logo

фарҳанг

 ТАБАҚ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА


Ҳунарҳои дастӣ завқи бадеӣ ва дунёи ботинии  инсонро ғанӣ гардонда, таҳаммулу тозакориро низ, меомӯзад. Таҷассуми ҳунарҳои миллӣ дар ороиши сарулибос, ҷиҳози хона, муҳити зист ва ғайра мушоҳида мешавад. Эълон шудани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандонро масъулиятшинос менамояд онеро ҳам то ҳунари аҷдодиро такмил диҳанд ва барои ҳифзи он шогирде ба воя бирасонанд.  Бояд зикр намуд, ки агарчи то имрӯз аз ашёҳои бо технологияи пешрафта омоданамуда истифода барем ҳам, боз ба асбобҳои рӯзгори аҷдодии аз чӯб сохташуда, аз қабили қошуқ, намакдон, табақ, коса  ва ғайра ниёз дорем. Ҳунари табақтарошӣ миёни халқи тоҷик аз маъмултарин ҳунарҳои суннатӣ маҳсуб меёбад. Маҳсули косибони ин ҳунарро мо дар хонадони ҳар фарди Тоҷикистон дида метавонем. Дар навоҳии водиҳои Ҳисору Рашт ва вилояти Хатлон мардум хӯрокҳои анъанавӣ: қурутоб, шакароб, шӯрбо, оши туппа ва ғайраро дар табақҳои чӯбин истеъмол мекунанд.
Дар замонҳои пеш устохонаҳои табақтарошӣ дар поёноби дарёчаҳо ё ҷӯйҳои кӯҳӣ сохта мешуданд, ки аз таги устохона ҷӯйи об мегузашт ва дар он ба мисли осиёб чарх гузошта мешуд. Об бо суръати баланд аз новадон омада, чархро гардон мекард ва он тири дастгоҳро тоб медод. Тир ба тарзи амудӣ ҷойгир шуда, қисми болои он аз фарши чӯбин гузашта, дар миёнаҷои дукон устувор  буд. Дар болои тир се адад мехи рӯболо кӯфта шуда буд, ки усто ба он ҷо чӯби коркарднашударо маҳкам мекард. Бо давр задани чарх ва тир кундачӯби нотайёр низ тоб мехӯрд ва усто тавассути олоти корӣ ба табақтарошӣ шурӯъ менамуд.
Барои тарошидани табақ бештар чӯби дарахтони зардолу, чормағз, чанор ва тутро истифода мекунанд. Кундаҳои дарахтонро бурида, баъди дукафон кардан дар об ба муддати тӯлонӣ мепартоянд, то мағз ба мағзи чӯб бо об тар шавад. Дар ин ҳолат тарошидани чӯб осон гардида, дар вақти коркард низ намекафад, - мегӯяд Тағдир Азизов, сокини деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод.
 Меҳри чӯбкорӣ ҳанӯз аз давраҳои дар хизмати ҳарбӣ буданаш дар қалби Т. Азизов пайдо шуда буд. Баъдан шурӯъ аз соли 1989 то ин дам ӯ ба табақтарошӣ машғул аст. Дар ин давр аз шаҳру навоҳии гирду атроф шогирдони зиёдеро омода намудааст, ки, аллакай, худ онҳо устод гаштаанд. Аслан андозаи табақҳои тарошидаи ин марди ҳунар аз 10 сантиметр то 1,5 метр мебошанд. Имрӯз маҳсули дасташ харидорони бешуморро пайдо кардааст. Ҳар як табақ вобаста ба тарзи сохт ва сифаташ аз 180 то 4000 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Дар боло зикр намудем, ки табақҳо аз чӯбҳои гуногун омода мешаванд, вале ӯ танҳо аз чӯби чормағз истифода мебарад, зеро табақе, ки аз чӯби чормағз омода мешавад, хӯрокро хуштаъм мекунад. Ба наздикӣ як табақе омода намуд, ки андозааш 1 метру 35 сантиметр буд ва онро яке аз харидорони раштӣ аз рӯи сифаташ  8000 сомонӣ нарх кард.
- Хеле хушбахтам, ки меҳнатамро қадр мекунанд ва ман саддарсад  рӯзгорамро аз рӯи ин касб пеш мебарам. Табақҳои омоданамудаамро борҳо ҳамчун армуғон ба Туркманистону Амороти Муттаҳидаи Араб бурдаанд, ки ин муаррифгари ҳунарҳои дастии мардуми тоҷик мебошад. Банда дар соли 2013 ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари навбатиашон ба ноҳияи Нуробод табақе туҳфа намудам, ки 1, 35 метр паҳноӣ ва 10 кило вазн дошт. Ҳар гоҳе ҳамдеҳагонам аз Осорхонаи ҷумҳуриявӣ дидан намоянд, мегӯянд, ки табақи туҳфакардаатро дар он ҷо дидем,  он лаҳза худро хушбахттарин кас мешуморам. Воқеан, ман хушбахтам, ки ҳунари дасти ман ҳамчун армуғон дар он осорхона ҳифз шудааст, - иброз медорад усто Тағдир.      
 
Гулнисои САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2020    №: 238    Мутолиа карданд: 660
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед