logo

порлумон

 МУБОРИЗА БО COVID-19. 600 МИЛЛИОН ЙЕН КУМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ ЯПОНИЯ

 
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ якчанд масъала, аз ҷумла «Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Япония барои мубориза бо COVID-19 дар доираи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» баррасӣ гардид.
Зимни баррасии масъалаи якум Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъкид кард, ки мубодилаи ёддоштҳои мазкур бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи тадбирҳо ҷиҳати мубориза бо COVID-19 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия шудааст. Маблағи умумии лоиҳа 600 миллион йени ҷопониро ташкил дода, он ҳамчун маблағи грантӣ ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки сар задани бемории COVID-19 бори дигар нишон дод, ки на ҳамаи сохторҳои тандурустии кишвар ба ҳолатҳои ғайричашмдошт омода мебошанд ва омили мазкур, аз ҷумла бо назардошти танқисӣ аз мутахассисони касбӣ дар минтақаҳои дурдаст, ҳолати ғайричашмдошти як қатор инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ, норасоии таҷҳизоти зарурӣ ва ташхисгоҳҳои замонавӣ, инчунин, нокифоя будани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии пурраи тиббӣ ба амал омадааст.
Қисми зиёди таҷҳизот ва ташхисгоҳҳо аз замони шӯравӣ то имрӯз мавриди истифода қарор доранд ва бо тағйир ёфтани стандартҳои ҷаҳонӣ, пайдо шудани усулҳои нави ташхис ва табобат, хизматрасонӣ ва ёрии тиббӣ тақозои татбиқи маҷмӯиро талаб менамояд. Бинобар ин, харидорӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти замонавӣ аз тарафи Ҳукумати Япония ниҳоят муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» гуфта шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин, татбиқи муқаррароти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва амалисозии Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии ин самт бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таҳия шудааст.
Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» калимаҳои «ё иҷозатномаи пешбурди фаъолияти адвокатӣ» ба калимаҳои «ва шаҳодатномаи адвокатӣ» иваз карда мешаванд, яъне ба адвокат ҷиҳати мулоқот намудан бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда дар асоси пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ иҷозат дода мешавад.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2020    №: 241    Мутолиа карданд: 8850
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед