ҳуқуқ
ФУРӮШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ СИЛОҲ МАХСУД ЮНУСОВРО ДУ СОЛ ПАСИ ПАНҶАРА БУРД
Махсуд Юнусов, сардори шуъбаи муҳофиза ва инкосатсияи ҶСП «Бонки Арванд» дар шаҳри Хуҷанд, барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 195 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ…) гунаҳкор ва бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ба муҳлати ду сол равонаи зиндон гардид.
Тафтишот муайян кард, ки номбурда қаблан бо ҳукми суди вилояти Суғд бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятӣ (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) 13 сол маҳкум гардида, соли 2010 шартан пеш аз муҳлат аз адои боқимондаи ҷазо озод шудааст. Кирдори қаблан содиркарда ва маҳрумӣ аз азодӣ барои ӯ дарси ибрат нашуда, такроран даст ба ҷиноят задааст.
Махсуд Юнусов то лаҳзаи дастгир шуданаш ҳамчун сардори шуъбаи муҳофиза ва инкасатсияи ҶСК «Бонки Арванд» фаъолият карда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон машғул гардида, бо «Ҳамид» ном шахс, ки шахсияташ дар тафтишоти пешакӣ муайян нашуд, дар назди мағозаи «Авесто»- и шаҳри Хуҷанд вохӯрда, барои амалигардонии мақсади ҷинояткоронаи худ аз ӯ як адад тапончаи тамғаи «Макаров», силсила ва рақами «ЕУ-3773», соли бароришаш 1987, бо як тирдон ва садохомӯшкунак бар хилофи қонунгузории кишвар бо мақсади дар оянда ба каси дигар додан гирифта, онро то утоқи кориаш интиқол дода, ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст.
Сипас, дар ҳуҷраи корӣ бо харидори шартӣ бо номи «Фаррух», ки баҳри амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Суғд ҷалб шуда будааст, вохӯрда, силоҳи оташфишонро ба ивази 27 000 сомонӣ ғайриқонунӣ мефурӯшад. Харидори шартӣ силоҳро ба мақомоти милитсия пешниҳод намуда, аз тарафи кормандони фаврӣ бо тартиби қонунгузорӣ гирифта мешавад.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ - балистикӣ тапончаи мазкур ба гурӯҳи тапончаҳои худтирпуркунии ҷангӣ, рахпечи тамғаи «ПМ» мансубият дошта, тапончаи оташфишони инфиродӣ буда, барои ҳуҷум, муҳофизат ва нобуд кардани душман дар масофаи наздик таъйин шуда, дар ҳолати коршоям қарор дорад.
Зафар САИДШОЗОДА,
муовини аввали раиси суди шаҳри Хуҷанд,
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.12.2020 №: 235 Мутолиа карданд: 946