мулоқотҳо
Вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо собиқ сарвазири Сингапур
2 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири калони Сингапур - собиқ сарвазири кишвар Гоҳ Чок Тонг мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ имкону захираҳои фаровони ҳамкории Тоҷикистону Сингапур баррасӣ гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки “ин сафар ва мулоқоту музокирот, ки дар фазои дӯстонаи тафоҳум ва ҳусни ният сурат мегиранд, оғозгари марҳалаи ҳамкориҳои васеи судманд мегардад”.
Вазири калони Сингапур Гоҳ Чок Тонг ба боло бардоштани сатҳ ва мазмуни сифатан нави муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз биржаи Сингапур дидан карда, бо кори он аз наздик шинос шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Осорхонаи тамаддуни осиёӣ ташриф оварда, як сайри таърихӣ ба гузаштаю имрӯзаи ин давлати ҷавону хурдакаки ҷазиравӣ, вале хеле рушдёфта анҷом дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1891