logo

фарҳанг

 ГАНҶИ "ГАНҶИНА".

ГУЛЧИН ДАР БОРАИ ЧИЛАХОН ХОЛОВ, КИ БА МАЪНИИ ТОМАШ ҲУНАРМАНДИ МАРДУМИСТ

Ӯ, Чилахон Холов, зуд шуҳрат ёфт. Ҳарчанд дар миёни овозхонҳо шуҳрат ёфтан, хосса зуд шуҳрат ёфтан, ҳаргиз осон нест. Шумораашон чун зиёд аст ва рақобатҳову сабқатҳояшон аз он бештар. Садҳо василаро медонанд ва аз онҳо истифода мебаранд, то дар майдони ҳунар ягона бошанду шуҳрату овозадору маҳбуби мардум. Мақсади ӯ аз ҳунарнамоӣ ба даст овардани шуҳрат набуд, балки ба дунболи он нарафт ва дар андешаи василае ҳам нашуд.
Ӯ шуҳратро наҷуст. Шуҳрат ӯро ҷусту пайдо кард. Ва баъд обрӯ бахшидашу маҳбуби мардум гардонидаш.
Бешак, ин ҳақиқатро агар аз ҳар ҳунарпешаи асил ва худи ӯ низ бипурсӣ, тасдиқ мекунад.
Мегӯянд, ки ҳарчи зуд ба даст биёяд, зуд аз даст меравад. Ин гуфта, албатта, дар мавриди Чилахон Холов нест. Замон онро собит сохт. Бо гузашти вақт шуҳрати ӯ меафзояд ва меҳру муҳаббаташ бештар дар дилҳо ҷой мегирад. Дастовардҳои рӯзафзунаш асрори нокушода нестанд. Андак тааммул кофист, ки ба дунёяш роҳ бибарӣ. Чун роҳ бибарӣ, ҳатман дармеёбӣ, ки истеъдодаш, ҳунараш, овозаш худододист. Дар баробари ин боз саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, ки ҳунару маҳораташро сайқал бидиҳад, донишу дидашро биафзояд ва бештару беҳтар ба мардум, ба миллат хидмат бикунад.
Овозаш ба ҳеҷ кас монанд нест. Бақувват асту ширадор. Лаппиши он низ дар ҷойи худ ва бамаврид мебошад. Кашишаш низ. Гувоҳӣ ва башорат аз ҷасорату мардонагии худ ва пешиниёни барӯманди миллатро медиҳад. Лаҳнаш табиӣ ва тоҷикист. Наметавонӣ, ки бишнавиву гӯш ба он фаро надиҳӣ. Агар ҳам қасдан пардаҳо ба гӯш бикашӣ, ки нашнавияш, мешунавияш. Ин хоси ҳунари асилу зебоӣ аст, ки ба ҳамаи вуҷудҳо, бе он ки онро нахоҳанд ва ё садҳои сунъӣ барояш эҷод бикунанд, роҳашро бибанданд, ворид мешавад. Ворид мешавад ва баъд таъсири неки худро мегузорад, таҳаввулот мекунад, вуҷудҳоро соф мегардонад. Оре, овоз ва ё худ садои хуш на ба ҷисм, балки ба рӯҳ иртиботи бештар дорад. Сарчашмаву маншаи он рӯҳ мебошад. Овозро бояд бишносем, садоро бояд бишносем. Охир танҳо овоз аст, садо аст, ки мемонад. Аз ҳама пештару дуртар овоз меравад, садо меравад.
Агар ӯ, Чилахон Холов, ҳеҷ чизе дигар ҳам намедошт, ҳамин давлаташ, дороияш, яъне овозу садояш кофӣ буд, ки барояш шуҳрат биёрад, маҳбуби мардумаш бигардонад. Устодони барҷастаи соҳа ин сарват, ин ганҷ, ин дороиро дар ӯ диданд, шинохтанд ва эътирофаш карданд. На танҳо эътироф, балки раҳнамоияш намуданд, маслиҳаташ доданд, то аз ин дороӣ хуб, дуруст, пурманфиат, саривақт истифода бибарад. Ба суханони онҳо гӯш дод, аз рӯи маслиҳаташон амал кард ва ба посу шукри ин омӯзишҳо, бар хидмати онҳо, ки аслан хидмат ба худ ва миллат буд, камар баст. Медонист, ки дар ин роҳ бе пир, бе раҳнамоии онҳо, ба манзил нахоҳад расид. Медонист, ки агар ҳам кас Сикандари замон бошад, бе пир дар амон нест ва ҳатман бе ӯ дармемонад. Ва болотар аз ин ҳама медонист:
Дар дарун як зарра нури орифӣ,
Беҳ бувад аз сад муарриф, эй сафӣ.
Медонист, ки ин гуна нурро ҳам дар андарун дорад ва некро аз бад мешиносад, рӯшаниро аз зулмат.
Фаҳми расо дошту дорад. Сараро аз носара ҷудо карда метавонад. Ва ҳам медонисту медонад, ки чи чизро дар куҷо, дар кадом маврид, чӣ гуна истифода бикунад.
Дар «Ганҷина» гурӯҳи ҳунарии машҳур, ки фаъолият дошт, аз вайронаҳо, харобаҳо, ганҷҳоро ҷуст. Ба ёрӣ мӯйсафедони донову ҳунармандро хост. Сурудҳои мардумиву қадима ва тарзи аслии иҷроиши онҳоро дар зеҳнаш, хотирааш сабт кард. Кӯшид, ки тарзи хониши онҳоро, ҳамон гуна, ки буд, нигоҳ бидорад, вайрон накунад. Кор бо ин ба анҷом намерасид. Пиронсолон бо ёдоварии овозхонҳои пешин сурудҳоро мӯйсафедона месароиданд. Баъзе аз матнҳои онҳо гоҳҳо аз ёдашон мерафт. Саъй мекарданд, аммо ба хотир оварда наметавонистанд. Барқарории овозҳои даврони ҷавонӣ ва асли матнҳо мушкили зиёд эҷод мекард, аммо ӯ мушкилнописанд буд. Пас аз ин ҳама дар андешаи барқарории саҳнаҳои иҷроиши сурудҳо мешуд. Ҳамаи заҳматҳо барабас мераванд, агар дар ин маврид чизе ноҷо бошад ва ё дар ҷойи худ набошад.
Иҷроиши як суруди «Мандоғ» аз ҳунарпеша, овозхон донишу маҳорату масъулияти зиёдро хостор аст. Дар ин амал фаҳму дарк ва гузоштани задаҳои мантиқиву равонӣ бисёр муҳим мебошад. Ҳолату дарду заҳмати даравгар, мушкилоти зиндагиву хонаводаи ӯ, ишқи шадидаш, андешаи муҳиту олами беканорашро бояд ба бинанда, шунаванда, чунон ки буд, бе каму кост, бас табиӣ бирасонӣ.
Хондани суруди мардумиро бо тамоми талаботаш набояд саҳл бигирем ва ё тасаввур бикунем. Аз хондани ҳамаи навъҳои дигари сурудҳо он ба маротиб душвор мебошад. Бисёриҳо худро дар он озмуданд, чун аз нахуст иҷрои ин корро саҳл гирифта буданд. Озмуданд ва дарёфтанд, ки аз уҳдаи он баромада наметавонанд. Ин майдони ҳунар беҳунаронро намепарварад; ё зуд меронад ва ё дер шармандаашон мекунад.
Аз он «Ганҷина»-и шуҳратдор, ки имрӯз нест, кӣ ҷуз номи чанд нафарро дар ёд дорад ва ҳунарнамоияшро писандидааст? Боз аз ин чанд нафар ҳам агар як ҳунарпешаи асилро интихоб кардан лозим бишавад, ҳатман он Чилахон Холов мебошад.
Ва ҳам ин як амри воқеист, зеро Чилахон барои «Ганҷина», эҳёи он хеле ва хеле талош кард. Ба воситаи рӯзнома бонги изтироб ҳам зад. Албатта, на барои худ, балки барои миллат, миллати мутамаддин. Эҳсос кард, дарк намуд, дарёфт, ки ҳанӯз ганҷҳои зиёд дорем, ки бояд онҳоро ба даст биёрему ҳифз бинамоем. Ӯ бо ҳисси дилсӯзӣ гуфт: «Дар замоне, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба мо низ таҳдид дорад, иҷрои ин кор бисёр муҳим аст».
Чилахон Холов на танҳо мусиқиро хуб эҳсос мекунаду суруди асилро мешиносад, балки ҳамчунон шеърро хуб мефаҳмад ва зарбу задаҳои онро ба ҷон мешунаваду дуруст дармеёбад. Ҳофизаи қавӣ дорад. Вақтшинос аст. Рисолати худ меҳисобад, ки завқҳои мардумро ба болотар бибарад, дар тарбияи ахлоқии насли наврас саҳми чашмрас бигирад. Ҳамеша дар пайи эҷод мебошад. Ба бахти ӯ ва бахти миллати фарҳангпарвару фарҳангдӯст неруяш, фаҳмаш, овозаш ҳамчунон қавӣ ва пойдор мебошад.
Ӯ гуфту мегӯяд: «Он кӣ ба об расида, бояд лабташнагонро бихонад, то ҳама серобу шодоб бошанд:
Мекунад сероб дар об изтироб,
То кашад лабташнагонро сӯи об.
Агар ҳам лабташнагон ин овозро намешунаванд, ин изтиробро намебинанд, серобе, ки дар об аст, ҳаргиз гуноҳе надорад, чун рисолаташро ба ҷо овардааст ва муҳаббаташро ба онҳо изҳор доштааст.»
Абдулқодири РАҲИМ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2020    №: 240    Мутолиа карданд: 643
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед