logo

сафарҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Сингапур

Нимаи дуюми рӯзи 31–уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Сингапур иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронӣ аз ҷумла, таъкид гардид, ки “Тоҷикистон тақрибан тамоми ашёи табиӣ ва стратегии аълосифат - об, замини ҳосилхез, тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо, алюминий, маводи сохтмон, пахта, пашм, пӯст, меваҷоту сабзавот, нерӯи арзони барқ, инфраструктураи зарурӣ, нерӯи кории соҳибихтисос, заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ ва имкониятҳои дигари муҳимро барои фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла хориҷӣ, дорад”. Бо ёдоварӣ аз имкону захираҳои фаровон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои марбут ва соҳибкорону тоҷирони ду кишварро ба ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судбахш даъват намуд.
Аз ҷониби соҳибкорони бонуфузи Сингапур ба захираҳои табиии Тоҷикистон ва имконоти фарохи ҳамкорӣ бо он таваҷҷӯҳу ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои форум ҳамчунин Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Нобел - груп оид ба маблағгузории сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои металлургияи ранга, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва ангишт ба имзо расид.
Баъди анҷоми форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари иҷроияи ширкати Нобел - груп Ричард Элманро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот оид ба татбиқи амалии санади мазкури ҳамкорӣ ва нақшаҳои оянда гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Чунонки маълум шуд, ин ширкат 5 сол аст, ки бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамар дорад ва санади нави имзошуда ҳамкориро барои 10 соли оянда дар назар дорад.  Ёдовар бояд шуд, ки Нобел - груп яке аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, гардиши солонаи молиаш зиёда аз 40 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Худи ҳамон рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз як корхонаи бузурги обтозакунии Сингапур дидан карда, бо техникаю технологияи муосир ва тарзи кори он аз наздик шинос шуд.
Чунонки маълум гашт, ин корхона оби шӯри баҳрро пок намуда, аз он оби нушокӣ омода месозад. Корхона ҳамчунин ба захира, поксозӣ ва ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудани оби борон машғул аст.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сингапур идома дорад.
Хотиррасон бояд кард, ки баъди анҷоми ин сафар        Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Бруней - Доруссалом хоҳад рафт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Сингапур иттилоъ дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2096
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед