номаҳо
АЗ ПЕШНИҲОДИ «ҶУМҲУРИЯТ» ИСТИҚБОЛ МЕКУНЕМ
Ба табъ расидани матлаби «Профессори фахрӣ» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (19 ноябри соли 2020) маро ҳамчун омӯзгор вазифадор намуд, ки перомуни он андешаҳоямро иброз намоям. Муаллифи ин навишта Абдулқодири Раҳим дар баробари зикри хидматҳои бесобиқаи устоди шодравон, адабиётшиноси асил, «Белинскийи тоҷик» Соҳиб Табаров, аз ҷумла пешниҳод месозад, ки асарҳои ӯ бознашр бишаванд. Воқеан, дар мавриде ки Пешвои миллат барои боло бурдани сатҳи донишу ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - ро таъсис додаанду ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд, ин пешниҳод саривақтӣ мебошад.
Монографияи устоди зиндаёд бо номи «Пайрав Сулаймонӣ» ҳанӯз соли 1962 ба табъ расида буд. Бе шак, пайдо кардани он ба хотири мутолиа намудан ва маълумоти кофиву дуруст гирифтан дар бораи ин шоири шаҳиру ҷавонмарг пас аз гузаштани қариб 60 сол осон нест.
Асари дигари устод Соҳиб Табаров дар бораи тарҷумаи ҳоли сардафтари адабиёти навин, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ мебошад. Ба ростӣ, дар бораи таълифу нашри ин китоб шунидем, аммо онро дастрас карда натавонистем. Фикр мекунам, ки он беш аз чандсад нусха ба табъ нарасидааст. Дар ин сурат онро чанд мутахассису муҳаққиқ соҳиб шудаанд. Ҳол он ки ин гуна асар бояд бо теъдоди зиёд нашр гардад, то ҳар нафар тоҷику тоҷикистонӣ дар бораи қаҳрамони кишвараш маълумоти дурусту зиёд дошта бошад.
Дар адабиётшиносии тоҷик ин аввалин асарест, балки таҳқиқотест, ки тарҷумаи ҳоли нависандаро бо далелҳои муътамад барқарор намудаанд.
Аз рӯи шунидам, устод Соҳиб Табаров асари «Раҳбари наҷот» - и Абдурауфи Фитратро шарҳу тавзеҳ додаанд. Ин китоб низ, албатта, бо теъдоди бисёр кам ба табъ расидааст, ки онро натавонистем пайдо бинамоем. Аз ин рӯ, нашри асари мазкур ногузир мебошад.
Зикри номи неку фаъолияти эҷодии устод ва гиромидошташ, ба яқин, имкон фароҳам меоварад, ки наслҳои ояндасози миллат дар рӯҳи хештаншиносӣ, дӯстдории Ватану сарзамини аҷдодӣ, густаришу рушди тамаддуну фарҳанг саҳми бештару беҳтар бигиранд.
Фирӯза МИРЗОЕВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.12.2020 №: 238 Мутолиа карданд: 4548