logo

фарҳанг

 ПАНД ОЁ ҲАНӮЗ ҲАМ ДАР РӮЗГОРИ МО МАВҚЕЪ ДОРАД?


Бархе, воқеан, бар ин назаранд, ки панд дар рӯзгори мо дигар ба кор намеояд. Бадтар он аст, ки мегӯянд: «Он монеаи пешрафти инсон дар ҷомеа аст». Ба андешаи ин гурӯҳ мо дар ин ҳазор сол панд гуфтем ва он боиси таназзуламон гардид. Гӯиё бо баёни ин андешаҳо шахсони мутамаддини давронанду на танҳо имрӯзро дарк кардаанд, балки ояндаро низ мебинанд. Ба пиндорашон донишу фаҳмиши пирони рӯзгордида асримиёнагӣ мебошанд, яъне онҳо қафо мондаанд ва тараққиёти техникаву технологияро эҳсос намекунанду намебинанд. Агар ҳам ба ҳар тарз ин гурӯҳе аз ҷавонон меандешанду беибо, беэҳтиромона сухан мегӯянд, барои мардуми бомаърифат, худ як панд, балки сад панди дигар аст. Яъне, аз панд ҳеҷ ҷойи гурез нест.
Агар ҳам ба гузашта, ба адабиёти пурғановатамон рӯ биёранд, ба накуӣ дармеёбанд, ки то ба онҳо ҳам макону замон чунин буд ва минбаъд низ идома меёбад.
Фарзандон падаронро инкор менамуданд, бар панду андарзу насиҳаташон гӯш фаро намедоданд. Аммо чун худ падар мешуданд, ҳақиқатро дармеёфтанд ва эътироф мекарданд, ки беҳтарин раҳнамоён дар зиндагиашон буданд.
Аз суханони Унсуралмаолӣ ба фарзанди гиромиаш аст: «... то пеш аз он, ки дасти замона туро нарм кунад, ту худ ба чашми ақл дар сухани ман нигарӣ, фузунӣ ёбӣ ва некномӣ дар ду ҷаҳон. Ва мабодо, ки дили ту аз кор бастан боз монад, ки он гоҳ аз ман шарти падарӣ омада бошад. Агар ту аз гуфтори ман баҳраи неке наҷӯӣ, ҷӯяндагони дигар бошанд, ки шунидан ва кор бастани некӣ ғанимат доранд. Ва агарчи сиришти рӯзгор бар он аст, ки ҳеҷ писар панди падари хешро корбанд набошад, чи оташ дар дили ҷавонон аст аз рӯи ғафлат, пиндошти хеш эшонро бар он ниҳад, ки дониши хеш бартар аз дониши пирон бошанд. Ва агарчи ин сухан маро маълум буд, меҳри падарӣ ва дилсӯзии падарон маро нагзошт, ки хомӯш бошам».
Панд аз пири доно шунидан накутар аст ва миллати мо аз чунин пирон бисёр дорад. Аммо агар ҳол ва муносибат ин гуна, ки ҳаст, идома биёбад, минбаъд дигар замон ё пирони доноро ё намедиҳад ва ё онҳо аз тарс хомӯширо ихтиёр мекунанду ба қавли Шайх Саъдӣ, муаллими ахлоқ, дар шӯрабум дон намепошанд. Чаро ҳам бипошанд, ки медонанд, ҳосил намедиҳад?
Вуҷуд ё ҳастии инсонҳо ниёз ба панду раҳнамоӣ дорад. Бе раҳнамоии комилу раҳнамоёни асил кас ба манзили мақсуд намерасад. Дар ин роҳ раҳзанон зиёданд ва ноогоҳу танҳоро маҳв низ месозанд.
Ба асрҳои рафта ва шахсиятҳои маъруфи даврону суханашон чун бодиққат таваҷҷуҳ мекунем, бо тааҷҷуб бояд аз худ бипурсем: «Бо чӣ роҳ, кадом усул тавонистаанд ҷавононро дӯстдори панди пирони доно гардонанд?» Барои мисол ин мисраи Хоҷа Ҳофиз кофист: «Ҷавонон дӯсттар доранд, панди пири доноро».
Пири доно сухан ба андеша, санҷида мегӯяд ва муродаш ҳидояти ҷавонон ба роҳи рост аст.
Панд гуфтан, яъне тарбияи дурусти ахлоқӣ мебошад. Аммо нахуст дар ин фикр бошем, ки то ба куҷо панди мо муассир хоҳад буд. Дар ин маврид боз овози Хоҷа Ҳофиз ба гӯши ҷон мерасад: «Ҳон, эй писар, бикӯш, ки рӯзе падар шавӣ».
Мебинем, мушоҳида мекунем, мешунавем, ки ин гуна кӯшишҳо рӯз ба рӯз камтар мешавад. Ва ҳам хавф мебарем, ки рӯзе он ба куллӣ аз байн меравад. Он гоҳ наслҳо ба адабиёти пурғановати ҳазорсолаамон рӯ намеоранд, аз он дур мешаванду ифтихор намекунанд. Дар ин сурат миллат ба ону ин шукӯҳу тамаддунаш, агар ҳам нест намегардад, эътиборашро дар арсаи олам аз даст медиҳад.
Кадом шоире ба пушаймонӣ худро барои панд додани дигарон ва ибратомӯзӣ сарзаниш мекунад?
Ҳофиз, нагаштӣ шайдои гетӣ,
Гар мешунидӣ панди адибон.
Ҳирс, тамаъ, ҳасад, ҷоҳ, сарват, шаҳват чашмҳои дилҳоро кӯр кардааст. Дар ҳеҷ дорухонае барои онҳо давоӣ нест. Агар ҳам ҳама сарвати бузургро дар ин роҳ сарф бинамоянд, муваффақ нахоҳанд шуд. Барҳақ пирони мо таъкид доштанд, ки агар хишти аввалро каҷ бигузоранд, то ба охир ё худ Сурайё девор каҷ меравад.
Аз бунёд, аз бунёди неки худ оё андешидаем? Агар андешидаем, барои он, истеҳкоми вуҷуд чӣ тадбиреро ба фарҷом расондаем.
Дуруст фармудаанд, ки вуҷудро, ботинро бояд пок сохт. Агар аз панд дур мешавем, ба он нафрат пайдо мекунем, дар ин мубориза ҳаргиз дастболо намешавем.
Озмуну сабқатҳои кохҳои баланду боҳашаматсозӣ дар мо нишони дур аз маърифат, дур аз панд, дур аз тарбияи ахлоқӣ шудан аст. Бунёди ин гуна кохҳо замоне хуб мебошаду пурманфиат, ки агар пеш аз онҳо коҳҳои хирадро дар вуҷуду ботини худ бисозем.
Аз тақлид ногузир бояд бипарҳезем, хосса аз тақлиди бегонагон. Ва гурезон бошем аз пандҳову афкори бегона, ки бар мо таҳмил кардан мехоҳанд. Бечора зоғ равиши кабкро наомӯхт, аммо равиши худро бар асари тақлид аз ёд бурд.
Ин суханон аз рӯи масъулиятшиносӣ ва дилсӯзӣ аст ва ба қавли Саноӣ, ту хоҳ аз он малол бигиру хоҳ панд. Дар ҳар ду сурат барои оқилон, дурандешон панд аст. Охир, адабро аз беадаб ҳам омӯхтаанд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2020    №: 238    Мутолиа карданд: 708
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед