logo

порлумон

 ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ


9 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум, баргузор гардид.
Аъзои Маҷлиси миллӣ дар оғоз қарорҳои дахлдорро оид ба интихоби котибот, тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 38 масъала қабул ва бо тартиби муқарраргардида ба баррасии онҳо шурӯъ намуданд.
Тибқи рӯзномаи иҷлосияи чорум, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Дилшод Раҳмон, Маҳмадшоҳ Гулзода, Шарифҷон Ҷумъазода ва Фарҳод Раҳимӣ маърӯза карда, нисбат ба қонунҳои баррасишаванда хулоса доданд.
Зимни иҷлосия, аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои дар бахши хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми пойтахти мамлакат ҷорӣ намудани низоми электронии пардохти роҳкироро ба танзим дароварда, додани имтиёзҳоро барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ пешбинӣ менамоянд, муҳокима ва ҷонибдорӣ карданд.
Аъзои  Маҷлиси миллӣ нисбат ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ», ки пурзӯр кардани баъзе намудҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмуриро пешбинӣ намуда, дорои хусусияти такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҷонибдорӣ  карданд.
Дар иҷлосия бо пешниҳодҳои Президенти мамлакат, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода ва бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтулло Раҳматуллозода ва Давлатмо Додихудозода аз вазифа бозхонд шуданд.
Инчунин, тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти Вахон иваз шуд.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Шӯрои илмӣ-машваратии назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо мақсади такмили фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва мақомоти он таҳия шуданд, баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Ҳамзамон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллиро ба як қатор масъалаҳои ҳалталаб, ки вақтҳои охир боиси муроҷиатҳои зиёди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд, ҷалб намуд.
Аз ҷумла, оид ба масъалаи ҳифзи сиҳатии шаҳрвандон ва солимии ҷомеа ибрози назар карда, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ афзуд, ки саломатии ҳар фард аз сатҳи хуби хизматрасонии тиббӣ, ташхиси пурраю саривақтӣ ва таъйиноти дурусти табибон бастагии калон дорад. Зарурати  роҳандозии низоми самараноки хизматрасонии сатҳи аввалияи тиббӣ дар мамлакат, риояи тартиби хизматрасонии тиббӣ, аз байн бурдани зиён ва хавф ба ҳаёти беморон ҳангоми расондани кумаки тиббӣ, ташхиси касбии аниқу мушаххаси беморӣ, таъйиноти дору, бахусус пешгирии таҳияи  дорухатҳои ба истилоҳ «фармоишӣ» ва водорсозии бемор барои хариди дору аз дорухонаҳои муайян таъкид гардид.
Дар робита ба ин, Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон уҳдадор гардид, ки бо мақсади такмили низоми қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани масъулияти хизмативу касбии табибон ва кормандони миёнаи соҳаи тиб, масъалаҳои зикргардидаро якҷо бо сохторҳои марбутаи давлатӣ омӯхта, таклифҳои асоснок манзур намояд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи таҳлили вазъи бозори дохилӣ иброз намуд, ки миёни ширкатҳои давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ дар соҳаи истеҳсоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ рақобати солим ба назар намерасад ва он яке аз омилҳои камфаъолиятии сохторҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои бозорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муваззаф гардиданд, ки қонунгузории кишварро дар самти инҳисорӣ, иҷозатдиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, хариди мол, кор ва хизматрасонӣ ва фаъолияти зиддиинҳисорӣ омӯхта, ҷиҳати таъмини рақобати солим дар бозори истеъмолӣ ва пурзӯр намудани масъулияти мақомоти ваколатдори давлатӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар самти сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини ғизои мусофирон ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Бо дарназардошти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии авиатсияи гражданӣ ва боло бурдани нуфузи ширкатҳои ватании соҳаи авиатсияи гражданӣ дар арсаи байналмилалӣ, ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ дастур дода шуд, ки масъалаи мазкурро бо инобати таҷрибаи ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ омӯхта, ҷиҳати таҷдиди назари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Инчунин, ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти давлатӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти сохторҳои дахлдорро ҷиҳати пешгирӣ ва сари вақт ошкор  кардани ҳолатҳои ғасби ғайриқонунии заминҳо ва сохтмони манзили истиқомативу дигар иншоот дар онҳо пурзӯр намоянд.
Бо ҳамин иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум, ба анҷом расид.
АМИТ "Ховар"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2020    №: 236    Мутолиа карданд: 8803
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед