ҳуқуқ
ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ
ОҚИБАТҲОИ ДАҲШАТБОР БА БОР МЕОРАНД
Имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои олам ҷангҳои харобиовар идома доранд, ки боиси афзоиши шумораи қурбониён ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Ҳарчанд тамоми кишварҳо барои пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуби замони муосир - терроризм ва ифротгароӣ тадбирҳо меандешанд, вале, мутаассифона, хатари он беш аз пеш авҷ гирифта истодааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки террористон аз дини поки Ислом сӯиистифода намуда, даст бар қатли занону тифлони бегуноҳ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам, онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои террористӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонда, онҳоро бовар кунонданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Аз ин рӯ, масъулон ва ходимони динро зарур аст, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон боз ҳам бештар намоянд. Мақсади ин зуҳуроти номатлубро ба мардум фаҳмонанд.
Илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони камсавод маҳсуб меёфт. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд гурӯҳҳои манфиатҷӯ дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлубро коршиносон дар он мебинанд, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон, боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат, хоссатан падару модар ва омӯзгоронро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Зайнал ҲОКИМОВА,
омӯзгори МТМУ № 51,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.12.2020 №: 236 Мутолиа карданд: 752