ҳуқуқ
ОДАМКУШӢ.
МИЛИТСИЯ ҚОТИЛОНИ БЕРАҲМРО БОЗДОШТ КАРД
Як сокини ноҳияи Файзобод, ки аз ӯ марди 32 - сола ном бурда мешавад, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкӯшӣ боздошт гардид.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД, шахси гумонбар ҳамсари 24 – солаашро дар ноҳияи Файзобод бераҳмона кушта, ҷасадашро зери хок кардааст. Ин ҳодисаи нанговар 11 декабр дар пайи моҷарои оилавӣ ба амал омада, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷасади занро 13 декабр дар чуқурии назди идораи шабакаҳои барқи ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карданд.
Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, гумонбар қаблан низ бо ҷурми дуздӣ (моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ) суд шуда, ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.
***
Ҳамчунин, кормандони милитсия ба дасти ҷавони 23 – сола, сокини деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, завлона заданд, ки ӯ низ дар содир намудани ҷинояти одамкӯшӣ гумонбар дониста мешавад.
Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти гумонбар хабар дода, навиштааст: «Дастгиршуда 9 декабри соли 2020, тахминан соати 22:00, аз ҳиссиёти рашки зиёд ба ҳамсараш, марди 33 - солаи ҳамдеҳаашро ба воситаи телефон барои гуфтугӯ ба канори роҳи мошингарди деҳоти Оббурдон даъват намуда, бо мақсади аз ҳаёт марҳум сохтанаш бо табар чанд маротиба ба сари ҷабрдида задааст. Дар натиҷа, бар асари зарбаҳои табар ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст».
Баъдан, гумонбаршаванда барои рӯйпуш намудани ҷиноят ҷасади марҳумро ба чоҳи об партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, ки ҳоло нисбат ба ӯ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2020 №: 242-243 Мутолиа карданд: 865