ҳуқуқ
ҶАВОНОН ВА ИФРОТГАРОӢ:
БЕТАРАФ НЕСТЕМ
Дасисаву амалҳои пасипардагӣ ва душманонаи давлату миллати тоҷик ҷомеаи кишварро дар ростои шинохти комил аз бархӯрдҳои манфиатҷӯёна ҳушёр кард. Мардум огоҳ шуданд, ки ин дасисаҳоро оқибат ҷанг ва хунрезист.
Мо - омӯзгорон масъулияти дучанд ҳис кунем ва ба хонандагон фаҳмонем, ки ифроту тундравӣ ва ҷангу ҷидолро ниҳоят чоҳ аст, чоҳи ғафлат. Махсусан, вақтҳои охир ҷангҳои гурӯҳии хонандагон моро дар ташвиш гузоштааст. Аз ин хотир, чанде пеш вохӯрии масъулони мақомоти қудратӣ бо хонандагон ва омӯзгорони МТМУ №78, ноҳияи Фирдавсии пойтахт доир гардид.
Дар ин вохӯрии муҳим таъкид шуд, ки солҳои охир шуури сиёсӣ – ҳуқуқӣ, маърифатӣ – динии мардум боло рафтаву аксарият дар шинохти авомфиребону фитнаангезон малака пайдо кардаанд.
Падару модарон аз фитнаҳову иғвоангезии ифротиён иттилоъ доранд. Барои ин, беҳтарин сабақ ба сафи ДИИШ шомил шудани ҷавонони гумроҳ буд. Мутаассифона, аз кишвари мо низ чанде аз ҷавонони ноогоҳ ба кишварҳои даргир рафта, аламу доғи азизонашонро даҳчанд карданд. Бартараф кардани оқибатҳои он дар мисоли таълиму тарбияи ятимони аз ДИИШ баргашта идома дорад.
Ҳаёт нишон дод, ки сулҳу субот дастоварди бузург ва таърихӣ мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи ин сарзамин ба мо муяссар гардид. Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар бар мегирад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ногуфта намонад, ки баъди он душвориҳое, ки дар давраи аввали давлатдорӣ пушти сар намудем феълан омилҳое низ пайдо гаштаанд, ки аксар ҷавонону наврасонро ба ифротгароӣ равона сохтааст. Хато будани роҳи ифрот ва ҷудоиандозӣ нисбат ба миллати худ касро ба вартаи нобудӣ мебарад. Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодири сулҳофарӣ донистаанд. Дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби задухӯрдҳои мусаллаҳона тела медиҳад. Тамоми донишмандону равшанфикрон ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд.
Бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон расем, ҳамчунин, дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ саҳми муносиб гузорем.
Зарафшон ДАВЛАТОВА,
омӯзгори МТМУ № 78, ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.12.2020 №: 240 Мутолиа карданд: 691