logo

иқтисод

 ГЕОЛОГИЯ. ГУЗАРИШ БА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД


9 декабр барои геологҳои тоҷик рӯзи хотирмон аст. Дар ҳамин рӯзи соли 2011 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бо кормандони соҳа вохӯрӣ анҷом дода, пешниҳод карданд, ки минбаъд 9 декабр ҳамчун Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шавад. Зимни вохӯрӣ Осорхонаи геологии Тоҷикистон пас аз таҷдиду навсозӣ ифтитоҳ гардид.
Ин мулоқот ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳа дилгармию масъулиятшиносии геологҳоро дучанд зиёд намуда, мутахассисон барои иҷрои лоиҳаҳои муҳими давлатӣ сафарбар шуданд. Тайи солҳои охир ба мушкили молиявӣ нигоҳ накарда, мутахассисони геолог ба ҷустуҷӯ, иктишоф ва омода кардани конҳо барои истифода дар саноат, аз ҷумла конҳои металлҳои ранга, сиёҳ, қиматбаҳо, ашёи радиоактивӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, ҳамчунин, ашёи агросаноатӣ, маводи сохтмонӣ ва ғайраҳо машғуланд.
Ин аст, ки дар натиҷаи амалигардонии иқдомҳои пешрафта дар самти ташкили иқтидорҳои нав ва афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ истихроҷи ангишт аз 309 ҳазор тоннаи соли 1991 ба 2 миллиону 28 ҳазор тонна дар соли 2019 расонда шуд, ки ин нишондиҳанда дастоварди баландтарин дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад. Мутахассисони соҳа тасмим гирифтанд, ки дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат истихроҷи ангиштро соли равон ба 2,2 миллион ва то соли 2040 ба 15 миллион тонна расонанд. Дар дигар самтҳои фаъолияти геологӣ, аз ҷумла омӯзишу иктишоф ва коркарди канданиҳои фоиданок низ, мутахассисони соҳа ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби экспедитсияҳои геологӣ, аз ҷумла КВ «Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум», мувофиқи нақша корҳои иктишофи геологиро аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар объектҳои «Ҷустуҷӯи умумӣ ва дақиқи тилло дар майдони Ошоба» ва корҳои ҷустуҷӯи оҳан дар майдони Қаромазор ба иҷро расонд. Ғайр аз ин, мутобиқи лоиҳаи “Умури давлатии мушоҳида аз рӯйи равандҳои хатарноки экзогенӣ - геологӣ дар шимоли Тоҷикистон барои солҳои 2018-2021” тибқи дархост дар 10 деҳа ва 2 шаҳрак, деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Гулистон, Хуҷанд, Истаравшан, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ тадқиқоти муҳандисӣ – геологӣ гузаронда, дар натиҷа ба 148 хоҷагӣ пешниҳод барои ба ҷойҳои бехавф кӯчондан тавсия дода шуд.
Ҳамчунин, мутахассисони геолог дар татбиқи лоиҳаҳо, ба монанди сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Бойғозӣ», роҳҳои оҳани Бохтар - Кӯлоб ва Ёвон - Ваҳдат, бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ», «Хатлон», хатҳои баландшиддати интиқоли барқи Ҷануб - Шимол, Лолазор - Хатлон, роҳҳои мошингарди Душанбе - Кӯлоб - Кулма - Қарақорум, Душанбе - Рашт - Саритош, Душанбе - Ху-ҷанд - Чанак ва бунёди пулҳои Тоҷикистону Афғонистон ширкат варзида, иншоотро бо сифати баланди натиҷаҳои тадқиқоти муҳандисию геологӣ таъмин намуданд. Дар самти дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба об низ геологҳои тоҷик корҳои ҷустуҷӯию геологии обҳои зеризаминӣ, пармакунии чоҳ барои оби тозаи нӯшоӣ, мониторинги атрофи кӯли Сарез ва ғайраҳоро ба роҳ монданд. 
Дар ин бора Мавҷуда Анварӣ, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муҳаррири ҳафтаномаи “Ганҷ” иттилоъ дод.
Албатта, омӯзишу иктишоф, истихроҷ ва коркарди маҳсулоти соҳа бисёр заҳматталаб ва серхароҷот мебошад. Барои таҳким бахшидани иқтидори иқтисодӣ ва ба соҳа ҷалб намудани сармояи дохилию хориҷӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Саридораи геология тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Ин имкон медиҳад, ки рафти корҳои иктишофию геологӣ вусъат ёфта, маблағҳои Буҷети давлатӣ барои бурдани корҳои ҷустуҷӯи минтақавӣ ва ҳалли масъалаҳои илмии соҳаи геология равона карда шаванд.
Алҳол дар асоси вазифаҳои пешгузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари татбиқи “Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026” “Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030” таҳия гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи барномаи навбатӣ дар назар аст, ки соҳаи геология ба марҳилаи нави рушд мегузарад, яъне бо назардошти ҳадафи чоруми миллӣ корхонаҳои саноати кӯҳии амалкунанда бо захираҳои ашёи минералӣ ва бунёди иқтидори нав таъмин мегарданд. Инчунин, гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисобот ва ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаҳои муосири компютерии кӯҳӣ-геологӣ аз ҳадафҳои муҳими пешбаранда маҳсуб мешаванд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурия”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2020    №: 236    Мутолиа карданд: 709
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед