1271
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед