logo

иқтисод

 "РАВЗАНАИ ЯГОНА". СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД


Дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони кумита, ходимони илмии институтҳои соҳавӣ, Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон, намояндагони КВД “Маркази Равзанаи ягона”- и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватанӣ, ки ба воридоту содирот сарукор доранд, маҷлиси машваратии «Барномаи ҳамкориҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ  бо соҳибкорони ватанӣ» баргузор гардид.
Ҳабибулло Қаландарзода, муовини раиси кумита, ҳамоишро  ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки  дастуру супоришҳо ва таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани корбарии электронӣ, мусоидат ба фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон, тақвият бахшидан ба истеҳсоли маҳсулоти содиротивазкунанда, рушди ҳамаҷонибаи молистеҳсолкунандагони ватанӣ, бартараф намудани монеаҳои техникӣ ва содагардонии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо саривақтӣ буда, ба рушди ҳамаи ин самтҳо мувофиқат менамоянд.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бо мақсади мавриди амал қарор додани низоми миллии “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо корҳои заруриро амалӣ намуда, бо мақсади дастгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имрӯз ба воридоту содирот ва транзити борҳои таҳти назоратӣ машғул мебошанд, дар раванди тиҷорати онҳо мусоидат намуда истодааст. Тамоми иқдомҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон пеш гирифта мешаванд аз тарафи кумита дастгирӣ меёбанд.
Исмоил Андамов, сардори раёсати назорати байторӣ ва зотпарварии кумита, вобаста ба мавзӯи “Амалиёти воридотӣ ва содиротии борҳои таҳти назорати байторӣ қарордошта” баромад намуд.
- Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар доираи ваколатҳои худ сиёсати ягонаи давлатиро дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ амалӣ менамояд. Бевосита дар татбиқи ин раванд соҳаи байторӣ нақши муҳим дорад. Кумита бо мақсади амалисозии ҳадафи Ҳукумати мамлакат оид ба дастгирии истеҳсолгарони маҳсулоти воридотивазкунанда тасмим гирифтааст, ки ба соҳибкорони ватанӣ афзалият диҳад. Яъне, бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони маводи дорувории ватанӣ барои ба қайди давлатӣ гирифтан, ки пардохтҳои ҳатмӣ доранд, нисбат ба бақайдгирии дорувориҳои воридотӣ бартарият дода шудааст, - изҳор дошт И. Андамов.
Ҳамзамон, аз ҷониби ширкаткунандагони маҷлиси машваратӣ доир ба самтҳои дигари соҳа маърӯзаҳо  шунида шуданд. Таъкид гашт, ки барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи байни агентиҳо, мақомоту ташкилотҳои давлативу ғайридавлатии ширкаткунанда, махсусан соҳибкорони ватанӣ, ба роҳ мондани муносибатҳо тариқи низоми “Равзанаи ягона” мувофиқи мақсад мебошад. Низоми “Равзанаи ягона”, инчунин, бо мақсади таъмини муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -  “Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони ҷаҳонии савдо” амалӣ карда мешавад.
Дар ҷараёни маҷлиси машваратӣ дастовардҳои “Равзанаи ягона” дар самти байторию фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ  тариқи манитор ба намоиш гузошта шуданд. Иштирокдорон доир ба дастовардҳо ва камбудиҳо дар системаи “Равзанаи ягона” низ андешаронӣ намуда, доир ба татбиқи раванди ҳуҷҷатгузорӣ ва барасмиятдарорӣ ҷиҳати такмили системаи таъсисёфта, бо назардошти талабот ва хусусиятҳои соҳаи байторӣ ва карантини рустанӣ таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2020    №: 235    Мутолиа карданд: 667
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед