logo

фарҳанг

 ЧАКАН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ


Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки чакан ва чакандӯзӣ таърихи қадима дорад. Ҳунармандони тоҷик дар ҳар давру замон кӯшиш ба харҷ медоданд, ки зебоӣ ва рангорангии табиати замину Офтоби ҷойи зисти худро ба риштаи тасвир кашанд.
Куртаи чакан. Ин куртаест, ки таърихи ҳазорсола дорад. Он бештар куртаи халқии духтарони тоҷик буда, яке аз намунаҳои беҳтарин аст ва он метавонад номи попурро низ гирад. Ин намуди либосро духтарон дар ҷашну идҳои миллӣ, бахусус ҷашни Наврӯз, ба бар мекунанд.
Дӯхтани чакан аз 3 то 7 рӯзро мегирад. Ҳангоми дӯхтани он аз риштаҳои ранга истифода мебаранд. Чакан зеби ҳар бонуи тоҷик буда, дар тамоми хонаводаи минтақаи ҷануби мамлакат пироҳани чакан ва чодару рӯймоли чаканро дидан мумкин аст.
Бо эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тамаддуну фарҳанги бойи халқи тоҷик 29 ноябри соли 2018 дар нишасти 13 - уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Порт - Луи пойтахти Ҷумҳурии Маврикий қарор оид ба чакан ҳамчун мероси ғайримоддӣ - фарҳангӣ ба феҳристи ЮНЕСКО қабул гардид. Нигораҳои чакан яке аз сарватҳои бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик мебошад, ки дар миёни мардуми мо вуҷуд дошт, вале афзудану пурбор кардан ва ба арсаи байналмилалӣ баровардани он, ба шарофати табъу завқи баланд, оянданигарии бохирад ва меҳанпарастии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Миллати тоҷик таърихи қадима ва дорои фарҳанги тамаддунофар мебошад. Бо ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар гардида, аз ҷониби давлат, Сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷи тоза гирифт.
Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015, Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2015 ва Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013 - 2020 қабул гардида, ҷиҳати иҷрои он дар тамоми кишвар силсилаи тадбирҳо андешида шудаанд. Куртаи чакан яке аз куртаҳои қадимаи тоҷикон буда, асрҳои аср аз байн нарафтааст. Ин куртаро бо нақшу нигори қадима то ҳол нақшу нигори ҳозира дар матои холӣ бо кашидадӯзӣ оро медиҳад. Ва ҳам ҳар сол озмуни куртаи чакан доир мешавад, то расму оини қадима ба ҳукми фаромӯшӣ наафтад.
 
Сайёраи АВАЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2020    №: 236    Мутолиа карданд: 586
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед