logo

фарҳанг

 АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. ПАЖӮҲИШИ НАВ ДАР СУХАНШИНОСӢ


Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори шӯрои илмиву методии ДМТ китоби «Адабиёти тоҷик дар замони истиқлолият» чоп шуд.
Дар он муаллифон Муҳаммадюсуф Имомзода, Аламхон Кӯчарзода, Масрур Абдуллозода ва Муҳаммадулло Табарӣ адабиёти давраи нави тоҷикро ба риштаи таҳлилу таҳқиқ кашида, доир ба анъана, навоварӣ, доираҳои адабӣ, масъалаҳои назм, наср ва драматургияи замони истиқлол хони баҳс оростаанд.
Дар пешгуфтори ин маҷмӯаи муҳим таъкид мегардад, ки омӯзишу таҳқиқи адабиёти давраи нав аз вазифаҳои муҳим ва асосии адабиётшиносии муосири тоҷик аст. Худсолориву худфармонӣ моро водор мекунад, ки нуқсону костагиҳои дар омӯзиши ин давраи адабиёт, бавижа дар замони шӯравӣ содиршударо бо диду назари нав пажӯҳиш кунем ва хатоҳои сиёсиву мафкуравии рафтаро ислоҳ намоем.
Аз ҷумла, навишта мешавад: «Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ доираи мавзӯи адибон бештар ҷанбаи миллӣ касб карда, дар осори онҳо масъалаҳои ифтихору андешаи миллӣ, сулҳу ваҳдат, ҳисси баланди ватандӯстӣ, муҳаббат ва садоқат ба имрӯз ва фардои Тоҷикистони азиз бештар гардид».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Адибони мо вазифадоранд, ки ин дастовардҳои халқи азизамонро инъикос намоянд ва аз миёни онҳо қаҳрамонони худро пайдо карда, заҳмати софдилонаашонро ба хотири пешрафти Ватани маҳбубамон тасвир созанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, фарҳангу забони давлатӣ ва садоқат ба Ватан тарбия намоянд».
Олимон баъд аз омӯхтани асарҳои марбут ба самти пажӯҳиш, даврабандиҳои адабиёт ва пай бурдани нуқсу камоли онҳо меъёрҳои асосии таснифро мутаносибан ба тағйироти назарраси мундариҷа ва шакли бадеӣ дар усули тасвир, диди санъаткор ба инсон ва зиндагӣ, сабку услуб, ҷинсу жанр, мундариҷа ва арзишҳои маънавии ҷомеа донистаанд, ки пазируфтанист.
Дар китоби мазкур доир ба таъриху ташаккули ҳавзаҳои адабии Хатлону Суғд, Бадахшон, Рашту Ҳисор ва маҳфилҳои дар онҳо амалкунанда маълумоти муфид дода мешавад. «Дар ҳақиқат, доираҳо ва бахшҳои дур аз марказҳои адабӣ чун ҷузъи муҳим ва таркибӣ дар таҳким ва рушди адабиёти мо, махсусан адабиёти давраи нав, басо равшан ба назар мерасад».
Китоби «Адабиёти тоҷик дар замони истиқлолият» аҳамияти эстетикӣ, иҷтимоӣ ва тарбиявии сухани бадеиро дар як давраи муайяни таърихӣ фаро гирифта, собит мекунад, ки озодиву истиқлол ба ташаккули шуури миллӣ ва дигаргуниҳои сифатӣ дар адабиёт мусоидат кард.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2020    №: 235    Мутолиа карданд: 664
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед