номаҳо
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН
Дар ташаккули давлатдории миллатҳои гуногуни дунё нақши шахсиятҳои барҷаста, ки дар мукаммалсозии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва давлат хидматҳои беназир кардаанд, мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Маҳз шахсиятҳои таърихӣ тавонистанд, зимоми давлатдориро ба даст гиранду миллатро ба ояндаи нек раҳсипор созанд.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон, Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари мардумӣ ва ғамхори ҳамешагии тоҷикистониён бориз аст, ки бо корнамоиҳои бемисли ба халқу Ватан кардаашон, номи хешро дар саҳифаи таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт намудаанд. Фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз нестӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳонданд.
Таърих гувоҳ аст, ки ташаккули давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу субот, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, ба амал пайвастани дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ ва дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амн шинохтану миллати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намудан, маҳз ба шарофати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сарбаланди тоҷик насиб гаштааст.
Фахри ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, Тоҷикистон макони иқдомҳои созанда, маркази баргузории муколамаҳои байналмилалӣ гаштаву дар ин раванд миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ эътибору мавқеи хоса пайдо намудааст.
Натиҷаи ин ҳама корнамоиҳои Пешвои миллат баҳри пойдории давлату миллати тоҷикон дар арсаи байналмилалист, ки хурду бузурги кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвою раҳнамо дӯст медоранд ва иқдомҳои созандаашонро дастгирӣ менамоянд.
Гулхумор МУҲАББАТОВА,
омӯзгори МТМУ № 93, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.12.2020 №: 235 Мутолиа карданд: 4542