logo

сиёсат

 СИЁСАТ. ТАТБИҚИ НИШОНДОДҲОИ ПАЁМ САОДАТИ МИЛЛИРО ШИКАСТНОПАЗИР МЕСОЗАНД


Мардуми шарафманди мо аз оғози фаъолияти сиёсӣ дар шахси Сарвари давлати худ сиёсатмадори ормонгароеро дарёфтанд, ки барои расидан ба рӯзи муроди миллат ҷон ба каф гирифта, халқро аз миёни обу оташи ҷанг раҳо бахшиданд. Президенти маҳбуби кишвар бидуни эҳсоси хастагӣ ва таҳдиди хатар ба ҷони хеш барномаҳои созандаеро рӯи даст гирифтанд, ки ҳосилаш сулҳу ваҳдати пойдор ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори сатҳи байналмилалӣ шуд.
Ин аст, ки мақомот ва халқи тоҷик баҳри татбиқи сиёсати Пешвои муаззами миллат содиқона камар баста, ҳар ташаббус ва иқдомоти созандаи Роҳбари тавонои хешро дастгирӣ ва амалӣ месозанд. Бахусус, фаъолнокии ҷомеа дар иҷрои дастуру нишондодҳои Президенти мамлакат, ки ҳар сол дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ироа мешаванд, хуб ба назар мерасад. Зеро нишондодҳои Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, саодати рӯзгор ва манфиатҳои давлативу миллиро дар пай доранд.
Тавре мо огоҳ ҳастем, соли ҷорӣ дар кишвари азизамон ду маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи порлумонӣ ва президентӣ дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ доир шуд. Албатта, барои дар чунин сатҳ, дар фазои озоду ором ва демократӣ доир шудани интихоботҳо Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 декабри соли 2019 замина гузошт. Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём ба моҳият ва аҳамияти таърихии баргузор намудани интихобот ишора намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд, озоду шаффоф баргузор кардани интихобот ба мақоми салоҳиятдор ва дигар сохторҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла: «Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро бояд тавре ташкил намояд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок кунанд. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё созанд».
Пешвои миллат дар идома таъкид намуданд: «Дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд».
Раванди корҳои омодагӣ ва ташкилу баргузории интихоботҳои гузашта нишон дод, ки ниҳодҳои дахлдор дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро дар ин самт сарбаландона иҷро намуда, ҳар ду чорабинии сиёсӣ ҳам дар фазои демократӣ ва дар асоси эҳтиром ба иродаи халқ сурат гирифт. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки дар остонаи интихоботҳои гузашта, гурӯҳе аз нотавонбинони миллати сулҳпарвари тоҷик бо тамоми ҳастии хеш вориди дасиса шуданд, то вазъро ноором созанд. Аммо ба рағми душманони сулҳу ваҳдати мо мақомот ва мардум фазои интихоботиро тавре созмон доданд, ки қобили ситоиш ва баҳои баланди мушоҳидони байналмилалӣ гардид. Ин ҳама нишони пайравӣ ба сиёсати бунёдгаро, татбиқи нишондодҳои саодатбахши паёмҳои Президенти мамлакат ва ҷомеаи дар рӯҳияи худогоҳӣ камолёфтаи тоҷик аст, ки ҳеҷ гурӯҳи манфиатҷӯ ба шикасти он қодир нахоҳад буд.
Диловар МИРЗОҲОМИДЗОДА,
раиси суди шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2020    №: 238    Мутолиа карданд: 678
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед