logo

туризм

 САЙЁҲӢ: ТАМОШОИ КАЙҲОН АФСОНА НЕСТ


Сайёҳӣ дар замони муосир ба яке аз соҳаҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Раванди он дар Тоҷикистон дар асоси тақозои иқтисоди бозаргонӣ, муносибатҳои сифатан нав нисбат ба ташкил ва омода намудани мутахассисон дар мактабҳои олӣ бомаром идома дорад.
Аз нуқтаи назари таҳлилгарон ва мутахассисони соҳа, пояи асосии инкишофи сайёҳиро омилҳои зерин ташкил медиҳанд: инкишофи иқтисодиёт ва пешрафти иҷтимоӣ, муаррифии кишвар, равобити гуногунсамт бо аҳолии мамлакатҳои дигар.
Сайёҳӣ вобаста ба неруи баланди пурсамари худ қудрати дар як муддати кӯтоҳ қонеъ гардондани талаботи максималии рекреатсионӣ дошта, нисбат ба дигар соҳаҳо афзалиятҳои зиёд дорад.
Ҳоло ҳатто олимон сайёҳии кайҳониро ба муштариён пешниҳод карда истодаанд. Намояндаи агентии сайёҳии кайҳонии «Спейг-Тур» (Олмон) Хартмут Миллер иттилоъ дод, ки лоиҳаи барномаи сохтмони якумин дар ҷаҳон меҳмонхонаи кайҳонӣ тартиб дода шудааст ва то соли 2025 амалӣ хоҳад гашт. 
Бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд. Ин амали хирадмандона, баҳри маъруфият пайдо кардани кишвари мо дар арсаи ҷаҳон мусоидат хоҳад кард. Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ олимон, рӯзноманигорону нависандагон ва кулли қаламкашон дар бораи рушди сайёҳӣ асарҳои тоза ба тоза эъҷод менамоянд.  Лозим аст, ки дар таълимгоҳҳо ба масоили сайёҳӣ ва моҳияту аҳамияти онҳо бештар таваҷҷуҳ намоем. Дар макотиби олӣ бояд фаъолияти кафедраҳои сайёҳӣ тақвият ёбанд.
Дар робита ба ин, воситаҳои ахбори оммаи кишвар метавонанд дар тарғиби мавзеъҳои туристӣ саҳми бориз гузоранд. Ҳамин аст, ки мамолики пешрафтаи ҷаҳон барои ҷалби сайёҳон аз ВАО самаранок истифода мебаранд.  Мутаассифона, дар Тоҷикистон рекламаҳое, ки аз тариқи телевизион дар бораи ёдгориҳои таърихӣ пахш мешаванд, ҳатто барои аҳолии дохилӣ басанда нестанд. Зеро, аз рӯи мушоҳидаҳо, қисми зиёди аҳолии мамлакат дар бораи чунин мавзеъҳо маълумоти кофӣ надоранд. Дар сурати надоштани маълумоти зарурӣ мо наметавонем имкониятҳои туристии мамлакатро ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намоем.
Саодат МАҶИДОВА,
директори МТМУ № 42 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2020    №: 238    Мутолиа карданд: 5969
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед