барқияҳо
Барқияи ҳамдардии Президенти Тоҷикистон ба унвони Президенти Русия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 март ба унвони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барқияи ҳамдардӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Дмитрий Анатолиевичи мӯҳтарам, аз хабари нохуши таркишҳо дар истгоҳҳои метрои Маскав сахт андӯҳгин гардидам, ки бар асари онҳо теъдоди зиёди одамон ҳалок гардидаанд. Ин амалиёти ваҳшиёна бори дигар зарурати ҳамкории ҳамаҷонибаи моро дар мубориза ба муқобили зуҳуроти нафратовари замони ҳозира, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, таъкид менамояд.
Чунин амали ғайриинсонӣ ва бераҳмонаро шадидан маҳкум карда, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии самимонаи моро ба аҳли оила ва хешу табори шахсони ҳалокшуда расонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4364