маориф
ГАВҲАРИ КАМЁБ
ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД ИСЛОМ ҒУЛОМОВ
Он солҳо номи мо чу хати паргор дар гирди нуқтаи нанг чарх мезад. Мехостем, ки ин масофа наздик не, дуртар ва ҷавлонгоҳ васеътар гардад.
Дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб, ки соатҳои дарсии илмҳои дақиқ камтар буданд, пояи дониши математикии толибилмон он қадар мустаҳкам набуд ва ҳар лаҳза онҳо ба мушкилот дучор мешуданд. Ҳатто хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз онҳо бартарӣ доштанд. Сабаби домани нангро сахттар доштану аз ҳамдарсон гузаштани банда ғайрихтиёр ба хонаи донишманди бузург Ислом Ғуломов рафтан шуд. Он вақт устод вазифаи сарварии факултети физика ва математикаи Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро адо мекарданд. Қомати баланд, чеҳраи нуронӣ ва дар пушти шишаи айнак чашмони хатхӯрда ба устод салобати дигар бахшида, кӣ будан ва чӣ мартаба доштани ӯро муаррифӣ менамуданд. Бе гуфтор ҳам аз ҳар қадам ва нигоҳҳои пурмеҳраш аён мешуд, ки он кас марди оқилу хирадманд аст. Ҳангоми бо ӯ ҳамсуҳбат шудан ин тахминҳо ба ҳақиқати ҳол табдил ёфта, бегонаро ҳам бо ӯ ошно мекард.
Устод некхоҳу бадхоҳ, заҳматкашу фиребгар, ғамхору беғам, билохир донову нодонро бо нигоҳ шинохта, чун рӯҳшинос бо ҳар шахс муомилаву муоширати мухталиф менамуд. На танҳо донишҷӯёни заҳматкашу доно, балки донишҷӯёни камдон ҳам ба айби худ иқрор шуда, ӯро дӯст медоштанд ва аз сахтгирияш наранҷида, нисбат ба дигар омӯзгорон бештар ба ӯ майл менамуданд.
Устод Ислом Ғуломов дар назару дарки донишҷӯён фарогири ҳамаи илмҳо тофта, қомуси зиндаро мемонданд. Аксари сабақомӯзон ҳангоми мутолиаи асарҳои офаридаи ӯ, ки барои беҳбудии таълиму тарбия ва дастур ба донишҷӯён маводи нодир маҳсуб меёфтанд, гоҳо дар роҳи аниқ кардани ихтисоси устод раҳгум зада, ба худ савол медоданд: “Ин муаллим мусофири роҳи кадомин илм бошанд? Аз ҳар ҳарфу ҳиҷо, вожа ва риояи хуби имлову дигар қоидаҳои забон пайдост, ки филолог аст. Вақте ки чашмонаш дар асарҳои устод бо далелу иқтибосҳои таърихӣ меафтод, мегуфт, ки шояд бахши таърихро хатм кардааст.
Ҳамчунин, эҳсос мегардид, ки устод донандаи хуби илми фалсафаву равоншиносӣ ва мантиқ мебошанд. Аз масъалаҳои арифметикиву математикӣ ҷои баҳс набуд. Хулоса, китобҳои навиштаи устод фарогири бисёр бахшҳои илм буданд ва ҳамин ҷиҳат он асарҳоро хонданбоб менамуданд.
Дар соли дуюми таҳсил, ки кам-кам машқи шеър мекардам, устоди зиндаёд, ғамхору дастгири ҳама навқаламону адибони шинохта Боқӣ Раҳимзода ба унвони сарвари донишкада мактуб навишта, хоҳиш карданд, ки барои зоеъ нашудани вақт ва омӯхтани нозукиҳои эҷоди шеър имкон бошад, ин писарро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики донишкада гузаронед.
Сарвари донишкада розӣ шуданд, вале устод Ислом Ғуломов бо далелҳо исбот карданд, ки обила дар роҳи шавқ монеи ҷавлон шуда наметавонад. Шурӯъ аз Хайём номҳои бисёр шоиронеро ба забон гирифтанд, ки парвардаи бахшҳои мактаби илми дақиқ будаанд. “Мо ҳам соҳиби газетаи деворием ва эҳтиёҷи таҳрири баъзе мактубҳоро дорем, ин кас бояд ҳамроҳи мо бошанд. Илова бар ин, ман низ аз офаридаҳои бузургони сухан бархӯрдорам ва каму беш қудрати ба шеър баҳо доданро ҳам дорам, илтимос мекунам, ки сухангӯи ҷавони бахши моро ба дигар факулта нагузаронед”, - гуфтанд.
Ростӣ, ман на танҳо нозукиҳои илми дақиқро, балки дарси заҳмат кашидану ҳар душвориро паси сар кардан ва ноумед нашудану ба қуллаи мақсад расиданро аз он кас омӯхтам. Бо гузашти вақту зиёд шудани донишу таҷриба бузургии устодро хубтар фаҳмидам. Дар ҳошияи китоби “Олами бофазилат”, ки шояд порае аз зиндагиномаи он касро дар бар мегирад, омадааст: “Ҳадафи нашри ин китоб муаррифии хизматҳои арзишманди олими бофазилат, пухтакор ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ислом Ғуломов мебошад”.
Дар китоб ҳамкорону дӯстон ва шогирдон чеҳраи марди хирадмандро бо мақолаҳои хубу хонданӣ дигарбора бозтоб намуданд. Доктори илмҳои педагогӣ, профессори Институти психология ва педагогикаи умумии собиқ АФП СССР Л.М. Фридман асари пурарзиши шогирдашро варақ зада, онро ”Нодиртарин асари илмӣ” номид ва гуфт: “Агар аннотатсияи китоб бо забони русӣ навишта мешуд, хонандагони дигар кишварҳо ба таърихи ниёгони риёзидони тоҷик хубтар ошно мешуданд”.
Воқеан, устод Ислом Ғуломов гавҳари камёби кони илми замони худ аст. Ӯ дар давоми фаъолияти корӣ 2 монография, 22 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, зиёда аз 180 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ навишта, дар маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳои даврӣ чоп карда, ба пайравони минбаъда роҳ кушодааст.
Қисса кӯтоҳ, зиндагиномаи донишманди бузург, устоди азизи ҳазорон хатмкардагони донишгоҳи Кӯлоб Ислом Ғуломов барои ҳама илмомӯзону заҳматкашони олами фаҳму хирад ва чӣ гуна ба қуллаи мақсад расидан дастури нодир аст.
Муҳаммад ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.2020 №: 239 Мутолиа карданд: 1526