logo

сиёсат

 ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ КДАМ ДАР ПОЙТАХТ


11 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Синои пойтахт ду бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Биноҳои истиқоматӣ бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 12 ошёна ва 124 хонаи барҳавои як ва дуҳуҷрагӣ иборат мебошанд.
Иншооти нав ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, бо лифтҳои замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Биноҳо дар давоми се сол бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёд гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити биноҳои нав, ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 120 оилаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар ин ду бинои баландошёна соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгорро тақдим намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст, ки таъмин намудани онҳо бо манзилҳои нави истиқоматӣ аз ғамхории ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандон онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти ҷомеа ҳидоят намуданд.
Дар навбати худ кормандони соҳа ба Президенти мамлакат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ беш аз ҳар вақти дигар масъулиятшинос хоҳад кард.
Саҳни биноҳои нави истиқоматӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро ёфта, майдонча барои бозиву дилхушии кӯдакон ва нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд шудаанд.
Дар ин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як бинои нави истиқоматии 16-ошёна санги асос гузошта, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Тибқи лоиҳа шумораи умумии хонаҳо дар бинои мазкур 128 ададро ташкил дода, дар ҳавлии он бунёди майдонча барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидааст.
Сарвари давлат барои бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд кардани иншооти мазкур ба меъморону сохтмончиён дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2020    №: 237    Мутолиа карданд: 565
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед