маориф
ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ.
ЧАНД ПЕШНИҲОДИ МУФИД
Боиси хушҳолист, ки имсол дар партави амалигардонии пешниҳодҳои Паёми навбатӣ «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.
Барои самаранок гузаштани бистсола моро зарур аст, ки механизмҳои муассир ва дуруст ба роҳ мондани ин иқдомро дарёбем. Мехостам, дар мавриди механизми самаранок ба роҳ мондани ин барномаи муҳими давлатӣ ироа дошта бошам. Андешаи банда дар мавриди самаранок ба роҳ мондани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз ду қисмати асосӣ иборат мебошад: аввалан, таъсис ва бароҳмонии озмоишгоҳи миллии илмҳои табиӣ ва техникӣ; дувум таъсис ва бароҳмонии студияи омодасозии маводи таълимии электронӣ дар назди ин озмоишгоҳ.
Дар шароити имрӯза заминаи озмоишгоҳии аксари муассисаҳои таълимии кишвар барои омӯзиши илмҳои табиӣ ва техникӣ ҷавобгӯ намебошанд ва озмоишгоҳи миллӣ метавонад ҳамчун як замина ва маркази баргузории машғулиятҳои амалӣ ва ё худ таҷрибаомӯзии донишомӯзони ин риштаҳо гардад. Бунёди озмоишгоҳи муосири илмҳои табиӣ ва техникӣ аз мо кӯшиши дастаҷамъонаро талаб менамояд.
То ба имрӯз муассисаҳои зиёди таълимӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гаштаанд ва дар ин самт нақшаҳои зиёди бунёдкорӣ мунтазири амалишавианд. Таъмини шумораи афзояндаи хонандагон бо синфхонаҳои нав ва ҷои нишаст яке аз масъалаҳои муҳими соҳа гаштааст, ки албатта ҳалли он молиёти зиёдеро талаб мекунад. Албатта дар чунин ҳолат таъсиси озмоишгоҳҳои илмҳои табиӣ ва техникӣ дар назди ҳар муассисаи таълимии кишвар ғайриимкон мегардад.
Дар сурати таъмини кулли муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази илмҳои табиӣ ва техникӣ шояд мушкилоти истифодабарӣ аз онҳо ба миён ояд. Имрӯзҳо аксари омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар, ки бо таълими фанҳои табиию техникӣ ва дақиқ машғуланд, мактабҳои олии кишварро дар муҳити беозмоишгоҳӣ хатм намудаанд ва ба такмили ихтисос дар муҳити озмоишгоҳҳои муосир ниёз доранд.
Озмоишгоҳи миллӣ метавонад ҳамчун парки технологие барои пайванди илм ва истеҳсолот хизмат намояд. Он метавонад заминаи пайванди муассисаҳои таълимии кишвар бо соҳаи иқтисод гардад. Таъсиси озмоишгоҳи миллии табиию техникӣ метавонад як майдони муҳими ироаи идеяҳои нав ва замина барои тавлиди бизнес - идеяҳо (стартап) бошад. Ҳамчунин, ба ниҳоди тавлиди идеяҳои нав ва эҷодкорӣ табдил ёбад.
Дар марҳилаи дувум, таъсиси студияи омодасозии маводи таълимӣ ва замимаҳои электронии таълимиро зарур мешуморем. Аз имкониятҳои фановарии муосир истифода намуда, дар заминаи корҳои амалии озмоишгоҳӣ мо метавонем маводи видеоии таълимиро барои муассисаҳои таълимии миёна ва олии кишвар омода сохта, тақсим кунем. Бо ин роҳ натиҷаҳои фаъолияти озмоишгоҳи миллиро фарогир хоҳем кард. Инчунин, тавассути студияи машғулиятҳои амалии мутахассисони варзидаи кишварро ба аудиторияи васеътар бояд расонем.
Хусусан, васеъ паҳн гаштани истифодабарии онҳо, зуҳури телевизорҳои ҳушманд ва плазмавӣ бо стандарти баланди намоиш, технологияи пешрафтаи сабти садо ва симо ба мо имкон медиҳанд, ки маводи мухталифи озмоишгоҳӣ ва таълимиро дар муҳити студия дар шакли СD ва DVD дискҳо омода ва пешкаши муҳассилон гардонем. Самаранокии усул аз он бармеояд, ки як дарс ё як кори амалии олим барабас намеравад ва барои истифодаи ояндагон сабт мешавад.
Шарофиддин СОЛИЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии, ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2020 №: 242-243 Мутолиа карданд: 1826