logo

сиёсат

 КӮШОНИЁН. ҚУДУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРАКАТ ДОРАД


Аҳли заҳмати ноҳияи Кӯшониён баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва, ҳамзамон, омода шудан ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои созандаро амалӣ карда, аз уҳдаи масъулиятҳои хеш бо сарбаландӣ баромаданд. Умуман, дар ҳама соҳаҳо, сарфи назар аз таъсири вируси COVID - 19, дастовардҳои хуб ба назар мерасанд, - иброз дошт Икромиддин Вализода, раиси ноҳия.
Бо мақсади ба таври шоиста истиқбол гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори дахлдори раиси ноҳия ба тавсиб расида, бунёд ва азнавсозии 337 иншоот ба нақша гирифта шуд. Дар натиҷаи корҳои ташвиқотӣ, теъдоди иншооти ҷашнӣ дар се моҳи охири соли ҷорӣ 13 адад афзуд. Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ  соли 2018-ум 31 адад, соли 2019-ум 108 ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 81 бино сохта, ба истифода дода шуд, ки 65,3 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар ин самт дар миёни соҳибкорон ва аҳолии ноҳия идома дошта, бо мақсади боло рафтани вазъи иқтисодии ноҳия ва сатҳи зиндагии сокинон теъдоди иншоот боз ҳам зиёд мегардад.
- Ноҳияи мо ба як минтақаи дилпазир табдил ёфтааст. Ба хусус маркази ноҳия – шаҳраки Исмоили Сомонӣ ба мисли шаҳрҳои обод дорои ҳама гуна шароити зиндагию фароғат аст. Ҳам чароғон ва ҳам нурборон шудааст. Биноҳо, лавҳаю овезаҳо бо равшанию зебоияшон чашмро мебаранд. Пиёдароҳҳо ҳам таҷдид шуда, барои истироҳат даҳҳо марказҳою нуқтаҳо шабонарӯзӣ дар хизматанд, - мегӯяд сокини ноҳия Ҷавҳарбӣ Пирхонова.
Илова ба ин комёбиҳо, чуноне раиси ноҳия иттилоъ дод, тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2016 - 2020 дар панҷ сол нақшаҳои созандаи зиёд ба сомон расонда шуданд.
- Ҳадафи асосии барномаи мазкур таъмини рушди устувори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар асоси коркарди саноатии ашёи хоми маҳаллӣ, ҷавобгӯи талабот ба роҳ мондани хизматрасонии заминавии иҷтимоӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум мебошад. Он ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ самтҳои афзалиятнок ва сиёсати ояндаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияро барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд. Ба ин барнома 217 лоиҳа бо маблағи умумии 248 миллиону 806 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки аз ин 70 лоиҳа ба маблағи 100 миллиону 245 ҳазор сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 94 лоиҳа ба маблағи 74 миллиону 475 ҳазор сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 36 лоиҳа ба маблағи 59 миллиону 63 ҳазор сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 10 лоиҳа ба маблағи 12 миллиону 31 ҳазор сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода ва 7 лоиҳа ба маблағи 2 миллиону 713 ҳазор  сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ рост меояд, - гуфт Икромиддин Вализода ва афзуд, ки дар маҷмӯъ, 84 лоиҳа ба маблағи 71 миллиону 704  ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки 28,8 дарсадро ташкил медиҳад.
Зимнан, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва беҳтар намудани маҳалҳои аҳолинишин дар ростои эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар нуҳ моҳ наздики 445 ҳазор бех гулу буттаҳои ороишии гуногун, амсоли лола ва садбарг шинонда шуда, майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ бо майсаи ҳамешасабз зинат ёфт. Қариб 31 ҳазору 200 бех дарахти сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда шуд.
Маркази ҷамоатҳои ноҳия, аз ҷумла шаҳраки Исмоили Сомонӣ хеле сабзу хуррам шудаанд. Аз тамошои гулу буттаҳо чашм ҳаловат мебарад, - гуфт сокини ноҳия Аҳлиддин Муборов.
Бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия канори ҷодаҳои шаҳраки Исмоили Сомонӣ ба тартиб дароварда шуда, гулкорӣ гардиданд, пайроҳаҳо бо истифода аз тахтасангҳои ороишии бетонӣ азнавсозӣ, чароғпояҳои замонавӣ, фурӯзонакҳои баландшиддат, шиору овезаҳои зебои ватандӯстона, ангораҳои рамзӣ ва муаррифилавҳаҳо таҳия ва насб шудаанд.
Роҳҳо дар пешбурди хоҷагии халқи ноҳия аҳамияти аввалиндараҷа доранд, – мегӯяд раиси ноҳия. – Дарозии роҳҳои ноҳия 231,9 километрро ташкил медиҳад, ки аз онҳо дорои аҳамияти байналмилалӣ 34,8, ҷумҳуриявӣ 18,7, маҳаллӣ 178,4 километр мебошанд. Дар давраи сипаригаштаи соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 450,5 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ 10 ҳазор сомонӣ барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ҷудо шуд. Аз ҳисоби соҳибкорон 0,27 километр роҳ ба маблағи 296 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ, 3,96 километр ба маблағи 31 ҳазор сомонӣ сангфарш, як адад лӯла ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ва 3 пул ба маблағи 24 ҳазор сомонӣ таъмиру барқарор карда шуд, ки аз ин ҳисоб каме ҳам бошад, рафтуомади бемамониати нақлиёт таъмин гардид.
Сокини ноҳияи Кӯшониён Абдулқодир Муродов бар ин назар аст, ки вазъи роҳҳои маҳаллӣ ва дохили хоҷагиҳо ҳоло хеле беҳтар шудааст. Вай афзуд: “Ман ҳамчун ронанда аз кори роҳсозон қаноатмандам. Бовар дорам, ки Тоҷикистони мо дар фурсати кӯтоҳ зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам шукуфотар мешавад ва Кӯшониён ҳам дар ин радиф ҳамчун як нигини Хатлонзамин дурахш ва ҷилои бештар пайдо мекунад”.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2020    №: 235    Мутолиа карданд: 779
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед