logo

туризм

 ТОҶИКИСТОН. ИНТИЗОРИ АВҶИ ЭКОСАЙЁҲӢ ПАС АЗ ТАНАЗЗУЛИ ПАНДЕМИЯ


Сайёҳии экологӣ пас аз пандемияи коронавирус серталабот мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ин самти сайёҳӣ иқтидори кофӣ дорад.
Экосайёҳӣ яке аз бахшҳои зудрушдёбандаи иқтисодиёти ҷаҳон буда, тибқи баҳодиҳии коршиносон, то пандемияи соли 2020, соҳа дар як рӯз то $1 миллиард фоида меовард. Тақрибан аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ сайёҳии ҷаҳонӣ ба буҳрони бесобиқа дучор гардид ва қариб тамоми соҳаҳои он фалаҷ шуд. Тибқи таҳлили Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, танҳо дар тӯли ҳашт моҳ сафарҳои ҳавоӣ дар дунё 70 дарсад коҳиш ёфта, зарари коронавирус ба соҳа $730 миллиардро ташкил дод. Дар ҳоли маҳдудиятҳо ва канорагирӣ аз издиҳоми одамон сайрҳои экологӣ дар дохилӣ кишвар байни ҷаҳонгардон маъруфияти тоза пайдо кард.
Комилан дуруст аст, ки баъди карантин, бисёриҳо эҳтиёт мекунанд,  мувофиқи имкониятҳо аз ҷойҳои серодам дурӣ меҷӯянд. Дар ҳамон ҳол, ҷаҳонгардонро наметавон бо сайёҳии фарҳангӣ ҷалб намуд. Вале, истифодаи имкониятҳои сайёҳии экологӣ метавонад натиҷаи хуб нишон диҳад. Тоҷикистон, ки дорои табиати шоёни диққат аст, пас аз таназзули пандемияи коронавирус авҷ гирифтани сайёҳии экологиро интизор аст. 
Зеро, табиати кишвари мо ҳам барои сайёҳони дохилӣ ва ҳам сайёҳони хориҷӣ ҳоло кашфношуда боқӣ мондааст ва ин омилест, ки метавонад барои ба даст овардани натиҷаҳои хубтару бештар аз иқтидори экосайёҳӣ истифода шавад.
Дар таҷрибаи феълии ҷаҳонӣ, ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда, назири мамнӯъгоҳҳо, боғҳои табиӣ ва парваришгоҳҳо, на танҳо чун мавзеъҳои муҳофизату нигоҳубини олами набототу ҳайвоноти нодир, балки беҳтарин макони сайру саёҳат ба ҳисоб мераванд. Дар ин маврид, Парки миллии Тоҷикистон бо ҳашамату зебоӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва набототу ҳайвоноти нодир дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Ин макони афсонавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қисмати марказии қаторкӯҳҳои Помиру Олой ҷойгир буда, 2,6 миллион гектарро дар бар мегирад. Он соли 2013 ҳамчун мавзеи нодири табиӣ ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гаштааст. Парки миллии Тоҷикистон имрӯз маркази сайёҳии экологӣ ва дигар намудҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Сайёҳон ба он барои боздид аз табиати зебо, намудҳои нодир ва пурқимати ҳайвоноту наботот, парандагон, обанборҳо, чашмаҳо ва дигар сарватҳои табиии минтақаи кӯҳӣ меоянд.
Чунин мавзеъҳои зебову диданӣ дар Ватани маҳбубамон кам нестанд ва мамнӯъгоҳҳои «Бешаи палангон», «Дашти Ҷум», «Зоркӯл», резервати биосферии «Ромит», Парки табиии «Сари Хосор», Парки табиӣ - таърихии «Ширкент», Парваришгоҳи «Алмосӣ» ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд. Тибқи маълумотҳо масоҳати ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,1 миллион гектар буда, дар онҳо 85 намуди ҳайвоноти нодир, ба монанди  озодапаланг, гурги сурх, оҳуи бухороӣ, ғизол, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, архар, бузи пармашох, ҷайрон, силовсини туркистонӣ нигаҳ дошта мешаванд.
Чун ҳар гӯшаи диёри мо зебову диданӣ аст, экосайёҳӣ ба ҷуз аз мамнӯъгоҳҳо метавонад дар дигар минтақаҳои кишвар рушди бесобиқа дошта бошанд. Водии Зарафшон, бахусус кӯҳҳои Фон, кӯлҳои Марғузор, Аловиддин, Искандаркӯл аз ҳамин қабиланд. Вале, бисёриҳо дар бораи онҳо кам медонанд ва боре ҳам надидаанд. Бинобар ин, ин маконҳо бояд тавассути омодасозии китобҳо, варақаҳои иттилоотӣ, вебсайтҳо, инчунин, фароҳам овардани инфрасохтори муносиб барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ таблиғи васеъ дошта бошанд.
Дар хусуси сайёҳии экологӣ андешаҳо гуногунанд, вале он ягона самти саноати сайёҳӣ мебошад, ки ба ҳифзи захираҳои асосии худ – муҳити табиии муқаррарӣ ё қисматҳои алоҳидаи он (ёдгориҳои табиӣ, навъҳои муайяни ҳайвонот ё рустаниҳо ва ба ҳамин монанд) нигаронда шудааст. Дар раванди экосайёҳӣ аҳолии маҳалӣ дар асоси хоҷагидорӣ ба истифодаи захираҳо ҳавасманд мегардад, на ба мусодираи он. Ин принсипест, ки сайёҳии экологиро такон мебахшад. Ба ҳамин минвол иқтисоди кишвар аз ҳисоби экосайёҳӣ на танҳо бақувват мешавад. Ба ин восита, мамнӯъгоҳҳо амал мекунанд, беҳтар мегарданд, инфрасохтор рушд меёбад. Даромадҳо он қадар зиёданд, ки имкон медиҳанд  захираҳои мавҷуда зиёд ва шароитҳо барои сайёҳон беҳтар, роҳаттар ва қулайтар гардонда шаванд. Дар ин хусус коршиносон иброз медоранд, ки инфрасохтор дар ин минтақаҳо набояд қолибҳои саноатии охири асри гузаштаро такрор намояд. Масалан, симои бартари меҳмонхона – ин манораи «бисёрошёна»-и оҳану бетони васлшуда не, ва на як пайкари тахтагини баробари истгоҳи автобус, балки биноҳои фишурда, бо услуби экомеъморӣ - дар манзара сабтшуда, аз маводи табиӣ ва бо бори камтарини таҳкурсӣ ба замин бунёдёфта мебошанд. Глэмпингро шакли умедбахши чунин «экоурбанизатсия» меноманд. Он як намуди кемпинг (хаймазанӣ) аст, ки роҳати ҳуҷраи меҳмонхонаро бо имкони истироҳат дар табиат муттаҳид менамояд. Бори аввал мафҳуми «глемпинг» дар Британияи Кабир соли 2005 дар натиҷаи якҷояшавии «кемпинг+гламур» пайдо шуд. 
Сайёҳии экологӣ шаклҳои гуногун дорад ва хушбахтона, захираю имкониятҳои кишвари азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шароитҳои фароҳамовардашуда, барои рушди аксари онҳо мувофиқ мебошад. Баҳри роҳандозии экосайёҳӣ дар ҳудудҳои табиӣ, байни ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ҳамкориҳо роҳандозӣ гардидаанд. Механизми ин ҳамкориҳо тавре ба роҳ монда шудаанд, ки ҳам табиат хароб нагардад ва ҳам аз он фоида ба даст ояд. 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат эътироф намудааст, ва барои рушди устувори он тадбирҳои муассир рӯйи кор мегирад. Аз ҷумла, барои пешгирии таъсири манфии бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию  иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки тибқи он ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умум, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ ҷорӣ гардид. Ин иқдоми ниҳоӣ набуда, барои бартарафсозии зарари буҳрон гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст ва дар асоси омӯзиш, андешидани тадбирҳои минбаъдаи дастгирикунандаро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод менамояд.
Ҷиҳати рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият менамояд, ки тарғибу ташвиқи табиати кишварро ба таври васеъ ба роҳ мондааст. Дар ин асно хатсайрҳои нави саёҳати экологӣ ба Қаратоғ, Ҳафткӯл, Ховалинг, Сари Хосор, Чилдухтарон, водии Рашт, мавзеъҳои гуногуни Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тарҳрезӣ ва роҳандозӣ шудаанд. Ва ин интиҳои кор нест.
Ин мавзӯъро гирифта, мо дар як тамоюли ҷаҳонӣ қарор дорем. Зеро экосайёҳӣ 25% -и тамоми сайёҳии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Инчунин, экосайёҳӣ манбаи тавонои маъмулгардонӣ, яке аз унсурҳои ба истилоҳ «неруи нарм» дар мавриди хориҷиён аст. Пас аз ҳалли мушкилиҳои эпидемикӣ ва бозшавии сарҳадҳо экосайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад на танҳо воситаи истифодаи дохилӣ, балки соҳаи дорои иқтидори асъорӣ гардад. Зеро, ба гуфтаи мутахассисони маҳаллӣ имконоти моддӣ ва ҳам молиявии экосайёҳии Тоҷикистон хеле бузурганд.
 
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2020    №: 235    Мутолиа карданд: 5494
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед