logo

сиёсат

 2020. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ МЕАФЗОЯД


Дар умури сиёсӣ ва идораи давлатӣ гоҳҳо падидаҳое ба миён меоянд, ки дар рӯзгори мардум таъсиргузор буда, барои ҳамеша дар хотираҳо боқӣ мемонанд. Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия, ки 24 - 25 ноябри соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, моҳиятан ҳамин гуна хусусиятро ба худ касб карда, ҳамчун як сафари пураҳамият дар соли 2020 ёд хоҳад шуд. Зеро он бо натиҷаҳои чашмрасе анҷом пазируфт, ки дар таҳкими муносиботи бисёрҷониба ва байнипорлумонии ду кишвар мусоидат намуда, ҳамкориҳои ҳасанаи шаҳрҳои Душанбеву Москваро дар бахшҳои гуногун такони нав бахшид.
Ин сафар аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ буд, ки дар як давраи басо мушкил -  тағйири низоми муносибатҳои байналмилалӣ бар асари пандемияи  COVID – 19 сурат гирифт. Албатта, дар чунини вазъ анҷом додани сафар ва дидору мулоқотҳои фарогир агар аз як тараф иродаи устувори сиёсатмадори ҷавони тоҷик бошад, аз сӯи дигар ҳавасмандии Тоҷикистону Россияро дар тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба нишон медиҳад. Ҳақиқати ин амр, дар ҷараёни суҳбатҳои хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб тасдиқ шуд. Аз ҷумла, Валентина Матвиенко барои анҷоми чунин сафар ва мулоқоти рӯ ба рӯ дар давраи пандемияи коронавируси ҷаҳонӣ истиқбол карда, изҳори бовар намуд, ки натиҷаҳои он дар тавсеаи равобити дуҷониба такони нав мебахшанд.
Қобили зикр аст, ки таҳкими муносибот бо Федератсияи Россия ҳамчун шарики стратегӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон авлавияти хос дошта, дар ин замина ба рушди ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Ҳоло ба назар мерасад, ки робитаҳои байнипорлумонии ду кишвар, ки ҷузъи хеле муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мебошанд низ, ба сатҳи сифатан нав баромада, дар доираи он дигар масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ матраҳ мешаванд. Чунончи, зимни музокироти ҳайатҳои порлумонӣ ду кишвар заррурати тавсеа бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имконияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пешрафтаи россиягӣ ба бахшҳои мухталифи саноати Тоҷикистон ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр, таҳияи нақшаи корӣ вобаста ба иҷрои саривақтӣ ва босифати тавофуқоти ҳосилшуда таъкид  гардид.
Таваҷҷуҳ ба тавсеаи кори комиссия дар ҳолест, ки феълан беш аз 70 созишнома ва меморандумҳо заминаи ҳуқуқии ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Россияро таъмин намуда, робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии кишвари мо бо 60 минтақаи ин қудрати ҷаҳонӣ фаъолона идома доранд. Илова бар ин, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо мақомоти баландпояи Федератсияи Россия таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки ин амр метавонад, татбиқи яке аз чаҳор ҳадафи стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишварро суръат бахшад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳамин мулоқот ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати корӣ, аз ҷумла зарурати аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, содагардонии тартиби ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасӣ намудани имконияти «авфи муҳоҷиратӣ»-и такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани  хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни ду давлатро, ба миён гузоштанд. Содироти  маҳсулоти кишоварзии  аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Россия ва афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат яке аз мавзӯъҳои дигари меҳварии суҳбат буд. Ин дар ҳолест, ки сабзавоти тару тоза ва меваҳои хуштаъми Тоҷикистон дар Россия харидори зиёд дошта, ҳамчун маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза писандида шудааст.
Дар мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков ҳам тавофуқоти муҳим сурат гирифт. Аз ҷумла, Думаи давлатӣ пешниҳоди Рустами Эмомалӣ оид ба масъалаи то ба 700 нафар расондани квотаи донишҷӯёни тоҷик ва маблағгузории он аз буҷети соли 2021-и Федератсияи Россия, бо нафақа таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо патент ва дигар санадҳои зарурӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия кор мекунанд, қобили қабул донист. Мувофиқаҳои ҳосилшуда дар ин самт, ки бештар ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон хидмат хоҳанд кард, мавриди истиқболи гарми мардум ва таҳлилгароне, ки ин сафарро пайгирӣ доштанд, қарор гирифт. Зеро масъалаи бо нафақа таъмин намудани шаҳрвандони мо дар Россия солҳо боз мавриди баррасии мақомоти дахлдор ва баҳси ҷомеаи шаҳрвандӣ буд.
Инчунин, таҳкими маҷмӯи васеи ҳамкориҳои байниҳукуматии ду кишвар ва шаҳрҳои Душанбеву Мос-ква дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Алексей Оверчук ва раиси шаҳри Москва Сергей Собянин мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз нигоҳи фарогирии масоил ва ҳуҷҷатҳои имзошуда аҳамияти калони иқтисодиву иҷтимоӣ доранд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо раиси шаҳри Москва Сергей Собянин масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Душанбе ва Москва мавриди гуфтугӯ қарор гирифта, вобаста ба самтҳои афзалиятноки робитаҳои минбаъда табодули афкор сурат гирифт. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз соли 1996 миёни Душанбеву Москва Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангӣ тасвиб шуда буд, ки он ба робитаҳои гуногунҷанбаи стратегии ду шаҳр асос гузошт.
Рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва гуманитарӣ - фарҳангӣ, принсипҳои шарикии стратегӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни субъектҳои хоҷагидори тарафайн ва ҷалби сармоя, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ дар меҳвари мулоқоти раиси шаҳри Душанбе ва раиси шаҳри Москва қарор гирифт. Дар ҳамин ҳол, Сергей Собянин ба манфиатдор будани ҷониби Россия ба ҷалби неруи корӣ аз Тоҷикистон бо назардошти пешниҳоди имтиёзҳои иловагӣ таъкид кард.
Натиҷаи муҳими ин мулоқот қабули Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020 - 2023 байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати шаҳри Москва мебошад. Тавре раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе шарҳ дод, ин барнома бо мақсади тавсеаи  робитаҳо дар мусоидат ба рушди иқтисодии шаҳрҳои Душанбе ва Москва равона гардида, самтҳои афзалиятноки идомаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, инфрасохтори роҳу нақлиёт, шаҳрсозӣ, ободонии ҳудуди шаҳр, соҳибкорӣ, савдо ва хизматрасонӣ, телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, саноат ва инноватсия, маориф ва илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзишро фаро мегирад.
Дар маҷмӯъ, сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, ҳуқуқиву иҷтимоии мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе, масири нав кушод. Ҳайатҳои расмӣ ва ҳам доираҳои коршиносон зарфият ва натиҷаҳои дидору мулоқотҳои сиёсатмадори ҷавонро бо мақомоти баландпояи Федератсияи Россия таконбахши дурнамои ҳамкории стратегии ду кишвар арзёбӣ менамоянд. Ҷониби Россия ҳам ба ин сафар майли зиёд нишон дода, ҳайатҳои музокиракунанда итминон доданд, ки масъалаҳои бамиёнгузоштаи ҷониби Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи Шӯрои Федератсияи Россия ва дигар ниҳодҳои дахлдор қарор хоҳанд гирифт.
Табиист, ки таҳкими ҳамкориҳо миёни Душанбеву Москва ва дигар шаҳрҳои олам роҳи рушду  шукуфоии  пойтахти Тоҷикистони азизро ҳамвортар ва эътибори онро дар миёни шаҳрҳои бонуфузи олам шоиста мегардонад. Ин дар ҳолест, ки Душанбе дар чанд соли охир бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомоти навҷӯёнаи раиси ҷавону навовараш ба гулбоғи зебову дилоро табдил шуда, таваҷҷуҳи зиёди сайёҳон, меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ гардидааст. Ҳоло пойтахти Тоҷикистон ҳамчун шаҳри амн ва ҷолиби сайёҳӣ эътироф гардида, аз соли 2018 узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ мебошад.
Авҷи тозакориҳо, бунёди боғу гулгаштҳои нав, иншооти зебову мувофиқ ба талаботи замони муосир, ҷорӣ намудани усулҳои пешрафтаи хизматрасонӣ, танзими хадамоти нақлиётӣ боиси ифтихори сокинони пойтахт гардида, ба табиати зебопарастии шаҳрвандон таъсири нек гузоштааст.
Тағйири симои Душанбе ва рушди бомароми он самту уфуқҳои тозаи ҳамкорӣ бо дигар шаҳру музофоти пешрафтаро боз намуда, сол ба сол шумораи шарикони хориҷиро зиёд мегардонад. Ин аст, ки то кунун 18 шаҳру музофоти пешрафта бо Душанбе аҳди бародаршаҳрӣ доранд. Чунин эътибори баланд дар пайи сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия низ ба шоистагӣ пазируфта шуда, шаҳрдории  Москва  ҳавасмандии амиқи худро барои тақвияти ҳамкориҳо бо Душанбе зоҳир намуд. Мусаллам аст, ки афзудани эътибори Душанбе ва чун маркази баргузории нишасту ҳамоишҳои сатҳи баланд интихоб шудани он, аз ҳар як шаҳрванди мамлакат ва сокини пойтахт масъулияти хосе талаб менамояд. Ва чунин масъулият, дар ҳоле ки шаҳри Душанбе ҳамчун «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021» ва «Пойтахти сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020 – 2021» мавриди таваҷҷуҳи зиёдтаре хоҳад буд, бояд бештар зоҳир гардад. Зеро Душанбе симои Тоҷикистон буда, маданияти шаҳрдории сокинонаш дар чашми меҳмонони хориҷӣ, тамаддуни миллиро муаррифӣ месозад.
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2020    №: 238    Мутолиа карданд: 885
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед