маориф
ФАНҲОИ ДАҚИҚ.
КОРҲОИ ЛАБОРАТОРӢ ОМИЛИ ТАШАККУЛИ МАҲОРАТ
“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 бо мақсади пурзӯр гардондани назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ, ташвиқ намудани наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, тақвият бахшидани қобилияти эҷодӣ ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани онҳо ба фанҳои дақиқ мебошад.
Ин иқдом саривақтӣ буда, барои ба ин самти созанда роҳнамо сохтани ҷомеа ва фаъолияти самараноки илмию тадқиқотии муассисаҳои илмӣ мусоидат хоҳад кард. Рушди кишвар, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, техникаю технологияи муосир, фарҳанги техникии шаҳрвандон ба инкишофи фанҳои дақиқ алоқамандии зич дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани фарҳанги техникӣ миёни толибилмон ва сатҳи дониши хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешида, маърифати техникии онҳоро инкишоф диҳем. Дар инкишофи фарҳанги техникӣ, пеш аз ҳама, фанни физика нақши пешбаранда мебозад. Ин фан аз муҳимтарин риштаи илмҳои табиатшиносӣ ба шумор меравад, ки сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳоро маънидод намуда, робитаи байни онҳоро муқаррар месозад.
Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани маърифати техникии ҷомеа дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ барои хонандагон шароити мусоид фароҳам овардан зарур аст. Азбаски на дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои корҳои лабораторӣ дастгоҳҳои таҷрибавӣ ва таҷҳизоти зарурӣ мавҷуданд, аз усулҳои дигари гузарондани корҳои лабораторӣ истифода намудан аз манфиат холӣ нест.
Маҳорат дар амал татбиқ карда тавонистани дониш буда, фаъолияти фикрӣ мебошад. Ба низом овардану татбиқ кардан, ҳал карда тавонистани машқу масъала, гузарондани таҷриба, ҳисобкунӣ, ченкунӣ, тартиб додани занҷири электрикӣ маҳоратҳое мебошанд, ки дар муассисаҳои таълимӣ ташаккул дода мешаванд.
Маъмултарин ҷузъи дарсҳои ташаккули маҳорату малака ҳалли масъалаҳо ва корҳои лабораторӣ мебошад. Корҳои лабораторӣ - методи таълим ва воситаҳои айёният мебошад ва бо мақсади дар хонандагон ташаккул додани маҳорати мушоҳида ва маънидод кардани ҳодисаҳо ва таҷрибаҳои физикӣ бо ёрии барномаҳои компютерӣ, шинос кардани хонандагон бо сохт ва амали асбобҳо ва барномаҳои компютерӣ, ба хонандагон омӯхтани санҷиши қонунҳои физикӣ дар амалияи компютер, муайян кардани донишҳои физикӣ ва компютерӣ, ташкил карда мешавад.
Тартиби маъмули дарси кори лабораторӣ чунин аст. Нахуст бо мақсади тайёр кардани хонандагон барои бошуурона иҷро кардани кор ва санҷиши дониши онҳо доир ба маводе, ки барои гузарондани таҷриба зарур аст, суҳбати муқаддимавӣ баргузор мегардад. Дар ин суҳбат омӯзгор тарзи истифодаи таҷҳизотро фаҳмонда, амали кори онҳоро нишон медиҳад. Усули бартараф кардани хатоҳое, ки рӯй доданашон аз эҳтимол дур нест, нишон дода, хонандагонро ба риояи техникаи бехатарӣ ҷалб мекунад. Ҳангоми суҳбати муқаддимавӣ таҷҳизоти зарурӣ бояд рӯи мизи хонандагон бошад, зеро дар идомаи суҳбат хонандагон нишондодеро, ки дар китоби дарсӣ мавҷуд аст, ба роҳбарӣ гирифта, ба иҷрои мушоҳида ва ченкуниҳои зарурӣ сар мекунанд.
Хонандагон натиҷаҳои мушоҳида, озмоиш, ченкуниҳоро дар дафтари худ қайд карда, аз рӯи он ҳисобот менависанд. Аз ҷониби омӯзгор ҳисобот, муҳокима ва ҷамъбасти натиҷаи кори лабораторӣ санҷида шуда, дар дафтари хонандагон аз рӯи натиҷаи корҳои амалӣ ва таҷрибавии дар компютер нишондода баҳо гузошта мешавад. Ҳангоми баҳогузорӣ омӯзгор савияи дониши хонандагонро низ ҳатман бояд ба эътибор гирад.
Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани сифати таълим ва иҷрои талаботи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, пеш аз ҳама, таъмини шароити мусоид, тарбияи дурусти хонандагон дар ҳамаи самтҳо, таъмини лаборатория ва кабинетҳои таълимии фанҳои дақиқ бо асбобу лавозимот ва дастгоҳҳои таҷрибавӣ ва фаъолияти омӯзгорони соҳибтаҷриба омили асосист. Асри XXI, ки давраи пешрафти босуръати илму техника ва технология, зуҳури навгониҳои нави илмист, рушду нумӯъ ва тараққиёти мамлакат бе иҷрои ин амалҳо амри ногузир аст.
Хуршед МИРЗОЕВ,
омӯзгори МТМУ № 67, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.12.2020 №: 240 Мутолиа карданд: 1919